ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ФОРУМИ СОҲИБКОРИИ G-5 ДАР ШАҲРИ ХОРУҒ     

ФОРУМИ СОҲИБКОРИИ G-5 ДАР ШАҲРИ ХОРУҒ     

21 август 2023, Душанбе
15
0
 
Бо ибтикори Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» дар ҳамдастӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ дар доираи баргузории Форуми соҳибкориву сармоягузории «Помиринвест-2023» бори нахуст дар шаҳри Хоруғ форуми соҳибкории G-5 таҳти унвони «Таърихи муваффақияти соҳибкорони тоҷик» баргузор гардид. 
Дар кори он намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, шарикони рушд ва бахши хусусӣ ширкат варзида, бобати минбаъд бештар равнақ бахшидани рушди соҳибкорӣ ва, ба ин васила, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии  сокинони кишвар табодули афкор намуданд.  
Иматшозода Анвар Иматшо, муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зимни баромад  зикр кард, ки ҳамасола аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ   барои рушди босуботи соҳаҳои иқтисодӣ, аз ҷумла соҳаи соҳибкорӣ, тадбирҳои амалӣ андешида шуда, барои соҳибкорон имтиёзҳои гуногун роҳандозӣ мегарданд. Дастёбӣ ба қарзҳои имтиёзнок аз ҷониби бонкҳои давлатӣ аз ҷумлаи дастгириҳои соҳибкорони маҳаллӣ ба ҳисоб меравад, ки он сол ба сол  рӯ ба афзоиш дорад. Дар доираи дастгирии соҳибкорӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба хотири рушди соҳа барои соҳибкорон имтиёзҳои гуногун роҳандозӣ мешаванд.  Содагардонии барасмиятдарории андозиву гумрукӣ  аз ҷумлаи ин имтиёзҳо мебошад, ки ба пешрафти фаъолияти соҳибкорӣ мусоидат мекунад.  Маҳз  ин ва дигар  дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти олии сиёсии кишвар аст, ки имрӯз зиёда аз 90 фоизи муомилоти мол дар ВМКБ аз ҷониби соҳибкорон сурат мегирад. Айни замон дар вилоят қариб 6,5 ҳазор соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар самтҳои  гуногун фаъолияти густурда доранд. 
Зикр гардид, ки маҳз ба шарофати суботи комили сиёсӣ имконият фароҳам омад, ки дар вилоят 16 лоиҳаи бузурги давлатӣ дар марҳилаи амалишавӣ қарор дорад, ки то ба ҳамин рӯз дар доираи ин лоиҳаҳо маблағи 1,3 миллиард сомонӣ аз худ карда шудааст.
Муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршедаи Қодир зикр кард, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ Ҳукумати ҷумҳурӣ сиёсати дарҳои бозро эълон намудааст, ки ин иқдом барои ҷалби сармоя ба иқтисоди кишвар мусоидат намуда, давоми зиёда аз 32 сол дар баробари лоиҳаҳои давлатӣ, ҳамзамон, чандин лоиҳа дар ҳамдастӣ бо шарикони рушд ба хотири рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи вилоят амалӣ гардиданд.  Хуршедаи Қодир,  ҳамчунин,  бобати грантҳои президентӣ барои бонувон, портали «B2B»,  фаъолияти Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ва дигар тадбирҳое, ки барои дастгирии соҳибкорон дар кишвар роҳандозӣ шудаанд, сухан гуфт.
Ҳамдам Давлатмамадов,  директори  ҶДММ “Сабзавоти кӯҳистон”,  оид ба таҷрибаи худ ҷиҳати парвариши сабзавот дар  гармхона дар шароити кӯҳистон  ибрози назар намуд. Ӯ гуфт, имсол аз гармхонааш ба бозори маркази ноҳияи Рӯшон ва шаҳри Хоруғ беш аз 20 тонна помидор фиристодааст ва ҷамъоварии ҳосил идома дорад.  Дар идома дигар иштирокдорони форум оид ба роҳҳои расидан ба муваффақият ва фаъолияти пурсамар дар самти рушди бахши хусусӣ ибрози андеша карданд.
Дар фароварди кори форум миёни соҳибкорони муваффақ ва аҳли толор мубодилаи афкор сурат гирифт.
     
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 21.08.2023 №: 168
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив