ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

09 август 2023, Чоршанбе
38
0
БУНЁДИ 489 КОРХОНАВУ КОРГОҲ БО 2400 ҶОЙИ КОР
Давоми шаш моҳи аввали соли равон истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҷумҳурӣ ба 20,7 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,8 миллиард сомонӣ бештар аст. Ин рақам зимни нишасти матбуотии Вазорати саноат ва технологияҳои нав манзури рӯзноманигорон гашт. 
Ҳиссаи соҳаҳо дар маҷмуи маҳсулоти саноатӣ, 31 дарсад ба саноати маъдан, 22,1 дарсад ба саноати хӯрокворӣ, 21,9 дарсад ба электроэнергетика, 8,4 дарсад ба саноати мошинсозӣ, 5,3 дарсад ба саноати сабук ва дигар соҳаҳо марбут аст. 
Дар давраи мавриди назар ҷиҳати таъсиси истеҳсолоти нав, воридоти таҷҳизоти технологӣ ва васеъгардонии фондҳои истеҳсолӣ 3 миллиарду 190,7 миллион сомонӣ маблағҳои дохилии корхонаҳо ва сармоягузорони хориҷӣ равона гардидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 833,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир гуфт, ки дар ин давра дар ҷумҳурӣ 489 корхонаю коргоҳи нави саноатӣ, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе 141, вилояти Хатлон 83, Суғд 162, ВМКБ 6 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 97 адад мавриди истифода қарор гирифта, дар онҳо 2400 нафар соҳиби ҷойи кор шуд. Аз ҳисоби корхонаҳои нав ба маблағи 115,5 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид.  
– Бо мақсади иҷрои супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати то оғози соли хониши 2023–2024 таъмини хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо либоси мактабии истеҳсоли ватанӣ тадбирҳои зиёд роҳандозӣ гардида, истеҳсоли либоси мактабӣ 1 миллиону 79 ҳазор донаро ташкил дод, – гуфт Шералӣ Кабир.
 
Кароматулло АТО
 
 
 
АВВАЛИН МАРОТИБА ХОКАҲОИ НАНОКРИСТАЛЛӢ ВА НАНОПЛЁНКАҲО СИНТЕЗ ШУДАНД
Олимони соҳаи физика аввалин маротиба хокаҳои нанокристаллӣ ва наноплёнкаҳоро дар асоси сезий ва қалъагӣ барои лавҳаҳои офтобии насли нав синтез карданд.  
Дар ин бора Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи миллии илмҳо, дар нишасти хабарӣ, иттилоъ дод.
Инчунин, олимон таҳқиқотро аз рӯйи 113 мавзуъ, аз ҷумла 68 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии бунёдӣ, 17 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии амалӣ ва 28 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии бунёдию амалӣ идома дода, натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд.
Аз ҷониби кормандони муассисаҳои илмӣ беш аз 1800 кори илмӣ ба чоп расид, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 455 адад зиёд буда, 130 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои кишварҳои ИДМ ва давлатҳои хориҷи дур нашр шуданд. 
Ҳамзамон, Фарҳод Раҳимӣ, тамоили хокборишҳои пайиҳамро аносири табиӣ ва тағйирёбии иқлим унвон карда, гуфт, ки пешгирӣ аз он тавассути илми муосир ғайриимкон аст, аммо барои кам кардани таъсири манфии хокбориш ба аҳолӣ таҷҳизоте ҷиҳати омӯзиш харидем, ки 400 ҳазор евро арзиш дорад. 
Гуфта шуд, ки АМИТ дар баробари анҷом додани корҳои илмию тадқиқотӣ як лоиҳаи бузургеро бо номи «Мероси фарҳанги Хуросон» шуруъ кардааст, ки дар он тамоми дастовардҳои тоҷикон ҷамъ оварда мешаванд, то таҳрифгарони таърихи мо онро аз худ накунанд.
 
Лола РИЗОӢ
 
 
 
235 ПАРВАНДА ДАР МУРОФИАҲОИ САЙЁРИ СУДӢ БАРРАСӢ ШУД
Дар шаш моҳ, дар судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ 1592 парванда баррасӣ гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 211 адад кам мебошад. Дар ин бора Рустам Мирзозода, раиси Суди Олии иқтисодӣ, зимни нишасти матбуотӣ, хабар дод. 
Ҳамчунин, зимни муроҷиат бо аризаҳои даъво ба судҳои иқтисодӣ 1 153 617,09 сомонӣ боҷи давлатӣ пардохт шудааст.
Баҳри иҷрои Барномаи давлатӣ оид ба таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 аз ҷониби судҳои иқтисодӣ 235 парванда дар мурофиаҳои сайёри судӣ муҳокима гардида, дар ҳамаи 235 ҳолат вайронкунии қонун ошкор гашт. Судҳои иқтисодӣ барои бартарафсозии сабабу шароитҳое, ки барои вайронкунии қонун асос гардиданд, таъиноти хусусӣ қабул ва барои тадбирҷӯӣ ба мақомоти дахлдор ирсол карданд.
 
Меҳрона ЗУВАЙДОВА
 
 
ЗАМИН. ВАЙРОНКУНИИ ҚОНУНГУЗОРӢ АЗ МАСЪАЛАҲОИ ДОҒ БОҚӢ МОНД
Тайи шаш моҳи аввали соли равон аз тарафи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ва сохторҳои он дар маҳалҳо 7803 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардид. Бо зикри ин матлаб, зимни нишасти матбуотӣ Ориф Хоҷазода, раиси Кумита, шарҳ дод, ки барои бартараф кардани ҳолатҳои ошкоргардида 7 ҳазор дастур дода шуд. 
Илова бар ин, нисбат ба 6548 ҳолат парвандаи маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи беш аз 3 миллиону 678 ҳазор сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул гаштанд. Барои додани баҳои ҳуқуқӣ 622 мавод ба прокуратура, 278 мавод барои ба таври маҷбурӣ ситондани маблағи ҷаримаҳо ба Хадамоти иҷро ирсол ва 5213 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал рафъ шуд. 
Дар ин муддат, зимни гузарондани корҳои назоратӣ ду қарори ғайриқонунӣ қабулнамудаи раиси ноҳияи Ёвон оид ба замин ошкор гардид. Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби комиссияи иҷозатномадиҳии Кумита барои амалӣ кардани фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ се иҷозатнома дода шудааст. 
Ориф Хоҷазода таъкид кард, ки санҷишҳои муштарак нишон доданд, ки то имрӯз 282 ҳолати истифодаи ғайримақсадноки заминҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар майдони 41 гектар сабт гардид. Фаъолият дар ин самт якҷо бо намояндагони мақомоти прокуратура, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва мақомоти меъмории шаҳрсозӣ идома дорад. 
 
Кароматулло АТО
 
 
 
ТАЪСИСИ ОЗМОИШГОҲҲОИ ТАЪЛИМӢ ДАР ДДМИТ
Бо мақсади омода кардани кадрҳои рақобатпазир дар Донишгоҳ кафедраҳои базавии вазорату идораҳои дахлдор таъсис дода шуданд. Дар ин хусус Ҳакимбек Абдуалимзода, ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод. 
Ба гуфтаи номбурда, аввалин маротиба дар заминаи озмоишгоҳҳои навтаъсиси таълимӣ, аз ҷумла озмоишгоҳи таълимии гумрукӣ, иқтисоди рақамӣ, барномаи С – 1 , андоз ва андозбандӣ ва маркази бонки таълимӣ таҷрибаомӯзии донишҷӯён баргузор шуд.
– Дигар дастоварди муҳими Донишгоҳ дар давраи ҳисоботӣ баргузор гаштани 4 Озмуни ҷумҳуриявӣ «Беҳтарин донандаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Беҳтарин донандаи Кодекси андоз», «Беҳтарин барномасоз», «Беҳтарин донандаи Кодекси гумрук» буд, – иброз дошт ректор. 
 
Лола РИЗОӢ 
 
 
 
4 ҲОЛАТИ ГИРИФТАНИ НАФАҚАИ ФАВТИДАГОН ОШКОР ГАРДИД
Давоми нимсолаи аввали соли равон аз тарафи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 4 ҳолати гирифтани нафақаи фавтидагон аз тарафи наздикони онҳо ошкор гардид. Ҳолатҳои мазкур бинобар сабаби нофаҳмии наздикон ба миён омада, ҳангоми гузарондани санҷиш нафақаи онҳо бозпас гардонда шуд. 
Дар ин бора Дилмурод Давлатзода, директори Агентӣ, зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод. Ӯ гуфт, ки то аввали моҳи июли соли равон шумораи нафақагирон дар ҷумҳурӣ ба 768 976 кас расид, ки нисбат ба соли гузашта 7664 нафар беш аст. Талаботи моҳонаи нафақа низ, дар қиёс ба ҳамин давраи соли сипаришуда 7,9 миллион сомонӣ афзуда, 261,2 миллион сомониро ташкил дод. Ҳоло дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби пардохти нафақа қарздорӣ вуҷуд надорад.
Аз шумораи нафақагирон 159 443 нафарро маъюбон ташкил медиҳанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 236 кас кам аст. Барои нафақаи нафақагирони маъюб дар як моҳ 51,7 миллион сомонӣ пардохт мешавад, ки ҳисоби миёнаи нафақаи онҳо ба 324,30 сомонӣ баробар мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоӣ, ки як миллиарду 928,2 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шуда буд ва як миллиарду 914,3 миллион сомонӣ ворид гашт, ки 99,3 дарсади нақша мебошад. Қисми хароҷоти буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа як миллиарду 661,8 миллион сомониро ташкил дода, пурра иҷро гардид.
 
Кароматулло АТО
 
 
 
ХАТМКАРДАГОНИ ДТҶТ БО КОР ТАЪМИН ШУДАНД
Соли равон беш аз 700 донишҷӯ, ки тариқи буҷетӣ Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистонро хатм намуд, тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кор таъмин гардид. Ин нукта дар нишасти матбуотии ДТҶТ зикр гашт.
Ректор Шодӣ Сафаров иттилоъ дод, ки, аз ҷумлаи 25 духтари Донишкадаро хатм карда, 15 нафараш  дар ҳамин маъвои дониш ба кор қабул шуд. 
“Ба таври имтиёз духтаронро бе имтиҳон ба Донишкада қабул мекунем. Имсол 15 нафар омад. Ҳамчунин, писароне, ки дорои дараҷаи варзишӣ ҳастанд, мисли номзад ба устоди варзиш, устоди варзиш бе имтиҳон донишҷӯ мешаванд. Дар давоми таҳсил бошад, донишҷӯёне, ки дар мусобиқаҳо натиҷаи аъло нишон медиҳанд, аз пардохти маблағи шартнома озод мегарданд”, – иброз намуд ректор.
Ш. Сафаров бо қаноатмандӣ зикр кард, ки беш аз 50 донишҷӯ ва хатмкардагони Донишкада узви дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон оид ба намудҳои гуногуни варзиш ҳастанд.
 
Умаралӣ САФАРАЛӢ   
 
 
 
 
ФАЙЗОБОД
Нақшаи андоз ва пардохтҳои ҳатмӣ барзиёд иҷро шуд
Тавре дар  нишасти матбуотӣ Бобишо Холзода раиси ноҳияи Файзобод гуфт ки дар шаш моҳи аввали соли 2023 иҷрои нақшаи андоз ва пардохтҳои ҳатмӣ барзиёд иҷро гардид, ба буҷет ба ҷои 40 миллиону 139 ҳазор сомонӣ 42 миллиону 351,3 ҳазор сомонӣ ворид гашт, ки 105 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Дар қисми хароҷот он ба андозаи 38 миллиону 889,7 ҳазор сомонӣ иҷро шуд, ки ба 92 фоизи нақша баробар буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 миллиону 743,1 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Ҳамзамон, раис тазаккур дод, ки ба муносибати Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 50 иншооти самташон гуногун  мавриди истифода қарор гирифт.
 
З. РАҶАБ
 
 
 
541 МЕДАЛИ ВАРЗИШГАРОНИ КӮЛОБ ДАР ШАШ МОҲ
Дар нимаи аввали соли равон варзишгарони минтақаи Кӯлоб дар 144 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва 25 зӯрозмоии сатҳи байналмилалӣ ширкат намуда, 541 медал, аз ҷумла 133 тилло, 175 нуқра ва 227 биринҷӣ ба даст оварданд.
Мутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши минтақаи Кӯлоб Мадина Расулова зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки бахш дар ин давра аз рӯи 11 намуди варзиш мусобиқа гузаронд, ки дар онҳо 3 ҳазору 740 варзишгар неру санҷид.
Дар шаҳру навоҳии минтақа 1507 иншооти варзишӣ буда, дар онҳо 9 ҳазор варзишгар ба тамрин фаро гирифта шудааст.
– Айни замон шумораи гирандагони стипендияи Президенти ҷумҳурӣ 461 нафар, стипендияи раиси вилоят 20 ва раисони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб 370 нафарро ташкил медиҳад, – гуфт М. Расулова. 
 
Суннати СОДИҚ
 
Санаи нашр: 08.08.2023 №: 159
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив