ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДДФСТ. БАРДОШТ АЗ НИМСОЛАЕ, КИ ГУЗАШТ

ДДФСТ. БАРДОШТ АЗ НИМСОЛАЕ, КИ ГУЗАШТ

14 август 2023, Душанбе
8
0


Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода шашмоҳаи аввали соли ҷориро бо муваффақиятҳои назаррас ҷамъбаст кард. Аз ҷумла, бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати Донишкада лабораторияи таҳқиқоти сотсиологии фарҳанг ва воситаҳои ахбори омма таъсис ва бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонда шуд.
– Лаборатория бо мақсади татбиқи амалии сиёсати фарҳангии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти худро ба роҳ монд, – гуфт  Муҳриддин Низомӣ, ректори Донишкада. 
Дар соли таҳсили 2022-2023 бори аввал донишҷӯён ихтисосҳои драматургия, санъатшиносӣ, менеҷменти робитаҳои фарҳангии байналмилалӣ ва низоми иттилоотӣ дар фарҳангро хатм карданд. Ҳамчунин, 29 донишҷӯи тариқи Квотаи президентӣ таҳсилкарда барои кор ба маҳали зисти хеш фиристода шуданд.
Айни замон Донишкада бо 50 донишгоҳу донишкадаи кишварҳои дуру наздик созишномаҳои ҳамкорӣ дошта, дар давраи ҳисоботӣ бо 8 муассисаи таҳсилоти олии хориҷӣ, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва санъати Озарбойҷон, Донишкадаи давлатии санъати театрии Россия (ГИТИС), Донишгоҳи давлатии Бухоро, Академияи давлатии хореографияи Ӯзбекистон, филиали Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Ӯзбекистон дар Нукус, Донишкадаи давлатии фарҳанги Хабаровск, Консерваторияи давлатии Санкт-Петербург ба номи Н.А. Римского-Корсакова ва Консерваторияи давлатии Қазон ба номи Н.Г. Жиганова созишномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонд.
Моҳи марти соли 2023 ансамбли мусиқинавозони муассиса дар Озмуни байналмилалии навозиши созҳои миллии мусиқӣ бо унвони «Навруз тароналари» («Таронаҳои наврӯз») бо пешниҳоди 10 оҳанг (сабти видеоӣ) ширкат варзида, сазовори ҷойи 3-юм шуданд. 23 донишҷӯи дигар дар озмуну фестивалҳои байналмилалии Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Озарбойҷон ба тариқи онлайн иштирок карда, бо диплому ифтихорномаҳо қадр гардиданд. 
Муҳриддин Низомӣ дар робита ба таҳияи барномаҳо, таълифи китобу дастурҳои таълимӣ, маҳорати хоси кор бо технологияи нави соҳаи филмсозӣ паём расонд, ки масъулон ва донишҷӯён пайи сабти филми мустанад доир ба таърихи панҷоҳсолаи Донишкада ва сабту танзими дарсҳои намунавӣ барои Ютюбканал ва шабакаи Фейсбук ҳастанд.
– Ҳоло 20 дарси намунавии устодони ботаҷрибаро навор гирифтем ва пайи танзими онҳо ҳастем. Воқеан, фаъолшавии мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ тақозои замон ва омили таҳикими ҳукумати электронӣ мебошад, - афзуд ректор.

Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 14.08.2023 №: 163
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив