ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

16 август 2023, Чоршанбе
27
0


ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ 
12406 гектар замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд
Дар сохтори Прокуратураи генералии кишвар Маркази ягонаи иттилоотӣ бо ҳайати кории 40-нафара таъсис ёфта, рӯзҳои наздик ба фаъолият шуруъ менамояд. Вазифаи Марказ пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷиноятҳои хусусияти экстремистиву террористидошта, ҷиноятҳое, ки бо истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ (киберҷиноят) содир мешаванд, мебошад. Зимнан, бояд гуфт, ки доир ба таъсиси Маркази ягонаи иттилоотӣ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (23.12.2022) дастур дода шуда буд.
Ин хабарро Раҳмон Юсуф, Прокурори генералӣ, зимни нишасти хабарӣ дар посухи саволи хабарнигори “Ҷумҳурият” дод. 
Бино ба иттилои Прокурори генералӣ, вобаста ба самтҳои назорати прокурорӣ 4342 санҷиш гузаронда шуда, 2481 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст. 
Дар асоси амрҳои прокуророн 12406 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 1579 гектар зиёд мебошад.
Ба 932 қарори ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳо эътироз оварда шудааст, ки 771-тои он (82,7 дарсад) вобаста ба замин мебошад.
Дар ин давра 34 ҳолати харидуфурӯши одамон сабт гаштааст.
 
Маҳмуд МИРЗОЁН
 
 
 
185,4 МИЛЛИОН СОМОНӢ БА МАНФИАТИ ДАВЛАТ БАРҚАРОР ГАРДИД
Дар нимсолаи аввали соли равон мутахассисони самти назорати давлатии молиявии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини истифодаи дуруст ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва молу мулки давлатӣ 168 тафтишу санҷиш гузаронда, ба маблағи 169,8 миллион сомонӣ зарари молиявиро ошкор намуданд. Аз ин маблағ 163,7 миллион  (96,4 дарсад), инчунин, аз ҳисоби тадбирҳои иловагӣ вобаста ба рӯёндани бақияпулиҳои андоз, зарарҳои ошкоршудаи соли қаблӣ ва даромад кардани зиёдомади молу мулк 21,6 миллион, ҷамъ 185,4 миллион сомонӣ ба манфиати давлат барқарор гардид.
Ин маълумотро директори Агентӣ Сулаймон Султонзода, зимни нишасти матбуотӣ дар ҳузури хабарнигорон иброз дошт.                                   
Бино ба иттилои ӯ, аз тарафи воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ 1085 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии хусусияти коррупсионидошта мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ҳуқуқвайронкунандагон ба маблағи 1,4 миллион сомонӣ ҷарима гардиданд. Инчунин, 1329 ҷинояти коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд нисбат ба 724 нафар ошкор шудааст, ки 516-тои он ба гурӯҳи ҷинояти вазнин мансуб аст.
       
Судобаи ФАЙЗАЛӢ
 
 
 
ВАРЗОБ
4658 МЕҲМОНИ ХОРИҶӢ АЗ НОҲИЯ ДИДАН КАРД
 
Иҷрои нақшаи даромади буҷети ноҳияи Варзоб дар нимсолаи аввали соли равон бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 115,6 дарсадро ташкил карда, ба буҷет беш аз 28 миллиону 598 ҳазор сомонӣ ворид гардид, ки назар ба нақшаи пешбинигардида зиёд аст. Дар ин давра қисми даромади буҷети маҳаллӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағҳои мақсаднок (субвенсия) 100 дарсад таъмин гашт. Корхонаҳои саноатии ноҳия ба маблағи зиёда аз 28 миллиону 371 ҳазор сомонӣ маҳсулот тавлид карданд. Дар ин муддат 447 ҷойи нави корӣ таъсис ёфт.
 
Бо зикри ин матлаб, зимни нишасти матбуотӣ Хусрав Дамонзода Назаралӣ, раиси ноҳия шарҳ дод, ки дар шаш моҳи аввали соли равон аз мавзеъҳои истироҳативу таърихии ноҳия беш аз 31 ҳазор сайёҳ, аз ҷумла 4658 меҳмони хориҷӣ дидан кард, ки назар ба соли сипаришуда 8734 сайёҳ бештар аст.
Таъкид шуд, ки дар ноҳия 1000 минтақаи истироҳатӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз он 110 минтақаи истироҳатии оммавӣ ва мавсимӣ аст. Дар ноҳия 25 ёдгории таърихию фарҳангӣ ва меъмории дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ мебошад, ки рӯйхати онҳо дар таҳияи Феҳристи давлатии  ёдгориҳои моддии Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт шудаанд. Дар доираи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 39 иншооти самташ гуногун мавриди истифода қарор гирифта, мувофиқи нақша сохтмони 29 иншоот бомаром идома дорад. 
– Дар давраи ҳисоботӣ 104 ҷиноят сабт гардид, ки 15 – то зиёд мебошад. Аз ҷиноятҳои бақайдгирифта 83 ҷиноят ошкор ва 21 парванда дар тафтишот аст, – иброз дошт Хусрав Дамонзода.
 
Кароматулло АТО
 
 
РОҒУН
1680 ҷойи корӣ барои корҷӯён
 
Тавре Сунъатулло Саидзода, раиси  шаҳри Роғун зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 15,5 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 289,5 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. 
Ҳамзамон, зикр шуд, ки соли равон кишоварзон дар майдони 986 гектар кишти баҳорӣ гузаронданд. Аз ҷумла, дар 536,2 гектар ғалладона, 104 гектар картошка, 36 гектар зироатҳои техникӣ, сабзавоту хӯроки чорво кишт шуданд. Инчунин, дар майдони 17 гектар боғҳои нав бунёд ёфтанд ва 4,95 гектар боғи куҳна барқарор гашт.
Сунъатулло Саидзода, тазаккур дод, ки дар ин давра ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳр 570 шаҳрванд муроҷиат намуд, аз ин шумора 405 нафар ҳамчун корҷӯ сабт ва 208 нафар ба кор таъмин гардид. 80 нафар ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуд, 51 шаҳрванд ҳамчун бекор кумакпулӣ гирифт. Айни замон барои бекорон наздик ба 1680 ҷойи кори холӣ мавҷуд мебошад.
 
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА
 
 
 
БАРОИ НАФАРОНИ ИМКОНИЯТАШОН МАҲДУД ШАРОИТ ФАРОҲАМ АСТ
Бо мақсади дастрас будан ба таҳсил, барои нафарони имконияташон маҳдуд тамоми шароит фароҳам аст. Дар ин бора Абдухалил Ғафурзода, ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар нишасти хабарӣ, иттилоъ дод.
Зикр кард, ки дар Академия 14 нафар маъюб ва 64 ятими кулл ва нимятим таҳсил доранд. Маркази иҷтимоии шахсони имконияташон маҳдуд, ҷиҳати мусоидат ба амалишавии ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии онҳо амал менамояд. Дар ин асос ба 26 донишҷӯи маъюб ва ятими кулл, дар баробари стипендияи муқаррарӣ, ҳар моҳ 300 сомонӣ ёрӣ расонда мешавад. 
Инчунин, мо нақша дорем, ки барои шароити иҷтимоии беҳтари онҳо, як лифти иловагӣ дар бинои таълимӣ ба истифода диҳем.
 
Лола РИЗОӢ
Санаи нашр: 16.08.2023 №: 165
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив