ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САФАРИ РАСМИИ  РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА ПЕКИН 

САФАРИ РАСМИИ  РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА ПЕКИН 

21 август 2023, Душанбе
31
0
 
Нимаи дуюми рӯзи 20 август Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо сафари расмӣ ба пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин – шаҳри Пекин ташриф овард.
 
Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Пекин Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро муовини раиси Комиссияи Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба масъалаҳои маориф, илм, фарҳанг ва тандурустӣ ва дигар шахсони расмӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
21 август дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар майдони Тянанмэни шаҳри Пекин бо нишони эҳтиром ба таъриху фарҳанг  ва қаҳрамонони мардуми Чин дар назди Ёдгории қаҳрамонони халқӣ гулчанбар гузоштанд. 
Бо гузоштани гулчанбар Рустами Эмомалӣ хотираи шаҳидони роҳи озодӣ ва  қаҳрамонони халқи Ҷумҳурии Мардумии Чинро гиромӣ доштанд.
Дар маросими гулчанбаргузорӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро муовини раиси Комиссияи Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба масъалаҳои маориф, илм, фарҳанг ва тандурустӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.
Дар идомаи сафари расмӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба  Осорхонаи таърихи Ҳизби коммунисти Чин ташриф оварда,  бо намунаи ёдгориҳо ва санадҳои таърихӣ доир ба таърихи  таъсиси ҳизб ва давраҳои ташаккули он шинос шуданд. 
Боиси тазаккур аст, ки осорхона соли 2021 ба фаъолият оғоз намуда, дар он беш аз 2500 акс, 3500 ҳуҷҷату санадҳои таърихӣ ва дигар нигораҳо ба маъраз гузошта шудаанд.
Осорхонаи таърихи Ҳизби коммунисти Чин дар масоҳати беш аз 147 ҳазор метри мураббаъ доман густарда, аз калонтарин осорхонаҳои дорои аҳамияти миллӣ барои мардуми  Чин ба ҳисоб меравад. Бинои асосии он дар шакли иероглифи чинии «гун» (коргарон) сохта шуда, таҷассумгари пешоҳангии  Ҳизби коммунисти Чин дар байни  синфи коргар, мардум ва миллати Чин мебошад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар доираи барномаи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ноҳияи Ичжуани шаҳри Пекин ба минтақаи намоиши идоракунии худкори сатҳи баланди шаҳри Пекин ташриф оварданд. 
Дар ҳамин ҷо Рустами Эмомалӣ бо имконияти минтақаи таҷрибавӣ оид ба татбиқи барномаи автомобилҳои зеҳнӣ бо имконоти шабакавӣ аз наздик шинос шуданд. 
Тавре иттилоъ доданд, ҳудуди минтақаи таҷрибавӣ 225 километри мураббаъ буда, он Фурудгоҳи байналмилалиии Дасин, шаш шоҳроҳи автомобилгарди атрофи Ичжуан, ду шоҳроҳи тезгарди байнишаҳриро фаро мегирад. Айни замон барои аз санҷиши озмоишӣ гузарондани автомобилҳои бесарнишин, аз ҷониби шаҳрдории Пекин 200 роҳи муосир бо масофаи 700 километр истифода бурда мешавад.
Мавриди тазаккур аст, ки барои пешниҳоди хизматрасонии мусофиркашонии нақлиёти бесарнишин дар Чин ширкати «Baidu», ки дар ихтиёри худ 20 воситаи нақлиёти худкору бесарнишини насли панҷум дорад, соҳиби аввалин иҷозатнома мебошад.
 
АМИТ «Ховар»
Санаи нашр: 21.08.2023 №: 168
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив