ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ».  НАМОЯНДАГОНИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ҒОЛИБ ДОНИСТА ШУДАНД

ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ».  НАМОЯНДАГОНИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ҒОЛИБ ДОНИСТА ШУДАНД

16 август 2023, Чоршанбе
9
0
Дар шаҳри Душанбе даври ниҳоии озмуни «Дастархонороӣ» баргузор гардид. Тибқи баҳогузории ҳакамони озмун, намояндагони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сазовори ҷойи якум гардиданд. Дар ин бора ба мо аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
 
Дар даври ниҳоии озмун намояндагони шаҳру ноҳияҳое, ки ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифта буданд, иштирок намуданд. Ҷойи дуюм ба намояндагони шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дода шуд. Намояндагони шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Ваҳдат ва Ёвон сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Иштирокчиёни озмун аз шаҳри Исфара ва ноҳияи Тоҷикобод ҷойҳои ифтихориро сазовор гаштанд. Ҳамаи ғолибон бо диплом ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонда шуданд. Инчунин, иштирокчии фаъоли даври ниҳоии озмун Манижа Алиева бо Ифтихорнома ва мукофоти пулӣ қадр гардид.
Ҳадафи ташкили озмуни «Дастархонороӣ» эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва баланд бардоштани фарҳанги дастархонороӣ мебошад.
 
Меҳрона ЗУВАЙДОВА, «Ҷумҳурият»
 
Санаи нашр: 16.08.2023 №: 165
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив