ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВМКБ. НАБУДИ ҲАВЗҲОИ ОББОЗӢ АЗ МАВЗУЪҲОИ ҲАЛТАЛАБ  БОҚӢ МЕМОНАД

ВМКБ. НАБУДИ ҲАВЗҲОИ ОББОЗӢ АЗ МАВЗУЪҲОИ ҲАЛТАЛАБ  БОҚӢ МЕМОНАД

16 август 2023, Чоршанбе
13
0
 Давоми  чанд моҳи охир дар ҷумҳурии мо ҳаво аз меъёри муқаррарӣ гармтар шуда, назар ба пешгӯии ҳавошиносон, ин ҳолат чанд муддати дигар давом мекунад. Бинобар ин, шумораи касоне, ки пайи оббозӣ мебароянд, хеле афзудааст. Мутаассифона, на ҳама қоидаҳои оббозиро медонанд ва на  ҳама ҷо барои оббозӣ бехатар ва  созгор аст.
 
Дар ин бобат масъулони раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо истироҳаткунандагони  Лагери истироҳатӣ – маърифатии  “Саодат”-и ноҳияи Шуғнон  суҳбати судманд доштанд.
Шуҳрат Шоисматов, сардори шуъбаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди раёсат гуфт: “Давоми ду моҳи охир дар вилоят  ду нафар дар об ғарқ шуд, ки ҳар ду ҳам дар маконҳои мамнуъ ва дур аз маҳали аҳолинишин оббозӣ мекард. Аз ин рӯ, волидон ва мураббиён бояд дар рӯзҳои ниҳоят гарм ҳар қадами фарзандон ва шогирдони худро зери назорат гиранд ва рафтани онҳоро ба соҳили дарё ё рӯдхонаҳои кӯҳӣ пешгирӣ кунанд. Зикр гардид, ки  дар ин рӯзҳо шумораи кӯдакону наврасоне, ки барои оббозӣ ба лаби дарёи Панҷ мераванд, бештар ба назар мерасад ва  на ҳамаи ин кӯдакону наврасон ва, ҳатто, ҷавонон, аз қоидаҳои оббозӣ бохабар мебошанд. Зимни оббозӣ  рух додани ҳодисаҳои нохуш аз эҳтимол дур нест. 
Ба гуфтаи Ш.Шоисматов, яке аз сабабҳои рӯ овардани наврасону ҷавонон ба дарёву рӯдхонаҳои пуртуғён ин вуҷуд надоштани ҳавзҳои шиноварӣ  дар деҳоти вилоят мебошад. Дар айни ҳол, ба ҷуз аз шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнон, дигар  дар ягон маркази деҳот ва, ҳатто, марказҳои ноҳияҳо ҳавзҳои шиноварӣ вуҷуд надоранд. Ин дар ҳолест, ки бештари майдончаҳои футболу волейбол дар соҳили дарёи Панҷ ҷойгир мебошанд ва наврасону ҷавонон баъди бозӣ дар ин дарё, ки моҳҳои охир сатҳи оби он баланд шудааст, оббозӣ мекунанд.
Иттилоъ дода шуд, ки соли равон бо ибтикори масъулони ин ниҳод дар маконҳое, ки барои оббозӣ хатарноканд, лавҳа ва ё нишонаҳои махсус гузошта шуданд, аммо, мутаассифона, на танҳо наврасону ҷавонон, балки калонсолон ба ин навиштаву нишонаҳо аҳамият намедиҳанд. Аз ин сабаб, онҳое, ки шиновар ҳастанд, худро ба соҳил мерасонанд, вале онҳое, ки шиновар нестанд, ғарқ мешаванд. Кӯдакону наврасон, асосан, аз бетаҷрибагӣ ва беназоратии волидон бо чунин ҳодисаҳо дучор меоянд.
Мутахассисони раёсати  Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилоят зарур мешуморанд, ки  бо мақсади пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш ва коҳиш додани  шумораи ғарқшавии шаҳрвандон дар  дарёву рӯдхонаҳои калон дар назди майдончаҳои варзиш ҳавзҳои шиноварӣ бунёд карда шаванд. 
Зикр гардид, ки дар ин самт масъулони раёсат бо роҳбарони  шаҳру ноҳияҳо  суҳбат карданд ва аксарияти онҳо  тасмим гирифтаанд, то  минбаъд дар баробари сохтмони  майдонҳои варзиш бунёди ҳавзҳои шиновариро низ, ба нақша дароранд.
 
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 15.08.2023 №: 164
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив