ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

09 август 2023, Чоршанбе
35
0
СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТӢ
Озмуни довталабон идома дорад
Аз 1 август байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей, гимназия ва коллеҷҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд озмуни довталабони Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, то 12 август идома меёбад.
Таъсис ёфтани Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаи олии таваҷҷуҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба насли ояндасози мамлакат буда, барои ҳавасмандии ҷавонону наврасон ҷиҳати ба таҳсили муносиб фаро гирифтан ва ташаккули маҳорату малакаи онҳо мусоидат менамояд.
 
 
 
ФЕСТИВАЛИ I  БАЙНАЛМИЛАЛИИ  САНЪАТИ СИРК
Аз медали биринҷӣ то роҳхат ба “Мамонт-2024”
Дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон Фестивали I байналмилалии санъати  сирк —  «ALMATY CIRCUS FESTIVAL» доир шуд. Дар он ҳунармандони боистеъдод  Ануша Ҳусейнзода, Шаҳноза Ҷабборова, Шаҳриёр Иззатуллоев ва Қурбоналӣ Ҳалимов бо роҳбарии Илёсхон Алмосов дар жанри эквлибристика сирки тоҷикро муаррифӣ карда, сазовори ҷои 3-юм ва медали биринҷии ин фестивал гардиданд.
Ҳунармандони  тоҷик, инчунин, ба дарёфти ҷоизаи махсуси  директори сирки Якутия ва даъватномаи фахрии Фестивали байналмилалии сиркии «Мамонт-2024» мушарраф гардиданд, ки соли оянда дар Ҷумҳурии Ёқутистони Федератсияи Россия баргузор мешавад.
 
 
 
СТИПЕНДИЯҲОИ  ҲУКУМАТИ ЧИН
103 довталаб аз Тоҷикистон соҳиби роҳхат шуд
Дар Душанбе маросими ботантанаи супурдани роҳхат барои таҳсил ба донишгоҳҳои Чин дар доираи лоиҳаи «Стипендияҳои Ҳукумати Чин 2023» баргузор гардид.
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷи Шумин зикр кард, ки таъсиси стипендияи Ҳукумати Чин барои ҷавонони тоҷик барои омӯзиши забони чинӣ ва таҳсил дар кишвари мо анъана шудааст. Дар соли ҷорӣ 103 духтару писар аз Тоҷикистон соҳиби стипендия шуд. 53 нафари онҳо роҳхатҳои худро дар Душанбе ба даст гирифтанд.
 
Латифабону РУСТАМЗОДА, "Ҷумҳурият"
Санаи нашр: 08.08.2023 №: 159
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив