ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Маҳдудиятҳои коронавирусӣ дар  гузаргоҳҳои сарҳадӣ бекор шуданд

Маҳдудиятҳои коронавирусӣ дар  гузаргоҳҳои сарҳадӣ бекор шуданд

13 феврал 2023, Душанбе
34
2
Шуруъ аз 8 феврал маҳдудиятҳо вобаста ба пешгирӣ, интиқол ва пайдоиши сирояти нави COVID-19 дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Тоҷикистон бекор шуданд. Дар робита ба ин, аз ҷониби Қоҳир Расулзода, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори дахлдор ба тасвиб расид.
Ин қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ бо назардошти баҳодиҳии муътадил оид ба вазъи эпидемиологии сирояти COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, сатҳи баланди ваксинатсия дар байни аҳолии мамлакат, ба эътидол омадани вазъи вобаста ба ин беморӣ дар давлатҳои минтақа ва ҷаҳон ва аз байн бурдани маҳдудияти интиқоли мусофирон ва молу маҳсулот тавассути нақлиёти ҳавоӣ, заминӣ ва обӣ, ба танзим даромадани гардиши электронии ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи вазъи саломатии мусофирон ва бо мақсади таъмини пурраи фаъолияти соҳаҳои иқтисоди миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла таъмини рушди иқтисодиёт, авиатсияи гражданӣ, сайёҳӣ ва таҳкими робитаҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ бо давлатҳои минтақа ва ҷаҳон, қабул шудааст.
 
 
 
Вазири корҳои хориҷӣ Раймундас Кароблисро ба ҳузур пазируфт
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раймундас Кароблисро ба ҳузур пазируфт, – хабар дод вазорат.
Зимни мулоқот ҷонибҳо сатҳи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, инчунин, масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ намуданд.
 
 
 
Истиқрори муносибатҳои дипломатӣ 
миёни Тоҷикистон ва Тонга
Дар Ню-Йорк маросими имзои Баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Тонга баргузор гардид.
Баёнияи муштаракро намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат ва намояндаи доимии Подшоҳии Тонга дар СММ Вилиами Ваинга Тоне имзо карданд.
 
 
 
Татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ баррасӣ шуд
Дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода бо директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба рушди устувор дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ Самеҳ Нагуиб Ваҳба, ки бо сафари корӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овард, баргузор гашт.
Дар аснои мулоқот ҷонибҳо атрофи масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, обтаъминкунӣ ва рушди энергетика, инчунин, дигар масъалаҳои мавриди назар мубодилаи афкор намуданд.
 
 
 
Як вохӯрии муҳим
Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо Шамш Кассим-Лакха, раиси Шурои парасторони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ вохӯрд. 
Таъкид рафт, ки ҳадафи асосӣ аз фаъолияти Донишгоҳи Осиёи Марказӣ пешниҳод намудани таҳсилоти олии касбии мутобиқ ба сатҳи байналмилалӣ дар Осиёи Марказӣ ва тайёр кардани мутахассисонест, ки метавонанд дар якҷоягӣ бо ҷомеаҳои маҳаллӣ дар рушди иқтисодиёти минтақа саҳмгузорӣ намоянд.
Ба иттилои вазорат, Шамш Кассим-Лакха гуфт, ки аз ҷониби Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар маркази шаҳри Кӯлоб, ноҳияи Данғара ва шаҳри Хуҷанд марказҳои омӯзишии забони англисӣ дар ояндаи наздик кушода мешаванд.
 
 
 
Мулоқоти раиси вилояти Суғд бо губернатори вилояти Нижегород
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Нижний Новгород бо и.в. губернатори вилояти Нижегороди Федератсияи Россия Андрей Гнеушев мулоқот намуд. Ҷонибҳо аз густариши равобити дӯстона миёни вилоятҳо, ки натиҷаи сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин аст, изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Андрей Гнеушев таъкид дошт, ки мошинсозӣ, саноати сабук, саноати коркард дар ин минтақаи Россия рушд карда, бо назардошти имкониятҳо вилоятҳои Нижегород ва Суғд метавонанд корхонаҳои муштараки саноатӣ бунёд ва ҳамкориро боз ҳам беҳтар намоянд.
Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, ки гардиши савдо миёни вилояти Суғд ва минтақаҳои гуногуни Россия дар соли 2022 ба 616,6 миллион доллари ИМА баробар гардид.
Мулоқот бо имзои нақшаи кории муштарак барои солҳои 2022-2025 ба охир расид.
 
Санаи нашр: 13.02.2023 №: 34
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (2)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив
Taren Klass
Taren Klass 11 июн 2023 09:46
To the jumhuriyat.tj Admin.

Hi, It seems your website is not ranking that well, so you are losing sales.

Plus when I looked at your site, it could use more content that sells, which means you missing even more sales.

Fortunately, there is a new AI bot that can write the content for you for your site, and it's fully optimized to increase your ranking as well, so you get double the sales effort!

You can see the magic of AI in a video here: =>> https://zeep.ly/articleforge

Thanks,
Taren













































To stop receiving such offers, simply reply to this email...
Kathi Larnach
Kathi Larnach 13 июн 2023 10:45
Hi jumhuriyat.tj Admin!

Hi, It seems your website is not ranking that well, so you are losing sales.

Plus when I looked at your site, it could use more content that sells, which means you missing even more sales.

Fortunately, there is a new AI bot that can write the content for you for your site, and it's fully optimized to increase your ranking as well, so you get double the sales effort!

You can see the magic of AI in a video here: =>> https://zeep.ly/articleforge

Thanks,
Kathi













































To stop receiving such offers, simply reply to this email...