ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » II БОЗИҲОИ ИДМ

II БОЗИҲОИ ИДМ

14 август 2023, Душанбе
12
0
Тоҷикистон 13 медал гирифт
Варзишгарони Тоҷикистон дар II Бозиҳои ИДМ (4-14 август, Беларус) 13 медал (тилло, 3 нуқра ва 9 биринҷӣ) ба даст оварданд. Аз рӯи ҳисоби медалҳо кишвари мо миёни 122 давлат мақоми 8-умро касб кард. 
Ягона нишони тиллоро Меҳроҷ Суфиҷонов аз намуди бокс ба хазинаи варзишии кишвар ворид намуд. Зимнан, ин нахустин медали тиллои варзишгарони тоҷик дар Бозиҳо мебошад.
Ёдовар мешавем, ки соли 2021 дар аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ (Қазон, Россия) варзишгарони мо соҳиби 14 медал (7 нуқра ва 7 биринҷӣ) шуда буданд. 
Дар II Бозиҳои ИДМ аз рӯи ҳисоби медалҳо дастаи Россия бо 242 медал (123 тилло, 77 нуқра ва 42 биринҷӣ), Беларус бо 193 (34-60-99) ва Ӯзбекситон бо 84 (24-16-44) дар сегонаи беҳтаринҳо қарор гирифтанд. 
 
 
 
ЛИГАИ ОЛӢ
Натиҷаи даври 17-ум
Қувваозмоиҳои даври 17-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ ба анҷом расид. Дар ин давр пешсафи ҷадвали чемпионат – дас-таи “Истиқлол” бар “Файзканд” бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад.
Тибқи иттилои ЛФТ, “Ҳосилот” дар майдонаш “Кӯктош”-ро шикаст дод (3:1). Тими “Равшан” бар КМВА зафар ёфт. Бозии “Регар-ТадАЗ” бо “Хуҷанд” мусовӣ (1:1) шуд. Дастаи “Эсхата” бар “Хатлон” пирӯз гашт.
Пас аз 17 давр “Истиқлол” бо 36 хол дар садри ҷадвали Лигаи олӣ қарор дорад. 
 
 
ҶОМИ ФФТ -2023
«Амонатбонк» – ғолиби мусобиқа
Бошгоҳи “Амонатбонк” дар мусобиқаи анъанавии футзал барои дарёфти Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон бо шикаст додани тими «Ориёнбонк» (3:3, силсилаи пеналти 3:2) барандаи ҷом гардид. 
Бар пояи маълумоти ФФТ, дар бозӣ барои ҷойи сеюм «Рахш-Такси» тими «Вавилон»-ро ноком кард (5:3). 
Дар ҷамъбаст Умед Муъминзода («Амонатбонк») беҳтарин дарвозабон, Ибодулло Назиров («Ориёнбонк») беҳтарин нишонзан ва Султоншо Мирзоев («Амонатбонк») беҳтарин бозигари финал эътироф гардиданд. 
 
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
Санаи нашр: 14.08.2023 №: 163
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив