ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » “ОБИ ДАРИ ХОНА ҚАДР НАДОРАД” Ё ЧАРО ЛИБОСИ МАКТАБИИ ИСТЕҲСОЛИ ВАТАНИРО ХУШ НАДОРЕМ?

“ОБИ ДАРИ ХОНА ҚАДР НАДОРАД” Ё ЧАРО ЛИБОСИ МАКТАБИИ ИСТЕҲСОЛИ ВАТАНИРО ХУШ НАДОРЕМ?

09 август 2023, Чоршанбе
60
0
 
Таъмини хонандагон бо сарулибоси ягонаи мактабии истеҳсоли ватанӣ яке аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб меравад. Ин аст, ки оид ба сифат ва тарҳу тарзи дӯхти онҳо  дар байни ҷомеа  андешаҳои гуногун ҷой доранд.
Либоси мактабӣ дар тарбия ва инкишофи ахлоқӣ ва маънавии хонандагон нақши муҳим мебозад. Бо омадани соли нави таҳсил талаботи хонандагон ба либоси ягонаи мактабӣ бештар мегардад. Аммо, мутаассифона, шаҳрвандон ба либосҳои мактабии истеҳсоли худӣ таваҷҷуҳ ва эътимоди  кам доранд. Сабаб дар чист?
Чанд соли охир аст, ки бо дастури мақомоти дахлдор, волидайн бояд либосҳои мактабиро аз корхонаҳои истеҳсоли ватанӣ бихаранд. Бархе аз сокинони шаҳри Душанбе бо норозигӣ изҳор доштанд, ки аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ либос мехарем, вале онҳо сифати хуб ва нархи дастрас надоранд.
– Ба мо аз муассиса гуфтанд, ки аз коргоҳҳои дӯзандагии истеҳсоли ватанӣ либос бихарем ва расиди онро ҳатман ба мактаб биёрем. Чӣ хеле ки мушоҳида мешавад, дар коргоҳҳои дӯзандагии худӣ нархи либосҳои мактабӣ гаронанд. Барои духтарам бояд домани мактабии кӯдакона (юбка) бихарам, ки он дар ҶДММ Иттиҳодияи истеҳсолии “Нассоҷии тоҷик” 80 сомонӣ арзиш дорад, – гуфт Комрон Тураев, сокини ноҳияи Фирдавсӣ.
Рӯзигули Умедҷон модари чор фарзанд буда, ҳамасола дар мавсими омодагӣ ба таҳсил барои фарзандон сарулибоси мактабӣ мехарад.  Ба гуфтаи ӯ,  либосҳои мактабии истеҳсоли коргоҳҳои дӯзандагии  ватанӣ   чандон  сифати хуб надоранд, инчунин, дар дарёфт кардани андозаи онҳо низ, ба мушкилӣ дучор меояд. 
– Соли рафта барои писарам аз коргоҳи дӯзандагӣ либоси мактабӣ харидам. Бо ҳолати номувофиқ омадани андозаи шиму костюм ба мушкилӣ дучор гашта, тасмим гирифтам, минбаъд либосро худам дӯзам, – гуфт Рӯзигули Умедҷон.
Нигина Раҳмонова, сокини шаҳри Душанбе, дар навбати худ, бо изҳори қаноатмандӣ гуфт, ки се ҷуфт либоси мактабиро бо арзиши 400 сомонӣ харидааст. Сифати либос хуб буда, нархи дастрас ҳам дорад. Ӯ, инчунин, мегӯяд, ки дар баробари нархи дастрас доштани маҳсулот, дар тарҳи он низ, бояд диққат дода шавад, зеро ҳангоми хариди куртаи сафед мушоҳида намудам, ки онҳо дизайни зебо надоштанд. 
Шифо Собиров, сардори шуъбаи кадрҳои ҶДММ Иттиҳодияи истеҳсолии “Нассоҷии тоҷик” чунин иброз дошт: "Корхонаи дӯзандагии мо бо маорифи шаҳри Душанбе шартнома дошта, чор ноҳияи пойтахт, инчунин, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Варзоб, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Ёвонро бо либоси ягонаи мактабӣ таъмин менамояд. Ҳамасола бо фаро расидани соли нави таҳсил либосҳои мактабӣ  истеҳсол шуда, ба мизоҷон пешкаш мегарданд. Дар коргоҳи дӯзандагӣ, асосан, ду навъи либоси мактабӣ аз пахтаи тоза истеҳсол мешавад, нисбат  ба либосҳое, ки аз матои сунъӣ омода мегарданд, қиматтаранд ва нархи маҳсулот низ, ба ҳамин вобастагӣ дорад".
Акмал Шарипов, муовини сардори раёсати саноати сабук ва пиллаи  Вазорати саноат ва технологияҳои нав, мегӯяд, ки имсол фурӯши либосҳои мактабӣ аз захирае, ки аз соли қабл боқӣ монда буд, ба роҳ монда шудааст.
Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нав, корхонаҳои саноатӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи 46253,0 сомонӣ ё 1078926 адад либоси мактабӣ истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22,7 дарсад ё 317706-то, аз рӯи арзиш 20,8 дарсад, ё 7,1 миллион сомонӣ кам аст. Ҳамин тариқ, дар давраи ҳисоботӣ сатҳи таъмини хонандагон бо либоси мактабии истеҳсоли ватанӣ, дар маҷмуъ, ба 10,9 дарсад, писарон 10,1 дарсад ва духтарон 11,7 дарсад баробар шудааст. Истеҳсоли либосҳои мактабӣ дар нимсолаи аввал дар вилоятҳои Суғд 36,3 дарсад, Хатлон 44,7, Душанбе 9,9, НТҶ 8,7, ВМКБ 0,2 дарсадро ташкил медиҳад.
Чӣ хеле ки аз суҳбат бо шаҳрвандон аён гашт, яке аз сабабҳои камтаваҷҷуҳӣ ба сарулибоси мактабии истеҳсоли худӣ  дар дӯхт ва тарҳи хуб надоштани онҳо мебошад. Либосҳое, ки аз хориҷи кишвар ворид мегарданд, агар чандон сифати хуб надошта бошанд ҳам, вале нисбатан дӯхт ва тарҳи зеботар доранд, ки таваҷҷуҳи зебоипарастонро ба худ ҷалб менамоянд. Мутахассисони соҳа бояд ба ин тарафи масъала низ эътибор диҳанд, зеро дар баробари сифати хуб доштан, инчунин, намуди зоҳирии либос аҳамияти аввалиндараҷа дорад. 
Албатта, интихоб дар дасти мизоҷон аст, вале ин маънои онро надорад, ки аз интихоби либосҳои истеҳсоли ватанӣ худдорӣ кунем. Дар урфият мегӯянд: “Оби дари хона  қадр надорад”, вале набояд аз рӯйи ин гуфта амал кард, зеро саноатчиёни мамлакат пайваста мекӯшанд, то либоси хубу босифат истеҳсол намоянд.
Барои сари вақт бартараф  сохтани камбудиҳои ҷойдошта аз масъулони соҳа – Вазорати саноат ва технологияҳои нав андешидани тадбирҳои мушаххас  тақозо мешавад, то волидайн дар мавриди харидани сарулибоси мактабӣ  дар мавсими омодагӣ ба таҳсил ба ягон  мушкил рӯ ба рӯ нашаванд. 
 
Руҳафзо МУРОДОВА,  “Ҷумҳурият”
 
Санаи нашр: 08.08.2023 №: 159
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив