ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МОДАР БЕҲТАРИН ШЕЪРИ ОФАРИДАИ ПАРВАРДИГОР

МОДАР БЕҲТАРИН ШЕЪРИ ОФАРИДАИ ПАРВАРДИГОР

23 август 2023, Чоршанбе
156
0
 
Модар дарду доғи даҳ фарзанд кашидан метавонад, аммо чунин буда, ки дар дили даҳ фарзанд ғуссаву ғами як модар намегунҷад.
* * *
Беҳтарин шеъри офаридаи Парвардигор модар аст. Ба ҳама забон метавон хонд, ба ҳама забон метавон суруд.
 
* * *
Хуршеду гулу обшор ба забони модар ҳарф мезананд.
* * *
Аллаи модар рӯшноист дар дили шаби торик.
* * *
Ашки модар сӯзонтар аз шарори оташ бичакад. Оҳ, агар ин ашк бо гуноҳи фарзанд резад. Мисли ҳезуми тар сӯзад.
* * *
Баҳру уқёнусҳои азим лаб фурӯ бастаанд. 
Кӯҳҳои сарафрохта дар сукутанд. 
Рӯзе аз бузургии муҳаббати модар суол кунанд, ҳарф хоҳанд зад.
* * *
Хоки пойи модарон беҳтарин сурмаи дард аст.
* * *
Биҳиште гар дар ин дунёст, суҳбату дидори модар аст.
* * *
Марги модар барои мо афсона аст, ки бовар намекунем.
* * *
Модар фариштаи пок аст. Озоре аз ӯ бинӣ, бубахшо. Дурӯғе гӯяд, рост пиндор. Ранҷе диҳад, ба дил нагир. Хатои модар ба хотири  хубӣ ба фарзанд аст.
 
* * *
Тифли нобино модари худро бо чашмони дил мебинад. Ӯро аз бӯяш, бо палмосидани дастакони кӯчакаш мешиносад.
Кӯрдилоне зиндаанд, ки бо чашми бино модари хеш нашиносанд.
 
* * *
Ба тифли ятим руҳи модар нигаҳбонӣ кунад. 
Барои бахти ӯ талош меварзад, лаҳзаи мушкил ба мадад бишитобад, ҳар санги балои басарашомадаро бозмедорад.
Хирадмандон беҳуда нагуфтаанд: дили ятимро маёзор, оҳи ятим сахт мегирад.
 
* * *
Он ҳама ранҷу кулфате, ки модар барои фарзанд мекашад, дар як паллаи бузургтарин тарозуи адолати дунё ҳамеша вазнинтар аст.
Бори ҳамвазни он танҳо як пора дили меҳрубони фарзанд буда метавонад.
* * *
Дами пирӣ модар ба тифле монад, дастнигару меҳринтизор.
Боре тифлии хеш дар оинаи хаёл дидаӣ? Модари модари худ мебояд шуд.
* * *
Модарамро ёд надорам. Сураташ ба ёдгор нест. Таскини дил ҳар субҳ ба оина менигарам. Дар чашми хеш чашмони ӯро мебинам. Дар лабонам хандаи шукуфтаи ӯро, дар нигоҳам нигоҳи меҳрборашро.
Модари ман эҳё шуда дар ҳастиям.
Кош ман ҳам эҳё шавам…
* * *
Дами ҳар ҳаводису хатар, рӯёрӯйи тарс пири садсола ҳам «Модар!» мегӯяд, тифли навзабон ҳам.
Бо номи муқаддаси модар дар набард ғолиб оянду додани ҷон осон гардад.
* * *
Фарзанд надид. Интизор буд. Ба ҳар даре ангушти умед мезад. Давлату дороияш сарф шуд. Ба мӯйи қатронияш сапедӣ афтод. Гунг ҳам, кар ҳам, кӯр ҳам бошад, бигзор бошад мегуфту фарзанд металабид. 
Оҳи дилашро Худо шунавид. Имрӯз ягона писари бадхӯю оворааш хашм мегирад ба модар, озораш медиҳад, дуруштӣ мекунад бо ӯ.
Модар аз тақдир шиква надорад.
* * *
Модар табиате дорад пурасрор.
Хашми ӯ ба фарзанд чун зарраи барфи сапед, итоби ӯ чун қатраҳои борон пеши Офтоб аст. Қаҳри модар аз фарзанд як нафас аст.
Модар кулли гуноҳҳои фарзандро мебахшад, фарзанд не.
* * *
Ҳаргиз касе дар дасти ӯ риштаву сӯзан надида буд. Мегӯянд ӯ куртаи нахустин барои тифли навзодаш дӯхтаст.
Ҳоло дар деҳа чевари овозадор аст.
* * *
Ман ӯро хуб медонам. Фарзанди ягона буд. Модар басо азияташ кашид, аммо сахтрӯ ба навозишу меҳрубонии модар буд. Ба модар озор медод. Муноқиша мекард.
Солҳо гузаштанд. Акнун тез-тез бо ӯ сари роҳ дучор меоям. Ҳар рӯз ба аёдати модар меравад. Аз хонаи ӯ то хонаи модар масофаи дурест, вале ӯ пиёда меояд. Фурсат меёбаду пайваста хидмати модар мекунад.
Фаҳмидам, модар шудаст.
* * *
Ҳиммати туро ҳамтое нест. Забони гӯё, пойи равон, ақли расоям додӣ. Бахти ночашида, умеди ширин, ҳар чи бо худ доштӣ, ба ман мондӣ.
Танҳо то имрӯз ҷавоб ба суоли пурҳасрати хеш намеёбам, модар!
Маро ба кӣ вогузоштӣ?
* * *
Муъҷизае рӯй медоду тифл аз нахустин рӯзи ба дунё омадан забон мебаровард, сухани аввалаш боз «модар» мебуд, агар ба по мерафт, сӯйи модар метохт, агар ақл медошт, хизмати модар мекард.
* * *
Модару тифл пайванди шодиҳои имрӯзу фардои мост.
То даме модар зинда аст, ин пайванд барҷост, ғаме, аламе ба он гиреҳ набандад.
* * *
Ҳеҷ мушкиле сари баланди модарро хам накунад, ҳеҷ сахтие ӯро зи по наафканад. 
Агар фарзанд асои ӯст.
* * *
Ҳар рӯз ба чеҳраи зебои тифлаки хеш менигарам. Ҳар рӯз аз зангӯлаи дилангези хандаҳояш маст мешавам. Чашму рӯяш пайваста мебӯсам. Аз нидоҳои шодиомез, талаффузҳои номафҳуми ширинаш завқ мебарам. Ҳар рӯз дар ӯ як шева, як нағма, як рафтори аҷибе мебинам.
Ҳар рӯз ид дорам.
* * *
Сари гаҳвора басо шабҳои ситорарез ба кӯдакони хеш афсона мегӯем, то рӯзе ба ҳақиқати талхи зиндагӣ бовар кунанд. 
Бо навозиши нарму бӯсаҳои нотамом буди дунёи муҳаббати худ мебахшем, то дунёдор бошанд.
* * *
Чи бӯйи латифу ширине биншаста дар саропойи тифлаки навзоди ман. Бӯйи хуши ӯ атри ноёб ба фазои хона печидаст.
Эй оне, ки умре барои лаззати биҳишт заҳмат кашидаӣ! Назора ба тифли ман бинмо, ки ҳусни биҳиштӣ дорад ва оғӯши маро бубин, ки пур аз бӯйи биҳишт аст.
* * *
Тифл дар рӯзгори модар чу шоире ба дунё меояд.
Бо истеъдоди ӯ мардум модарро шиносанд.
* * *
Табиати афсунгар қодир аст қонуну эъҷози худ дигар кунад. Рӯзи тобистон барф резаду рӯзи зимистон гул шукуфад.
Танҳо ба ҳеҷ сеҳру муъҷизае баробари модар ҳаётофаранда нест, ки пайванди ҷовидони одаму олам бошад.
* * *
Чашми модари хушбахт, ки тифли навзод дар бағал гирифтааст, дунёро чу тифлаки худ зебову ҳамаро бегуноҳ мебинад.
Тифл кушояндаи қулфи хислатҳои наҷиб аст.
 
Латофат КЕНҶАЕВА, шоир ва рӯзноманигор
Санаи нашр: 23.08.2023 №: 170
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив