ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХАТЛОН. НИГАРОНИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ИЗОФАНАВИСӢ ВА ҚОЧОҚИ ПАХТА

ХАТЛОН. НИГАРОНИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ИЗОФАНАВИСӢ ВА ҚОЧОҚИ ПАХТА

14 август 2023, Душанбе
46
0

 
– Мувофиқи омори расмӣ, соли 2022 кишоварзони вилоят дар майдони 121 ҳазору 694 гектар кишти пунбадона ба роҳ монда, 273 ҳазору 230 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд. Аз ин шумора, 262 ҳазору 409 тонна (96%) ба корхонаҳои коркарди вилоят, аз ҷумла 156 ҳазору 304 тонна (59,6%) ба корхонаҳои азим ва 106 ҳазору 104,8 тонна (40,4%) ба корхонаҳои хурди пахтатозакунӣ рост меояд, – иброз дошт Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон, зимни ҷаласаи корӣ оид ба қабул ва коркарди пахтаи ҳосили соли 2022 ва омодагии корхонаҳои коркарди пахтаи шаҳру ноҳияҳои вилоят ба мавсими нави қабул. 
Дар ҷаласаи кории назди раиси вилоят, муовини якум, муовинон, прокурори вилоят, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, раисони шаҳру ноҳияҳои пахтакорӣ, сардорони нозироти андоз, роҳбарони корхонаҳои пахтатозакунӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва масъулон иштирок намуданд.
Дар ҷаласа масъалаҳои фаъолияти корхонаҳои коркарди пахта ва коргоҳҳои хурди пахтатозакунии вилоят аз ҳисоби ҳосили соли 2022, омодагии корхонаҳои пахтатозакунӣ ба мавсими ҷамъоварии пахтаи соли 2023 ва роҳҳои пешгирии фаъолияти номуносиби корхонаҳои хурди пахтатозакунӣ, ворид намудани ҳаҷми воқеии истеҳсол ва коркарди пахта ба ҳисоби оморӣ, шаклҳои дурусти андозбандӣ, назорати механизми ҷамъоварии пахта то коркарди ниҳоии он мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Сардори Сарраёсати омори вилоят Қурбон Ҳакимзода оид ба фаро гирифтани пахтаи истеҳсолкардаи деҳқон, қабул ва коркарди пахта, роҳ надодан ба ҳисоботи нодуруст, инчунин, сардорони раёсатҳои андоз ва андозсупорандагони азими вилоят С. Раҷабзода, З. Каримзода оид ба тартиби андозбандии коркарди пахта, ҳолати воқеии пардохтпазирии маблағи андоз аз ҷониби корхонаҳои хурди пахтатозакунӣ, роҳҳои пешгирии ҳолатҳои ғайриқонунии коркард ва қочоқи пахта ва прокурори вилояти Хатлон А. Раҳимзода оид ба роҳҳои назорати механизми ҷамъоварии пахта то коркарди ниҳоии он ва пешгирии қонуншиканӣ дар самти баҳисобгирии оморӣ суханронӣ намуданд.
Давлаталӣ Саид зикр намуд, ки соли 2022 аз ҷониби 158 корхонаи хурду калони вилоят 262 ҳазору 404 тонна пахта қабул ва коркард шуда бошад ҳам, аз ҷониби нозирот ҳамагӣ 64,5 миллион сомонӣ ва ё ба андозаи 94,8 дарсад маблағи ҳисобӣ ворид гардидааст. Дар ҳоле ки маблағи эҳтимолии андозбандии танҳо корхонаҳои хурди пахтатозакунӣ мебоист 69 миллион сомониро ташкил медод. Аз ин ҳисоб, ҳамагӣ 27,9 миллион сомонӣ муҳосиба шуда, 28,4 миллион сомонӣ ба буҷет ворид гардидааст. 
Роҷеъ ба ин масъала, Сарраёсати омори вилоят, раёсатҳои андоз, назорати давлатии энергетикӣ, марказҳои стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва назорати савдои вилоят вазифадор шуданд, ки оид ба қабул, коркард ва интиқоли пахта тадбирҳои судманд андешанд.
Давлаталӣ Саид аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки ҳарчанд мавсими аввали чиниши пахта оғоз шуда бошад ҳам, айни замон аз 58 корхонаи пахтатозакунии шаҳру ноҳияҳо ҳамагӣ 16-тояш омодаи кор буда, дар 36 корхона корҳои таъмирӣ идома доранд.
Кишоварзони вилоят дар майдони 123 ҳазору 270 га навъҳои гуногуни пахтаро кишт намуданд ва имрӯзҳо бо заҳмати деҳқонон майдонҳои пахтазор хуб нашъунамо ёфта, ба ҳосилбандӣ шуруъ кардаанд. Мутобиқи маълумоти мутахассисон, ҳосили интизорӣ ва биологии пахта қаноатбахш арзёбӣ гардида, дар баъзе ноҳияҳо фурсати зинаи якуми ҷамъоварии он фаро расидааст.
Соли сипаришуда дар мавсими ҷамъоварӣ ва ба корхонаҳои коркард супурдани пахта як қатор камбудиву норасоиҳо, аз ҷумла бо нархи паст харидан ва сари вақт напардохтани маблағи он норозигии деҳқононро ба миён овард, – афзуд Давлаталӣ Саид ва ба шахсони масъул супориш дод, ки бо ташкилотҳои соҳавӣ масъалаи маблағгузории ҳосили имсола омӯхта ва ҳал гардад. 
Раиси вилояти Хатлон, ҳамчунин, ҷиҳати беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта, роҳ надодан ба қочоқи он, пешгирии изофанависӣ, ба роҳ мондани назорати дурусти механизми ҷамъоварӣ ва коркарди он ба ниҳодҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, 
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 14.08.2023 №: 163
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив