ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РОЗИ МАНУ ЧАШМОНИ МОДАР

РОЗИ МАНУ ЧАШМОНИ МОДАР

14 август 2023, Душанбе
31
0
 
Фарзанд дар дунёи рангини модар, ки бешубҳа, фарҳангистони адаб аст, ба воя мерасаду камол меёбад. Модар то ҳастему ҳаст, моро ҳамеша аз душвориҳо наҷот медиҳад ва дастгири мо дар зиндагӣ боқӣ мемонад. Агар сад сол ҳам умр бубинему дар хидматаш бошем, якшаба ранҷи ӯро ҷуброн карда наметавонем. Саъдии бузургвор ба ин маънӣ фармуда:
Якшаба он ранҷ, ки модар кашид,
Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.
 
Воқеан, модар бо он қудрат ва рисолате, ки дорад, болотар аз фаришта аст, зеро баъд аз Худованд танҳо ӯст, ки меофарад ва бо ин каромоташ дарёи умри инсониро ҳамеша шодоб нигаҳ медорад. Яъне, модар сарчашмаи ҳаёт, офарандаи зиндагӣ, балки худи зиндагист. Модар ҳеҷ гоҳ муштипар нест, балки ӯ қудрат аст, қудратест, ки бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар дунёро меҷунбонад. Агар модар нотавону бечора ҳам ҳаст, пас танҳо назди фарзанд, назди оне, ки ҳастияшро мудом қурбонаш мекунад.
Бале, дили модар ба хотири фарзанд метапад, ба хотири фарзанд нафас мекашад ва ба хотири фарзанд зиндагонӣ мекунад. Мунису муттакои фарзанд аст, модар. Танҳо ӯст, ки дили фарзандро дарк мекунад, ҳатто вақте ҷигарбандаш эҳсосоти худро бо сухан ифода карда наметавонад. Маҳз қобилияти беназири дарки хостаҳои фарзанд ба модар имкон медиҳад, ки як тифлаки бепою безабонро то ба як инсони комилу ҳушманд камол бахшад. Ҳарчанд фарзанд новобаста аз зинаи камолот барои модар ҳамеша кӯдак боқӣ мемонад. 
Ин аст, ки нақши модар дар зиндагӣ беҳамто ва ивазнашаванда аст. Модар дар ин дунё на танҳо роҳнамои фарзанд, балки аввалин муаллим, мураббӣ ва сарчашмаи илҳом аст. 
Хушбахтона, мо дар ҷомеае имрӯз умр ба сар мебарем, ки ҷойгоҳи модар  болои дидагон аст. Бахусус, аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба неруи офаранда – зан, модар таваҷҷуҳи хос зоҳир гардида, давлати миллӣ дар асоси ормонҳои модарони тоҷик, ки ҷавҳари онро сулҳу салоҳ, ҳамдилию ҳамгироӣ ва худогоҳию башардӯстӣ ташкил медиҳад, бунёд гардидааст. Аз ин рӯ, бонувон масъулияти баланди шаҳрвандӣ дошта, дар ҳифзи арзишҳои миллию фарҳангӣ ва тарбияи насли оянда саҳмгузоранд.
Модар будан, фидокорию созиши доимиро талаб мекунад. Модарон  аксар вақт хоҳишу хостаҳои худро ба хотири фарзанд ба боди фаромӯшӣ месупоранд. Аз худ мегузаранд, то дунёи фарзандонро рангин созанд. Рӯсурхии фарзанд, ғолибан, аз ранги паридаи модарон аст.
Модар намунаи ибрат аст. Модар аст, ки дар ботини фарзандони худ арзишҳои инсониро ташаккул медиҳад, то дар зиндагӣ муваффақ бошанд. 
Дар баробари ҳазорон модарони фариштахӯ модари ман ҳам бароям чароғи ҳидоят аст. Аввалин афсонаро аз ӯ шунидам, ҳарфҳоро шинохтам ва хонданро омӯхтам. Инсонҳои бузургу китобҳои муқаддасро ӯ ба ман шиносонд. Бо кӯшиши ӯ неку бадро фаҳмидам ва некиро пешаи ҳаёти худ кардаву то тавонистам, аз бадиҳо дурӣ ҷустам.
Ҳеҷ боғчаву мактаб ва ҳеҷ донишгоҳу академияи бузурги ҷаҳон мисли мактаби зиндагии модар барои фарзанд таъсиргузор нест. Танҳо аз аллаи ширини модар забони миллӣ, аз панди накуи ӯ асолату ғурури миллӣ ва инсони комил буданро меомӯзем.
 
Хӯйи неку гирад он, к-аз нек ёбад тарбият,
Шири ҳикмат нӯшад он, к-уммулкитобаш модар аст.
 
Руҳафзо МУРОДОВА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 14.08.2023 №: 163
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив