ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ ИНСОН. ТАСДИҚИ СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2038

ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ ИНСОН. ТАСДИҚИ СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2038

14 август 2023, Душанбе
75
0


Таъмини муносиби ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038, ки дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2023, № 357 тасдиқ гардид, иқдоми навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба ҳисоб меравад.
Ҳуҷҷати мазкур аз ҷониби гурӯҳи кории байниидоравӣ бо назардошти стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, тавсияҳои ниҳодҳои соҳавии СММ, инчунин Ҳадафҳои рушди устувор таҳия ва қабул гардидааст. Дар доираи ин санад маҷмуи чорабиниҳое пешбинӣ гардидаанд, ки амалӣ гардондани онҳо ба таҳкиму рушди ҳуқуқу озодиҳои инсон дар кишвар мусоидат менамояд.
Стратегияи мазкур тамоми нақшаҳои миллии мавҷуда вобаста ба иҷрои тавсияҳои ниҳодҳои СММ оид ба ҳуқуқи инсон ва ҳуҷҷатҳои дигари самти ҳуқуқи инсонро дар худ таҷассум карда, механизм ва расмиёти иҷрои уҳдадориҳои байналмилалиро дар самти ҳуқуқи инсон такмил медиҳад.  
Ҳуҷҷати номбурда воситаи самараноки амалӣ гардондани сиёсати ягона дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои инсон тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Санади мазкур ба ташаккули муносибати эҳтиромона ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таҳкими минбаъдаи нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ муосидат мекунад.

Санаи нашр: 14.08.2023 №: 163
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив