ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВМКБ. ФОРУМҲОИ "ПОМИРИНВЕСТ”  БА РУШДИ ИҚТИСОДИЮ ИҶТИМОИИ  ВИЛОЯТ ТАКОН МЕБАХШАНД

ВМКБ. ФОРУМҲОИ "ПОМИРИНВЕСТ”  БА РУШДИ ИҚТИСОДИЮ ИҶТИМОИИ  ВИЛОЯТ ТАКОН МЕБАХШАНД

22 август 2023, Сешанбе
40
0
 
Дар арафаи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти  Мухтори  Кӯҳистони Бадахшон дар маркази маъмурию фарҳангии вилоят – шаҳри Хоруғ Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузории “Помиринвест-2023” доир гардид. 
Дар он зиёда аз 400 нафар, аз ҷумла роҳбарон ва намояндагони сафоратҳои як қатор кишварҳои ҷаҳон, ташкилотҳои давлатӣ, байналмилалӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, доираи васеи сармоягузорону соҳибкорон ва намояндагони васоити ахбори омма, ширкат варзиданд.
 
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Саъдӣ Қодирзода дар оғози  форум роҷеъ ба имкониятҳои рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя ба рушди иқтисодиёти минтақа сухан кард.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот зикр намуд, ки дар раванди баргузории Форуми байналмилалии соҳибкорию  сармоягузории “Помиринвест-2022” зиёда аз 28 шартнома ва тафоҳумнома дар соҳаҳои гуногун байни сохторҳои давлатӣ, созмону ширкатҳо ва шарикони рушд ба маблағи қариб як миллиард сомонӣ баста шуд, ки чунин натиҷа дар таърихи баргузории ин чорабинӣ бесобиқа мебошад. Сатҳи татбиқи ин иқдомҳо баланд буда, онҳо бобати фароҳам овардани шароити наву созгор ва мустаҳкам кардани таҳкурсии корҳои созандагию бунёдкорӣ мусоидат менамоянд.
Раиси вилоят таъкид кард, ки маҳз тавассути сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, алалхусус, дар самти ҳамкории хориҷӣ ва сармоягузорию соҳибкорӣ, дар заминаи принсипи сиёсати дарҳои кушода, шароити мусоид фароҳам омад, ки лоиҳаҳои муштараки бузург амалӣ гарданд.
Гуфта шуд, ки аз  созишномаҳои дар форуми соли 2022 баимзорасида 12-то ба маблағи 210 миллион сомонӣ анҷом пазируфта, дар 14 лоиҳа ба маблағи 739,4 миллион сомонӣ корҳо дар ҷараён буда, соли равон оғози роҳандозии 2 созишнома ба маблағи 8,6 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Таъкид гардид, ки дар доираи чор стратегияи давлатӣ айни ҳол дар ҳудуди ВМКБ  амалисозии лоиҳаҳои бузурги навсозии шоҳроҳи Душанбе – Хоруғ – Кулма дар масофаи 92 киллометр, аз маркази ноҳияи Дарвоз то сарҳади маъмурии ноҳия Рӯшон ба маблағи 2 миллиарду 400 миллион сомонӣ идома дошта, бунёди НБО “Себзор” дар ноҳияи Роштқалъа ба маблағи зиёда аз 630 миллион сомонӣ ва  сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ дар ноҳияи Мурғоб ба маблағи 15 миллион сомонӣ вусъати нав касб менамоянд.
Дар соҳаи саноат бошад, дар асоси эълон намудани солҳои 2022-2026 – Солҳои рушди саноат бунёд ва таъсиси 92 корхона ба нақша гирифта шуда, танҳо соли равон 20 коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ба истифода дода мешаванд. Инчунин, дар доираи нақша-чорабиниҳо бахшида ба таҷлили Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят зиёда аз 1000 иншоот бунёд мегардад. Соли равон, мутобиқи нақша ва берун аз он, зиёда 400 иншооти гуногун мавриди истифода қарор дода мешавад.
Дар чорабинӣ, ҳамчунин,  вазири саноат ва технологияҳои нав  Шералӣ Кабир, муовини вазири рушди иқтисоди Федератсияи Россия Волвач Дмитрий Валеревич, сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мануэл Миккалер, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валихан Туреханов ва сармоягузорону соҳибкорон баромад намуданд. Сипас, вобаста ба масъалаҳои баррасигардида, миёни иштирокдорони форум табодули афкор сурат гирифт, ки дар ҷараёни он соҳибкорону сармоягузорон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ дар вилоят, татбиқи лоиҳаҳои муҳими сармоягузорӣ ҷиҳати рушди иқтисодию иҷтимоии минтақа мубодилаи назар намуданд. 
Сипас,  форум кори худро дар  панелҳо – “Ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ба иқтисодиёти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон”, “Рушди соҳаҳои саноат ва энергетика дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо таваҷҷуҳ ба эълон гардидани солҳои 2022-2026 – Солҳои рушди саноат” ва “Имкониятҳои рушди соҳибкорӣ дар бахши сайёҳӣ ва ҷалби сармоя ба инфрасохтори соҳа” идома бахшид.     
 
Раҳмони  ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 22.08.2023 №: 169
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив