ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » “ЭКОЛОГИЯ.  БАЪЗЕ МАСЪАЛАҲО ҲАЛЛИ БЕТАЪХИР МЕХОҲАНД”

“ЭКОЛОГИЯ.  БАЪЗЕ МАСЪАЛАҲО ҲАЛЛИ БЕТАЪХИР МЕХОҲАНД”

21 август 2023, Душанбе
78
0
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон мақолаи Ҳ. Маҷидов, профессори Донишгоҳи байналмилалии  сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва А. А. Абдуллоева омӯзгори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро зери унвони  “Экология. Баъзе масъалаҳо ҳалли бетаъхир мехоҳанд”, ки дар рӯзномаи “Ҷумҳурият ” (16 январи соли 2023,  №17) ба нашр расидааст, мавриди омӯзиш ва таҳлил қорор дода, маълумоти мазкурро пешниҳод менамояд.
Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва мақомоти зертобеи он ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилиҳои экологии ҷойдошта  назорати давлатии экологиро тибқи талаботи қонунгузорӣ ба роҳ монда, аз ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, аҳолӣ, тибқи корҳои фаҳмондадиҳӣ, талаб менамояд, ки меъёру қоидаҳои экологӣ риоя карда шаванд. Аз ҷумла, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе то имрӯз як қатор қарорҳои дахлдори самти муҳити зистро ба тасвиб расонд, ки барои беҳтар гардондани вазъи экологии пойтахт мусоидат менамоянд.
Бо дастури МИҲД-и шаҳри Душанбе маъмурони ҶСК  “Сементи тоҷик” ва  ҶСК “Барқу гармидиҳии Душанбе” ҷиҳати коҳиш додани партовҳо ба ҳавои атмосфера ва пайваста тозаву иваз кардани полоишҳо (филтрҳо) вазифадор карда шуданд. Бо дастури МИҲД-и шаҳри Душанбе корхонаи истеҳсоли сементи шаҳри Душанбе ба хотири таъмини амнияти экологӣ ба ҷои дуртар аз шаҳр ва муҷаҳҳаз бо технологияи ҳозиразамон кӯчонда мешавад.
Бо назардошти беҳтар намудани вазъи ҳавои атмосфера дар шаҳри Душанбе, тайи солҳои 2021-2023 истифодаи нақлиёти бо энергияи барқ ҳаракаткунанда оғоз ёфта, МИҲД-и шаҳри Душанбе тасмим дорад, ки дар солҳои минбаъда теъдоди чунин воситаҳои нақлиётиро бамаротиб зиёд намояд.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифат ва тарбияи экологии аҳолӣ бо қарори  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  “Барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” (3 апрели соли 2021, №116) қабул ва татбиқ шуда истодааст. Вобаста ба амалишавии Барномаи мазкур, тибқи нақша - чорабиниҳои тасдиқгашта, дар ҳамкорӣ бо сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, донишгоҳу донишкадаҳои олии дар шаҳри Душанбе фаъолияткунанда, коллеҷу литсейҳо чорабиниҳои тарғиботии экологӣ роҳандозӣ гардида, бо аҳолии маҳаллаҳо суҳбату вохӯриҳо пайваста доир мешаванд. Ҷиҳати огаҳии бештари аҳолӣ нисбат ба масъалаҳои ташвишовари экологӣ дар ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ пахш шуда, дар рӯзномаҳо  мақолаҳо  ба нашр расида истодаанд.
Тибқи нақшаи ташкил ва баргузор намудани маҳфили экожурналистони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи татбиқи “Барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, чунин маҳфилҳо моҳе як маротиба баргузор гардида, аъзоёни он ҷиҳати шиносоӣ ба фаъолияти ҳар як самти мақомоти соҳавӣ, ташвиқу тарғиби ҳифзи муҳити зист, баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ ва ба онҳо дастрас кардани маълумоти дақиқи экологӣ аз масъулони мақомоти соҳавӣ маълумоти зарурӣ дастрас менамоянд. Соли равон ду маротиба чунин чорабинии омӯзишӣ дар мавзеъҳои табиии зертобеи Кумита баргузор шуд.
Тибқи маълумоти сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе, бо назардошти беҳтар намудани вазъи ҳавои атмосфера дар пойтахти кишвар, бо дастури Мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии шаҳри Душанбе тайи солҳои 2021-2022-юм  104  тролейбус ва зиёда аз 500 кироякаши барқӣ (таксӣ) харидорӣ шуда,  мавриди истифода  қарор гирифт. Мутобиқ ба қарори раиси шаҳри Душанбе вуруди нақлиётҳои бо барқ ҳаракаткунанда идома дорад.
Айни замон дар пойтахт зиёда  аз 85 ҳазор воситаи нақлиёт, аз ҷумла  623 автобус, 104 тролейбус, 1557 автобуси хурди мусофиркаш ва 4350 нақлиёти кироякаш (таксӣ), ба қайд гирифта шудааст.
Кумита миннатдории худро ба муаллифони мақолаи мазкур, ки пешниҳодҳои муфидро барои боз ҳам беҳтар гаштани вазъи экологии шаҳру деҳоти кишварамон дарҷ намудаанд, эҳтиромона  мерасонад.
 
А.М. МАВЛОДОД, муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи нашр: 21.08.2023 №: 168
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив