ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » КӮЛОБ. ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН 

КӮЛОБ. ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН 

09 август 2023, Чоршанбе
18
0
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб рӯзи қабул ва муроҷиати шаҳрвандонро гузаронд.
Муроҷиати 17 нафар шаҳрванди шаҳри Кӯлоб доир ба масъалаҳои расондани кумаки молиявӣ ба оилаҳои ниёзманду фарзандони маъюбдошта, ҷудо кардани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, кумак дар сохтмони манзили истиқоматӣ, қитъаи замин барои сохтмони мактаб, сохтмони бунгоҳи тиббӣ, тоза ва мустаҳкам кардани канал ва соҳилҳои харобшуда, сохтмони пули харобгашта, иваз намудани симчӯбҳои фарсуда ва дигар масоили рӯзгор қабул карда шуд.
Раиси вилоят баъди муроҷиати шаҳрвандон ба масъулони вилоятиву шаҳрӣ барои иҷрои масъалаҳои зикршуда супориш дод.
Дар ҷамъбасти вохӯрӣ бори дигар масъулонро вазифадор кард, ки ба соли нави таҳсил муассисаҳои таълимӣ пурра аз таъмир бароварда шуда, доир ба хариди сарулибоси истеҳсоли ватанӣ ва сифати он аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Инчунин, омодагӣ ба даъвати навбатии хизмати ҳарбӣ, доир ба анҷом додани кишти такрорӣ, баланд бардоштани маданияти истифодабарии замин, ҷалби сармоя дар соҳаи саноатикунонӣ, вохӯрӣ ва ҷалби соҳибкорони ватанию хориҷӣ, омодагӣ ба зимистон дар соҳаи барқ ва интиқоли он ба масъулон дастуру супориш дод.
Давлаталӣ Саид ҷиҳати  шиносоӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ, созандагию бунёдкорӣ дар иншоотҳои сохташаванда бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мавзеъҳои сохтмонӣ дидан карда, сипас, дар маросими гузаштан ба пахши барномаҳои Телевизиони Кӯлоб ба формати дақиқияташ баланди HD иштирок намуд.
Зикр бояд кард, ки дар ин чорабинӣ раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр ва дигар масъулони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр иштирок доштанд.
Тибқи маълумот, Телевизиони Кӯлоб соли 1992 таъсис ёфта, дар соли 2002 бо дастгирии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба узвияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил шуда буд. 
Иқдоми мазкур ба кормандони Телевизиони Кӯлоб имкон дод, ки дар фатҳи қуллаҳои нав қадамҳои устувор гузоранд. Телевизион дар тули 31 соли фаъолияти худ ба пешрафту дастовардҳо ноил гардид. 
Бо мақсади фаъолияти босамар ва вусъати фазои иттилоотӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб бо дастгирӣ ва маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи истиқболи Ҷашни 2700-солагии Кӯлоб бинои Телевизиони Кӯлоб бо тарҳи замонавӣ сохта шуд.
Ҳамчунин, бо дастгирии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Телевизиони Кӯлоб бо таҷҳизотҳои муосир, аз ҷумла таҷҳизоти мавҷпахшкунандаи иқтидораш пурқувват ва нақлиёт, таъмин гардид.
Теъдоди кормандони телевизион замони таъсисёбӣ ба 8 нафар, соли 2002 ба 30 нафар мерасид ва имрӯз бошад, шумораи онҳо 70 нафарро ташкил медиҳад. Ҳудуди шабонарӯзии пахши барномаҳои телевизион аз аввали соли 2014 тавассути таҷҳизоти рақамӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб ба 16 соат мерасад. Айни замон 18 соат тавассути моҳвора пахш мегардад.
Тариқи телевизион барномаҳои гуногуни иттилоотӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва фароғатӣ таҳия ва омода мегарданд. Фаъолияти ҳаррӯзаи Телевизиони Кӯлоб аз рӯи нақшаи ҷадвали пахши барномаҳо ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ гардидани самтҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, иҷрои талаботи қонуну қарорҳои амалкунанда ба роҳ монда шуда, дар тарғиби сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва тарбияи маънавии аҳолӣ дар вилояти Хатлон нақши босазо дорад.
Давлаталӣ Саид бо кормандони телевизион суҳбат намуда, аз вазъи корбурди пахши барномаҳои он ва радиои маҳаллӣ шиносоӣ пайдо кард. Барои дар сатҳи баланд таҳия ва омода намудани пахши барномаҳо дастуру тавсияҳои муфид дод.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, 
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
Санаи нашр: 08.08.2023 №: 159
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив