ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БОХТАР. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

БОХТАР. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

21 август 2023, Душанбе
25
0
 
Ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Бохтар давоми шаш моҳи аввали соли равон 639 сокини маҳаллӣ барои пайдо намудани ҷойи кор муроҷиат кард ва 527 кас, тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ», ба қайд гирифта шуд. Аз шумораи зикргардида 350 нафарро занон ташкил медиҳанд.   
 
Сардори шуъба Шералӣ Қодиров зимни суҳбат ба хабарнигори «Ҷумҳурият» шарҳ дод, ки ҳадафи асосии онҳо мусоидат ба корҳои доимиву мавсимӣ, паст кардани сатҳи бекорӣ, танзими бозори меҳнат ва зиндагии шоистаи мардум мебошад. Ӯ гуфт, ки тибқи “Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон”, соли равон дар шаҳр бо ҷойи кор таъмин намудани 1197 корҷӯ ба нақша гирифта шуда, ба ҳолати якуми июли соли равон аз тарафи мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ба 527 сокин дар соҳаҳои гуногун барои бо кори доимӣ таъмин гаштан мусоидат карда шуд. Нишондод 63 дарсади нақшаи солонаро ташкил медиҳад. 
Бо мақсади боз ҳам бештар ба шуғл фаро гирифтани корҷӯён шуъба аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода карда, дар шаш моҳ дувоздаҳ ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод гузаронд. Дар онҳо понздаҳ корхонаю ташкилот, муассиса ва корфармо иштирок карда, ба корҷӯён 127 ҷойи кори холӣ ва вазифаҳои озодро пешниҳод намуданд. Аз ин ҳисоб 527 сокини маҳаллӣ соҳиби кор ва шаҳрвандони зиёд, хусусан бонувону ҷавонон, барои касбомӯзӣ роҳхат гирифтанд. 
Бо мақсади амалӣ кардани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба касбомӯзӣ ҷалб намудани шаҳрвандони бекасб тадбирҳо андешида, шаш курси омӯзишӣ, аз ҷумла компютерӣ, дӯзандагӣ, бофандагӣ ва ороишгарӣ, ташкил гардид, ки  дар онҳо 85 бекор ҷалб шуд. 
Ба гуфтаи масъулон, дар нимсолаи соли равон, тибқи дастурамал ва шартнома байни мақомоти шуғл ва корфармо 20 корҷӯи беихтисос ба корҳои ҷамъиятӣ пайваст. Илова бар ин, баҳри дастгирии иҷтимоии бекорон дар ин давра 139 нафар, аз ҷумла сарбозони аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар баргашта, нафарони аз маҳбас озодшуда ва шаҳрвандони аз кор ихтисоршуда, ба маблағи 123 400 сомонӣ ёрипулӣ барои давраи бекорӣ гирифтанд. 
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҳамкорӣ бо сохторҳои масъул кӯшиш дорад, ки дар доираи иҷрои дастурҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талаботи барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ бо истифода аз ҳамаи шароиту имкониятҳо ҷойҳои нави кор таъсис дода, ба ин васила, ба боз ҳам баланд шудани сатҳи зиндагии мардум мусоидат намояд.
 
Руҳафзо МУРОДОВА, 
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 21.08.2023 №: 168
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив