ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «ЗАФАРОБОД. БЕОБӢ АЗ МУШКИЛОТИ №1 БОҚӢ МЕМОНАД»

«ЗАФАРОБОД. БЕОБӢ АЗ МУШКИЛОТИ №1 БОҚӢ МЕМОНАД»

16 август 2023, Чоршанбе
30
0

  
Дар  Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи Маҳмуд Мирзоён зери унвони «Зафаробод. Беобӣ аз мушкилоти №1 боқӣ мемонад» (“Ҷумҳурият”, 23 июни соли 2023, № 129)  мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Бояд зикр намуд, ки 35865 гектар заминҳои обёришавандаи ноҳияи Зафаробод пурра тавассути 14 пойгоҳу 57 дастгоҳи обкашӣ, 19000 метр лӯлаҳои баландфишори қутрашон аз 1000 то 2400 мм, шабакаҳои обёрӣ бо дарозии 775,5 км, заҳбуру заҳкашҳо 163,6 км ва бо 417 иншооти гидротехникӣ обёрӣ мешаванд.
Дар ноҳияи Зафаробод 12268 гектар замини обёришавандаи пойгоҳи обкашии ПОМ-1 тавассути канали ТМ-1 ва 23200 гектар замини обёришавандаи пойгоҳи обкашии ПОМ-2 тавассути канали ТМ-2 бо оби полизӣ таъмин мегарданд.
Рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия аз фаъолияти мунтазами силсилапойгоҳҳои обкашии Мирзочӯл (ПОМ-1 ва ПОМ-2 ) ва Қизилӣ (Зарнисор ПОК-1 ва ПОК-2), ки  бо 33 дастгоҳи обкашӣ, аз ҷумла 19 дастгоҳи обкашии 52-В-11 бо муҳаррикҳои барқии ВДС-325-69-16 бо тавоноии 8000 кВт/соат, 375 гардиш/дақиқа, бо иқтидори оббарории  6 м3/сония   муҷаҳҳаз гардидаанд, вобастагии калон дорад.
Иншооти обёрии мошинии минтақаҳои мазкур аз солҳои 60-уми қарни гузашта мавриди истифода қарор гирифта, муҳлати истифодаашон аз меъёр 3-4 маротиба гузаштааст.
Аз ҷониби Агентӣ дархости лоиҳаи барқарорсозии пойгоҳҳои обкашии Мирзочӯл (ГНС-1,2 ва 3) дар ноҳияи Зафаробод ба маблағи 59 миллион доллари амрикоӣ таҳия гардида, барои маблағгузорӣ ба рӯйхати «Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ барои солҳои 2021-2025» (2 сентябри соли 2021, № 358)  ворид карда шуд.
Соли ҷорӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои пойгоҳи обкашии Мирзочӯл (ПОМ-2)-и  ноҳияи Зафаробод як дастгоҳи обкашии  52-В-11 (1200 W-95) бо муҳаррики барқии 7000 кВт/соат ва қисмҳои эҳтиётиаш аз ширкати истеҳсолкунандаи чинӣ харидорӣ ва ворид карда шуд. Дастгоҳ 31 тонна вазн дорад.
Корҳои аз васл озод кардани дастгоҳи обкашии 52-В-11 ва насби таҷҳизоти нав баъд аз мавсими обёрӣ оғоз мегарданд, ки тавассути канали  ТМ-2 таъмини оби полизӣ беҳтар хоҳад шуд.
Сарфи назар аз ин, дар доираи мукаммали сармоягузорӣ барои бо таҷҳизоти муосиру каммасрафи барқӣ таъмин намудани пойгоҳҳои обкашии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни  соли 2023, №296 тасдиқ  гардидааст, тибқи нақшаи амали солҳои 2023-2025-и Барномаи мазкур, барқарорсозии пойгоҳҳои обкашии Мирзочӯл (ПОМ-1 ва 2) ва ДВГНС ба маблағи 190000 сомонӣ аз ҳисоби институтҳои молиявӣ  ва созмонҳои байналмилалӣ  ба нақша гирифта шудааст. 
Бо мақсади таъмини заминҳои кишоварзӣ бо оби полизӣ, аз ҷониби мутахассисони соҳа корҳои таъмирӣ дар пойгоҳҳои обкашии ноҳия дуруст ба роҳ монда, ба ҳолати 20 июли соли ҷорӣ дар асоси шартнома, тибқи дархост, ба миқдори 142, 6 миллион м3 об  ба  маблағи 2851,3 ҳазор сомонӣ хизмат расонда шудааст ва  корҳо дар ин самт давом доранд.
Дар ҳолати амалӣ гаштани Барномаи мазкур ва дарёфти сарчашмаи маблағгузорӣ, корҳои зикршуда амалӣ гардида, мушкилоти ҷойдошта ҳалли худро меёбанд.
 
Зафарбек ДАВЛАТЗОДА, директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи нашр: 15.08.2023 №: 164
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив