ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҒАСБИ ЗАМИН Ё ЧӢ ГУНА 15 САДЯК ЗАМИНИ КӮДАКИСТОНИ ДАВЛАТӢ "БЕГОНА" ШУД?!

ҒАСБИ ЗАМИН Ё ЧӢ ГУНА 15 САДЯК ЗАМИНИ КӮДАКИСТОНИ ДАВЛАТӢ "БЕГОНА" ШУД?!

21 август 2023, Душанбе
31
0
 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 апрели соли ҷорӣ ҳангоми мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара аз ҳолатҳои ғасби замини муассисаҳои таълимӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят изҳори нигаронӣ карда буданд. Ҳамчунин, Сарвари давлат таъкид намуданд: «Бо назардошти вазъи зикргардида, роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳои он ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифадор карда мешаванд, ки фаъолияти худро дар ин самт ба таври ҷиддӣ ҷоннок намоянд ва доир ба пешгирӣ кардани ҳама гуна қонуншиканиву ҷинояткорӣ ва таъмин намудани волоияти қонун чораҳои қатъӣ андешанд». 
Хабарнигори «Ҷумҳурият» чунин як ҳолатро дар заминҳои ҳудуди Ширхоргоҳ-кӯдакистони № 3-и шаҳри Турсунзода мушоҳида кард, ки дар он соҳибкоре бинои баландошёна месозад. Ҳангоми дидан намудан аз ҳудуди кӯдакистон, маълум гардид, ки ҳақиқатан дар шафати он бунёди иншооти иборат аз панҷ ошёна идома дошта, зоҳиран ба хонаи истиқоматӣ шабеҳ аст. Кӯдакистони давлатиро аз ин иншоот танҳо як девор ҷудо карда, корҳои сохтмонӣ дар берун ба итмом расидааст. 
Муҳиба Акрамова, мудири Ширхоргоҳ-кӯдакистони № 3, дар суҳбат бо мо тасдиқ кард, ки замине, ки дар он бинои баландошёна сохтаанд, воқеан, замини кӯдакистон буд: «Гарчанде он замон дар ин муассиса фаъолият надоштам, вале баъдан огоҳ шудам, ки масъулон соли 2013 аз ҳисоби заминҳои кӯдакистон 15 садякашро ҷудо намуда, барои сохтани боғчаи кӯдаконаи хусусӣ ба як соҳибкор додаанд. Бо гузашти вақт ба ҷойи боғча ин бинои баландошёна бунёд шудааст. Тибқи ҳуҷҷатҳо, алҳол низ, замини иншоот дар тавозуни кӯдакистони № 3 қарор дорад. Аз ин рӯ, роҳи сертификат кардани замини боқимондаи кӯдакистонро пайдо карда наметавонем. Намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳам, ин ҳолатро тафтиш карда буданд».
Қарори собиқ раиси шаҳри Турсунзода, ки дар пайи он 15 садяк замини кӯдакистони давлатӣ «бегона» шудааст, дастраси мо гардид. Дақиқ шуд, ки он 4 июли соли 2013, таҳти № 489 ба тасвиб расидааст. Дар банди 2-юми он чунин омадааст: «Ба шаҳрванд Акрамов Ҳайдар барои сохтмони «Боғчаи кӯдаконаи замонавӣ» аз ҳисоби заминҳои ҳудуди Боғчаи кӯдаконаи № 3-и ш. Турсунзода, қитъаи замин дар масоҳати умумии 1500,0 метри мураббаъ барои истифодаи бемуҳлат интихоб ва ҷудо карда шавад…  
Маълум гардид, ки дар аввал ин қитъаи замин ба соҳибкор танҳо барои сохтани кӯдакистони шахсӣ дода шудааст, на хонаи баландошёна. «Асрор»-и ба ҷойи кӯдакистон хонаи истиқоматӣ бунёд шуданро хостем аз худи соҳибмулк суол кунем. Мутаассифона, ӯро пайдо карда натавонистем. Огоҳони ҳолати кор гуфтанд, ки акнун соҳиби ин иншоот Ҳайдар Акрамов набуда, балки дигар нафар мебошад. 
– Ба мо мактуб дар бобати санҷиши заминҳои муассисаҳои назди соҳаи маориф омада буд. Дар асоси он дар якҷоягӣ бо кормандони прокуратураи шаҳри Турсунзода заминҳои кӯдакистони № 3-ро низ, санҷиш кардем. Ҳуҷҷатҳояшро тафтиш намудем. Соли 2014 ба қарори қаблӣ тағйирот ворид гардида, тибқи он ошёнаи аввали бино пурра боғчаи бачагона ва ошёнаҳои боқимондааш ҳуҷраҳои истиқоматӣ мебошанд. Хонасоз иҷозат барои оғози корҳои сохтмониро гирифтааст, вале сертификати ҳуқуқи истифодаи заминро надорад, – мегӯяд Дилшод Абраев, мутахассиси пешбари Кумитаи идораи замини шаҳри Турсунзода.   
Масъулони корхонаи воҳиди давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳри Турсунзода низ, тасдиқ карданд, ки бинои баландошёнаи дар замини кӯдакистон бунёдшуда сертификати ҳуқуқи истифодаи заминро надорад. Инчунин, соли 2014 Институти лоиҳакашию тадқиқотии «Фазо»-и назди Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода инвентаризатсияи замин гузарондааст. Тибқи харита, қитъаи замине, ки дар он хонаи баландошёна сохта шудааст, дар тавозуни кӯдакистони № 3 мебошад. Ҳамзамон, Ҷамшед Зоирзода, мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр гуфт, ки иншооти зикргардида, дар «Лоиҳаи муфассали банақшагирии маҳаллаҳои 1,2,3,4 ва қисмати марказии шаҳри Турсунзода» ҷойгир нашудааст. 
Зимни омӯзиш маълум гардид, ки соҳибкоре бо азми фурӯхтан, дар замини кӯдакистон ба ҷойи кӯдакистони хусусӣ, иншооте бунёд намуда, ҳанӯз корҳои сохтмониро ба анҷом нарасонда, онро ба шаҳрванд Хоҷаева Фирӯза Ҳаиталиевна фурӯхтааст. Номбурда соли 2020 барои иваз намудани таъиноти сохтмон ба раиси шаҳри Турсунзода бо ариза муроҷиат намудааст. Раиси вақти шаҳр аризаи шаҳрвандро баррасӣ намуда, моҳи феврали соли 2020, таҳти № 275 дар бораи тағйирот ворид намудан ба қарори № 489, қарори навро ба тасвиб расондааст. Дар қарори мазкур чунин гуфта шудааст: 
«1. Таъиноти истифодаи қитъаи замини зери бинои нотамоми «Боғчаи кӯдаконаи замонавӣ»-и харидоринамудаи шаҳрванд Хоҷаева Фирӯза Ҳаиталиевна, воқеъ дар шаҳри Турсунзода, кӯчаи П. Тоҷиев, бинои 87, бо мақсади истифода ҳамчун бинои 5-ошёна, дар ошёнаи якум ва дуюм боғчаи кӯдакона, дар ошёнаҳои болоӣ хонаҳои истиқоматӣ бо ҳуқуқи истифодаи бемуҳлат тағйир дода шавад».
Тавре ки дар қарор дарҷ шудааст, ошёнаи аввал ва дуюми ин иншоот бояд кӯдакистон мебуд. Аммо, вақте ба бинои мазкур назар мекунӣ, зоҳиран ошёнаи аввалаш ба маркази савдо ва ошёнаи дуюм ба хонаи истиқоматӣ монанд аст. Дар ҳавлии иншоот низ, барои сайругашт ва бозии тарбиятгирандагон шароит фароҳам нест. Маълум, ки ҳадаф на сохтани кӯдакистон, балки сирф хонаи истиқоматӣ будааст. Масъулон гуфтанд, ки соҳиби ин иншоот то ҳол сертификати ҳуқуқи истифодаи заминро нагирифтааст. Пас, чӣ гуна соҳибкор бидуни сертификат, мустақиман аз сармеъмори вақти шаҳр иҷозатномаи оғози сохтмонро дастрас кардаю сохтмон анҷом дода бошад? Ин суолест, ки аз масъулони соҳа ҷавоби мушаххас мехоҳад. 
 
Ёқуби СОДИҚ, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 21.08.2023 №: 168
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив