ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » “РӮШОН. ЗИЁНИ КАЛОНИ ЯК МУШКИЛОТИ КӮЧАК”

“РӮШОН. ЗИЁНИ КАЛОНИ ЯК МУШКИЛОТИ КӮЧАК”

16 август 2023, Чоршанбе
35
0
Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолае, ки дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” зери унвони “Рӯшон. Зиёни калони як мушкилоти кӯчак” (19 майи соли 2023) нашр гардидааст, мавриди муҳокима қарор дод. 
 
Зикр бояд кард, ки дар асоси фармоиши вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2023, № 333 Назархудозода Санам Қодир ба мансаби коромӯз – натариуси давлатии идораи нотариалии давлатии ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин гардида, тибқи қонунгузории кишвар, давраи гузаштани коромӯзӣ ба муҳлати 6 моҳ муқаррар карда шудааст. Дар баробари ин, маълум менамоем, ки коромӯз – нотариус дар мансаби холӣ таъин гашта, дар як мансаб, ҳамзамон, таъин намудани ду шахс ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат мекунад. 
А. ҲАКИМЗОДА, муовини вазир  
P.S. Посухи Вазорати адлия ба матлаби таҳлилии “Ҷумҳурият” наметованад идораи рӯзнома ва хонандагони онро қонеъ созад, зеро дар мақолаи мавриди назар масъала чунин арзёбӣ шуда буд:
“Бошандагони ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба намояндагии рӯзномаи “Ҷумҳурият” аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки дар дарёфти хизматрасонии нотариалӣ бо мушкилот мувоҷеҳанд. Гап дар сари он аст, ки имрӯз дар ноҳия идораи нотариалӣ куллан вуҷуд надорад ва сокинон барои дарёфти чунин хизматрасонӣ сарсону саргардон мешаванд. 
Масалан, шаҳрванд Занҷирбекова Бунафша, аз деҳаи Баррушони ҳамин ноҳия, нақл кард, ки, “хостам аз идораи нотариалии давлатӣ боваринома гирам, вале ба ман гуфтанд, ки дар мо идораи нотариалӣ нест, ба маркази вилоят – шаҳри Хоруғ рафтан лозим мешавад. Рӯзи дигар ва пас аз он ҳам аз деҳаи Баррушон мошин ба Хоруғ намерафт, лоҷарам, то маркази ноҳия омада, аз ин ҷо рӯзи дигар ба Хоруғ омадам. Аз ин ҷо маро ба маркази ноҳияи Шуғнон фиристонданд. Хайрият, дар идораи нотариалии ноҳияи Шуғнон навбати довталабони дарёфти амалиёти нотариалӣ зиёд бошанд ҳам, маро бо хушнудӣ қабул карданд, вале барои гирифтани боваринома ба ман лозим омад, боз як рӯзи дигар ба ноҳияи Шуғнон рафта биёям. Вале гап сари ин меравад, ки ин қадар сарсону саргардон кардани сокинони як ноҳия ба кӣ даркор аст? Он рӯз дар автобусе, ки ба Хоруғ омада будам, қариб 20 нафар барои гирифтани боваринома ва дигар ҳуҷҷатҳои нотариалӣ саргардон буд».
Тавре аз суҳбат бо сардори раёсати адлияи вилоят Қаландар Алихониён бармеояд, масъулони соҳа дар самти ҳалли мушкилоти сокинони ноҳия чораҷӯӣ карда бошанд ҳам, мушкилот ҳамоно боқӣ мондаанд ва дар ояндаи наздик ҳам ҳалли худро намеёбанд, зеро мутахассиси навкор, яъне нотариус-коромӯзи зикргардида камаш баъди 6 моҳ ҳуқуқ пайдо мекунад, ки мустақилона амалиётҳои нотариалиро гузаронад ва он ҳам дар ҳоле ки имтиҳони тахассусиро супорад. Агар ин мутахассис аз имтиҳони тахассусӣ нагузарад-чӣ? Дигар саволи матраҳ ин аст, ки чаро масъулони соҳа, албатта, аниқ медонистанд, ки синну соли нотариуси ноҳияи Рӯшон ба ҳадди ниҳоии нафақа мерасад, чаро то ба нафақа гусел намуданаш ба ҷойи ӯ мутахассис омода накардаанд? Ё магар беҳтар намебуд, ки аз рӯи зарурати воқеӣ, ба таври истисно то омадани кадри нав ба нотариуси пештара имконият дода мешуд, ки амалиётҳои нотариалиро дар ноҳия анҷом диҳад?
Санаи нашр: 16.08.2023 №: 165
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив