ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » HUNGARY MASTERS 2023 

HUNGARY MASTERS 2023 

09 август 2023, Чоршанбе
13
0
Беҳрӯз ва Темур – барандаи медалҳои нуқра
Паҳлавонони тоҷик Беҳрӯз Хоҷазода (-73 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг) дар мусобиқаи “Ситораҳои ҷудо” (Hungary Masters 2023, 4-6 август, Будапешт) мақомҳои дуюмро касб карданд. 
Тибқи иттилои Федератсияи ҷудои кишвар, Беҳрӯз то роҳ ёфтан ба финал бар Мануэл Ломбрадо (Италия), Нилс Стамп (Швейтсария), Даниэл Жегедӣ (Маҷористон), ва Георгий Терашвилӣ (Гурҷистон) зафар ёфт. Вале дар вохӯрии ҳалкунанда бо се “шидо” аз гӯштигири ҷопонӣ Соичи Ҳашимото шикаст хӯрд. 
Ҷудочии сангинвазни тоҷик дар зӯрозмоии ниҳоӣ аз Мартти Пуумалайнен (Финландия) дучори бохт шуд. Темур то ин марҳила Ҷелле Сниппе (Нидерланд), Ҷегу Юн (Корея) ва Кокоро Кагеура (Ҷопон)-ро мағлуб намуд. 
Тоҷикистон бо ду нишони нуқра миёни 59 давлат ҷойи 11-умро гирифт. 
 
 
 
СУПЕРЛИГАИ ТОҶИКИСТОН-2023
“Истиқлол” ба садри ҷадвал баромад
Баъд аз танаффуси якмоҳа марҳилаи дуюми Суперлигаи Тоҷикистон- 2023 оид ба футзал шуруъ гашт. 
Дастаи навкори Суперлига – «Амонатбонк» дар бозии марказии даври шашум қаҳрамони феълии кишвар – «Соро компания»-ро бо ҳисоби 6:3 шикаст дод. 
Дар вохӯрии дигар «Истиқлол» ба дарвозаи «Истаравшан» ҳафт тӯби беҷавоб зад. Бошгоҳи «Пойтахт» бар «Самандар» (4:2) ғолиб омад. 
Ҳамин тавр, пас аз даври 6-ум “Истиқлол” бо 16 хол ба садри ҷадвал баромад. Дастаҳои «Соро компания» (13 хол) ва «Амонатбонк» (9 хол) дар мақомҳои дуюму сеюманд. «Истаравшан» (7 хол), «Пойтахт» (4 хол) ва «Самандар» (3 хол) дар зинаҳои баъдӣ қарор доранд.
 
 
 
II БОЗИҲОИ ИДМ
То имрӯз варзишгарони мо се нишон гирифтанд
Варзишгарони кишвар дар II Бозиҳои ИДМ, ки дар Беларус ҷараён дорад, 3 медал (нуқра ва 2 биринҷӣ) ба даст оварданд. 
Нишони нуқраро дар риштаи ҷудо Лоиқ Қутбиддинов (-55 кг) гирифт. 
Мадина Қурбонзода (ҷудо, -48 кг) ва Асламҷон Азизов (гӯштии юнонӣ-римӣ, -60кг) ҷойҳои сеюмро ишғол карданд.
 
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
Санаи нашр: 08.08.2023 №: 159
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив