ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДАВЛАТМО. МУРАББИИ  НАСЛИ НАВ

ДАВЛАТМО. МУРАББИИ  НАСЛИ НАВ

16 август 2023, Чоршанбе
77
0
 
Шаби барфии зимистон. Дақиқ ёд надорам соат чанд буд, аммо хуб ёдам ҳаст, ки поси шаб, ҳама дар хоби ноз. Тақ-тақи дарвоза оромии шабро вайрон кард. Ҳамроҳи модар ба назди дар рафтем. Садои пойи моро, ки болои барф ғарч – ғарч ба гӯш мерасид, шунида садо баромад:
– Гуландом, хавотир нашав, ин ман Давлатмо.
Модарам дарвозаро кушода ҳайрон аз сар то пойи Давлатмо, ки барф сафедпӯшаш намуда буд, нигарист:
– Ба хайр аст, муаллима? Ин чӣ аҳвол, гуфта пурсон шуд.
– Як шогирдам имрӯз аҳволаш хуб набуд. Баъд аз дарс ба хонаи онҳо рафтам, то бифаҳмам ҳолаш чӣ гуна аст. Интизор мондам, ки кай ҳарораташ паст мешавад, хотирҷамъ шуда, баргардам. Духтарҳо, ба фикрам, сахт хобашон бурдааст, ки дарвозаро намекушоянд. Гуфтам, шабамро дар хонаи шумо рӯз кунам. 
Пай бурдед, зане, ки дар сармо, то дили шаб сари бистари бемории шогирдаш нишастааст, Давлатмо Алиҳмадова, омӯзгори синфҳои ибтидоист. Ибтидоӣ роҳи зиндагии садҳо сокинони Фархорро бо чунин меҳрварзӣ ӯ боз кардааст.
Воқеан ҳам, бештари мо равшан ба ёд дорем, ки аз синфи 1 то 4 ба омӯзгори нахустинамон мисли фарзандаш муносибат карда, наздикӣ меҷӯем. Нозамонро мебардорад, диламонро ба дунё гарм мекунад, ҳатто, гиря кунем, ашкамонро бо рӯймолчааш тоза мекунад. Давлатмо, қаҳрамони мо низ бо дилсӯзӣ ва меҳрубонии зотӣ на танҳо дар давоми дарс, балки берун аз он ҳам ғамхор аст. Тифлакони навпарвозашро дар бемориву нохушиҳои хонаводагӣ танҳо намегузорад. Аз воқеаи боло маълум мешавад, ки то ҳарорати шогирдакаш поён наомад, ба хонааш барнагашт. Ҳол он ки магар як омӯзгори тоҷик чун модар кам ташвиш дорад? Ё фарзандони худаш ба нигоҳубин ва парастории даҳкарата ниёз надоранд? Бо вуҷуди ин, Давлатмо барин бонувони фидоӣ ва соҳибдил лаҳза-лаҳза аз умри хешро ба шогирдон армуғон мекунанд. “Ман танҳо дар ҳудуди муассисаи таълимӣ ё дар синф ҷавобгарам, ба дигараш кор надорам”, – андешаест бегона ба дунёи бошарофати чунин касон.
Дар давоми 51 соли чор фасл умри Давлатмои азиз новобаста аз гармиву сардӣ чунин гузашту мегузарад. Синну сол, ташвишҳои оилавӣ, наберадорӣ ва саду як муаммои дигар ин омӯзгори асилро аз иҷрои рисолат бознадошт. Ӯ ҳанӯз ҳам омӯзгор, модар, хабаргири шогирдакони ҳафтсолаву ҳаштсола аст. Ҳоло тора-тора мӯҳои сапед, рӯймоли зебо, ожангҳои монанд ба хатти тақдир, табассум ва нури чеҳрааш Давлатморо модари мактаб гардондааст. 
Давлатмо Алиҳмадова 51 сол танҳо дар як муассиса, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и Ҷамоати деҳоти Хуросон, деҳаи Тоҷикистон, ноҳияи Фархор фаъолият дорад. Аксари шогирдоне, ки ӯ дарс гуфтааст, аз рӯи чунин амалҳои модаронаву хоксорона пешаи ӯро интихоб кардаанд.  
Ӯ на танҳо барои шогирдон, балки барои хурду бузурги деҳаи Ҳаёти Нав муаллима аст. Кайҳо боз ба ӯ бо ному насаб муроҷиат накарда, балки муаллимааш мехонанд. Хурдсолону наврасони маҳал гумон мекунанд, ки муаллима номаш аст ва дар ин бора воқеаи аҷиберо мисол меорам. Гумонам хонандаи синфи 4 ё 5 будам. Бо ҳамдеҳагони худ ба қавле муаллимабозӣ доштем. Дар ин миён супориш шуд, ки дар бораи касби интихобии худ иншо нависем. Иронбӣ ном духтараке, ки аз мо чанд сол бузургтар буд, нақши муаллимаро бозӣ мекард. Баъд аз назар гузарондани иншои ман ба рӯям нигариста пурсид, ки номи муаллимат чист? Гуфтам: “Муаллима”. Баланд хандид. Чун дар он ҷо номи омӯзгорамро Муаллима Алиҳмадова навишта будам. Баъди чанде хандаро сукути тулонӣ фаро гирифт, онҳо ҳам мисли ман, ки аз хиҷолати номи омӯзгорамро надонистан сурх шуда будам, сурх шуданд. Чун ҳеҷ кадоми мо, ки дар ҳамсоягии ӯ зиндагӣ мекардем, номашро надонистем.  
Қаҳрамони мо дастпарвари Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ буда, умри пурбаракати хешро ба тарбияи насли наврас бахшидааст.
Омӯзгорест дар фикри ояндаи дурахшони шогирдон, модарест, ки мекӯшад, то дониши худро ба фарзандонаш омӯзонад. 
Замони омӯзгории ӯ соҳаи маориф дар ҷумҳурӣ санҷишҳои ҷиддиеро аз сар гузаронд, зеро ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ сабаб гашту мактабҳо бенизом, тангу торик, бебарқ ва таъмирталаб шуданд. Як гурӯҳ аз мутахассисони хубу корозмуда ба ҳар сӯи дунё рафта бошанд ҳам, қаҳрамони мо аз масъулияти вазнин даст накашид. Он рӯзҳоро ба ёд меораду ба фикр ғӯтавар мегардад. Бо вуҷуди он ки то солҳои 2000-ум вазъи мактабу маориф хуб набуд, Давлатмо ва монанди ӯ омӯзгорони бовиҷдон нагузоштанд, ки шарафи одамӣ ва қадри инсон аз байн равад.
– Бо вуҷуди он ки кори мо бисёр пурмасъулият аст, як гурӯҳ шаҳрвандони ноогоҳ ба сӯи омӯзгор санги маломат мезананд. Солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ вазъ бениҳоят мураккаб буд. Ҳама дар фикри як бурда нон, на мактаб ба ёди кас меомад на дарс. Барои он ки дари мактаб баста нашаваду хонандагон аз илм дур намонанд, ду-се сол бе маош кор кардем, –  табассум мекунад ҳамсуҳбати мо.
Хислати аҷиби муаллимаи азиз ин аст, ки дар рӯзҳои истироҳат низ, бо шогирдон кор мекунад. Зарур ояд ба хонаашон меравад, бо падару модаронашон суҳбат мекунад, дар интихоби касб маслиҳат медиҳад. Ба назари ӯ интихоби пешаи оянда барои шогирдон аз ҳама муҳим мебошад, зеро бисёр ҷавононе ҳастанд, ки баъди хатми ин ё он мактаби олӣ, ё миёнаи махсус аз рӯи касбу ихтисоси гирифта фаъолият намебаранд, дасту дилашон ба кор намеравад. Яъне, онҳо дар интихоби касб андеша нарондаанд, таваккул кардаанд. Давлатмо дар дарсҳояш оид ба касбу корҳо, пешаву ихтисосҳо, ҳунармандӣ бисёр ҳарф мезанад ва дар хусуси корхонаҳои хурду бузурги кишвар маълумоти фаровоне оварда, дар қалби шогирдон ба касбҳои муҳиму ояндадор тухми меҳр мепошад. 
«Муаллима ҳеҷ гоҳе талоше барои мансабу унвон накардааст. Баръакс, ҳамеша мекӯшад, ки ҳар бозёфт ва чизи омӯхтаашро ба шогирдон омӯзонад. Ӯ аз ҷумлаи ашхосест, ки ҳамеша ғамхори шогирдон аст», –мегӯяд Саидхоҷа Маҳмудов, директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6.
Имрӯзҳо шоҳидем, ки барои маҳз ба синфи Давлатмо гузоштани фарзандонашон мардуми Ҷамоати деҳоти Хуросон ба қавле бо ҳам “ҷанг” доранд. Падару модарон мехоҳанд ояндаи тифлакони нозанини худро маҳз ба муаллима бовар кунанд.
Воқеан ҳам, ӯ ба маънои томаш мураббии насли нав аст. Дар натиҷаи заҳмати пайваста бисёр шогирдонаш дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ пешраву муваффақ гаштаанд. Онҳо на танҳо дар ноҳияи Фархор, балки дар саросари кишвар ва берун аз он ҳам кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то дар баланд бардоштани обрӯю эътибори Тоҷикистони азиз саҳм гузоранд.
Чунин зиндагиномаи ибратбахш шуълаи умеди дили одамонро зиёдтар мегардонад, зеро сафои ҳама гуна торикиву ноҳамвориҳои зиндагӣ аз дурахши тинати одам равшану зебост. Душвориҳоро таҳаммул кардаву ба пеш, бо умед қадам задан, ба фарзандон роҳи дурусти зиндагиро нишон додан, дар ҷамъият ному шуҳрати касби пурифтихори хешро дифоъ кардан, асолати инсонҳои бузург, модарони нотакроре, ба мисли қаҳрамони мо, Давлатмо Алиҳмадова аст! 
 
Лола РИЗОӢ, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 15.08.2023 №: 164
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив