ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НАХУСТИН СИНАМОҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ  ДАР ДУШАНБЕ

НАХУСТИН СИНАМОҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ  ДАР ДУШАНБЕ

22 август 2023, Сешанбе
36
0
Моҳи октябр дар Душанбе нахустин Синамоҷашни байналмилалии Душанбе– «Тоҷи Сомон» бо унвони «Таърихи рушди тоҷикон» баргузор мегардад. 
Интизор меравад, ки ҳунарпешагон ва синамогарони номвари давлатҳои хориҷӣ дар он иштирок карда, беҳтарин филмҳои худро ба намоиш гузоранд.
Ҷашнвора бо дастгирии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик аз 15 то 19 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе мегузарад. Мақсади он дастгирии ҷавонони эҷодкор, таваҷҷуҳ ба арзишҳои миллӣ, табодули таҷриба, омӯзиш, манзури ҳаводорони кино намудани филмҳои ватанию хориҷӣ, таҳияи лоиҳаҳои муштарак, муаррифии маконҳои сайёҳӣ ва тарғиби дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, таҳкиму тавсеаи робитаҳои байналмилалӣ дар соҳаи кино дар доираи «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» иборат мебошад.
 
 
НИЛУФАР АЗИЗОВА  ДАР МОСКВА МУВАФФАҚ ШУД
Аз натиҷаи марҳилаҳои интихобӣ дар Россия ва ҳашт давлати ИДМ иштирокдорони Ҷашнвораи 14-уми байналмилалии хайриявӣ  муайян гардиданд, ки дар байни онҳо хонандаи синфи 10 Литсейи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе Нилуфар Азизоваи 16-сола низ ҳаст. 
Дар даври интихобӣ Нилуфар Азизова таронаи «Вақте ки ту бовар мекунӣ»-ро («When You Believe») пешниҳод кард ва ҳунари ӯ аз ҷониби муассис ва илҳомбахши лоиҳа, Ҳунарпешаи мардумии Россия Диана Гуртская баҳои баланд гирифт.
Бояд гуфт, ки 10 октябр дар Москва консерти фестивали «Асои сапед» барпо мегардад. Дар он ситораҳои машҳури эстрадаи Россия дар як саҳна бо кӯдакону наврасони биноиашон суст ҳунарнамоӣ мекунанд.
 
 
 “ТОҶИКФИЛМ” СИНАМОГАРОНИ ҶАВОНРО ДАЪВАТ МЕКУНАД
Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” довталабонро ба курси панҷмоҳаи мактаби синамогарони ҷавон “Навомӯз” даъват мекунад, ки аз 15 сентябри соли 2023 оғоз мешавад.
Ҳадафи таъсиси мактаби синамогарӣ дар назди “Тоҷикфилм”, пеш аз ҳама, тарбияи кадрҳои лаёқатманд ва ҷалби ҷавонон ба соҳаи синамо мебошад. 
Майлу рағбат ба соҳаи синамо, донистани забонҳои тоҷикию русӣ, англисӣ талаботи асосии мактаби мазкур мебошад.
Хатмкунандагон сертификати хатми курси Мактаби синамогарони ҷавон – “Навомӯз”-ро мегиранд.
 
Лола РИЗОӢ, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 22.08.2023 №: 169
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив