ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МОДАР, ВАТАН, ЗАМИН. МОДАР БО ЯК ДАСТ ГАҲВОРА, БО ДАСТИ ДИГАР ЗАМИНРО МЕҶУНБОНАД

МОДАР, ВАТАН, ЗАМИН. МОДАР БО ЯК ДАСТ ГАҲВОРА, БО ДАСТИ ДИГАР ЗАМИНРО МЕҶУНБОНАД

09 август 2023, Чоршанбе
2 177
0
 
Нахустин Ватани мо – инсонҳо батни модар аст. Дар ин Ватани кӯчак нуҳ моҳро сипарӣ мекунем. Баъдан, гаҳвора моро ба оғӯш мегирад. Дар ин бобат шеъри Лоиқ Шералӣ ба ёд меояд:
Ватан сар мешавад аз гаҳвора,
Зи шири поки аз пистони модар,
Ватан сар мешавад аз он тавора,
Ки онро сохтааст дастони модар.
 
Дар гаҳвораем, ки модар моро бо шеъру рубоиву ғазалу қиссаву афсона тарбия мекунад:
Тифли гирёнам калон шав,
Дар ҷаҳон аз ман нишон шав,
Достон шав, достон шав.
Қиссаҳо аз паҳлавонӣ, одаму одамгарӣ, хайру саховатпешагӣ, дилсӯзиву дилбардорӣ... Бо ин қиссаву афсонаҳо ва панду андарзҳо, ки барои ҷомеа як фарди даркорӣ бошем, калон шудан мегирем.
Бо як ҷаҳон орзуву умед модар моро ба мактаб мефиристад. Хусусан, дар шароити Тоҷикистон, ки дар аксари оилаҳо мардони хона дар муҳоҷирати меҳнатианд.
Модар бо мо дарс тайёр мекунад. Равиши зиндагӣ меомӯзад, то хор нагардем. Дар маҷлисҳои падару модарони мактаб ҳам, модарон иштирок доранд. Аз муаллима ҳолу аҳволи фарзандро мепурсанд ва дар асоси он тарбияро идома медиҳанд.
Модарон маслиҳатчии асосии падарон ҳам ҳастанд. 
Ёдам меояд, ки маҳз модарам сабаб шуду мо 4 нафар бародару хоҳар аз 6 нафар ба донишгоҳ дохил шуда, маълумоти олӣ гирифтем. Солҳои вазнин буду зиндагӣ мушкил. Падарам барои таъмини зиндагӣ дар баробари омӯзгорӣ ба Россия мардикорӣ мерафт. Ин ҳолат дар бисёр оилаҳо мушоҳида мешавад.
Замони донишҷӯӣ модари яке аз ҳамкурсонам ҳар доим ба факултет меомад ва аз ҳолу аҳволи писараш огоҳ мешуд. Баъзе модарон барои фарзандон худгузаштагиҳои зиёд мекунанд, ки сано бар онҳо.
Ҳамин аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳо оид ба таълиму тарбияи фарзандон, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, асосан, ба бонувон муроҷиат мекунанд...
Пас аз хатми мактаб, модар бо дили бузургаш ба фарзанд дуо медиҳаду ба зиндагии мустақил гусел мекунад: “Ба қуллаҳои баланд расӣ, бачам”. Фарзандро ба Ватан месупорад.
Ҳамин тариқ, Ватани мо аз деҳаи кӯчак ба сатҳи ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ васеъ мешавад. Акнун Ватан моро ба оғӯш мегирад. 
Таҳсилро дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ давом медиҳем ё ба ҳимояи Ватан меравем. Онро бояд бо ҷон муҳофизат кард. Муҳофизати Ватан, муҳофизати модар ва оила аст. Бо навбат: имрӯз ман оилаи туро муҳофизат мекунам, фардо ту оилаи маро.
Пас аз хатми донишгоҳ ва адои хизмати ҳарбӣ ба кор машғул мешавем дар муассисаҳои гуногун. Талош мекунем, ки дар рушди кишвар саҳм гузорем ва ба қадри тавонамон саҳм мегузорем.
Вобаста ба мавқеъ масъалагузориҳоямон фаротар аз Ватан мешавад – ба осудагии сайёра, ки мо дар он зиндагӣ мекунем, меандешем. Мисли Президенти мамлакат, Пешвои миллат. Ҷаноби Олӣ бо вуҷуди проблемаҳои зиёди дохили кишвар солҳо пеш дар ғами яке аз проблемаҳои глобалӣ – норасоии об дар ҷаҳон шуданд ва то имрӯз чор пешниҳоди Тоҷикистон доир ба ин масъала аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфт. Президенти кишвар ҷаласаҳои Созмони Милали Муттаҳидро оид ба масъалаҳои об роҳбарӣ мекунанд ва мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ оид ба ин масъала аз Пешвои миллат маслиҳат мепурсанд...
Сарвари давлат борҳо гуфтаанд, ки ба ҳар ҷову мақоме расидаанд, бо дуои модар буд. Ҳамин тавр, ҳазорон нафар ҳастанд, ки дар Ватан рушд карда, фарзанди Замин шуданд. Ба осудагии сайёра меандешанд ва амал мекунанд.  
Меҳринисо мегӯяд:
 
Ман меравам сафар, модар, дуо бидеҳ,
Раҳтӯша ҳамсафар, модар, дуо бидеҳ.
Ҷонам фидои ту, эй ҷонфидои ман,
Ёдат маро сипар, модар, дуо бидеҳ.
 
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 08.08.2023 №: 159
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив