ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВАРЗОБ.  ДЕҲОТИЁН СОҲИБИ БУНГОҲИ ТИББӢ ШУДАНД

ВАРЗОБ.  ДЕҲОТИЁН СОҲИБИ БУНГОҲИ ТИББӢ ШУДАНД

22 август 2023, Сешанбе
7
0
Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пешвози сазовори Ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатӣ, дар деҳаи Сафедораки деҳоти Деҳмалики ноҳияи Варзоб бунгоҳи тиббӣ ба истифода дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб хабар медиҳад.
Роҳбарияти ноҳияи Варзоб сокинони деҳаро барои бунёди чунин муассисаи тандурустии хуштарҳу замонавӣ табрику таҳният гуфта, иброз намуданд, ки имрӯзҳо дар тамоми манотиқи мамлакат баҳри истиқболи шоистаи Ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои ободониву созандагӣ идома доранд.
Таъкид шуд, ки бунгоҳи тиббӣ аз ҳисби буҷети ноҳияи Варзоб якҷо бо соҳибкори ватанӣ Орифҷон Раупов ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷиҳати беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ бунёд шуда, ба 1932 сокини деҳа хизмат мерасонад.
Бунгоҳи тиббӣ дорои ҳуҷраҳои қабули беморон, табиби оилавӣ, ташхиси занона ва доругузаронӣ буда, бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз аст.
 
Меҳрона ЗУВАЙДОВА, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 22.08.2023 №: 169
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив