ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Навидҳои фарҳанг

Навидҳои фарҳанг

14 август 2023, Душанбе
30
0


БАРГУЗОРИИ ФЕСТИВАЛ- СИМПОЗИУМИ ИДМ ДАР НАЗАР АСТ
Аз 20 то 25 августи соли 2023 дар шаҳри Санкт-Петербург Фестивал-симпозиуми Итти-ҳоди ҳунарҳои академӣ" бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор хоҳад шуд. 
Дар доираи симпозиум конфронси илмӣ-амалӣ бахшида ба мавзуъҳои мубрами таърихи ташаккули намудҳои академии санъати мусиқӣ ва тасвирӣ баргузор гашта, масъалаи муқаррар кардани натиҷаҳои дастовардҳо, муаррифии лоиҳаҳои нав дар санъат ва идеяҳои тиҷоратӣ пешбинӣ гардидааст.
Ҳамзамон, осори гулчиншудаи Академияи рассомӣ ва Иттифоқи рассомони Тоҷикистон ба хориҷиён пешкаш мегардад.


МЕДАЛИ ҲУНАРМАНДИ ТОҶИК АЗ РОССИЯ 
Ба ҳунарпеша ва сарояндаи тоҷик Парвиз Пӯлодӣ аз Федератсияи Россия барои хидматҳои шоиста дар соҳаи фарҳанг ва ҳунар медали “За заслуги в области культуры и искуства” расид. 
Дар ин бора ҳунарпеша дар саҳифаи иҷтимоии фейсбукии худ хабар дод. Солҳои охир Парвиз Пӯлодӣ бештар бо синамогарон ва киностудияҳои Россияву дав-латҳои ҳамсоя ҳамкорӣ мекунад. Нақшҳои офаридааш барои нишон додани паҳлуҳои мусбати ҳаёти тоҷикон ва фарҳанги миллати мо ба ҷомеаи русзабонон саҳми шоиста дорад


КИТОБИ ШЕЪРИ ДАВЛАТ САФАР ДАР ЭРОН ЧОП ШУД
Маҷмуаи ашъори шоири тоҷик Давлат Сафар бо номи «Тарозуи чашм» бо хатти арабии асоси форсӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон нашр шуд.  
Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини ғазал ва рубоиҳои шоир гирд омадаанд. Сарсухани «Тарозуи чашм»-ро Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло навиштааст. Ёдовар бояд шавем, ки китоби мазкур чанд сол қабл дар Тоҷикистон низ, интишор ёфта буд.

Дилноз ҲУКМАТУЛЛОЕВА, "Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 14.08.2023 №: 163
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив