ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БО МЕҲРИ ТУ

БО МЕҲРИ ТУ

23 август 2023, Чоршанбе
46
0
Бо меҳри ту ҳаргизам набошад ғам,
Эй банданавоз дар ҳама олам.
Рӯйи ту агар набуд дар олам,
Аз моҳ хабар набуду  аз гул ҳам.
Эй хандаи ту давои ҳар дарде, 
Бархезу бирез аз лабат марҳам. 
Бигзор бигӯямат, туӣ Ризвон,
Эй ҷаннати бозмондаи хуррам.
Бинмой чароғи рӯйи рӯзатро, 
Магзор маро дар ин шаби мубҳам.
Султони дилам туӣ, бифармо ҳукм,
То зери қазои ту равам муҳкам.
 
 
БАЪД АЗ ТУ, МОДАР!
Баъд аз ту, модар, дар раги мо равнақи мондан набуд,
Ҳатто барои ашкҳои мо дигар доман набуд.
Як тикка борон ҳам гузар дар кӯчаҳои мо накард,
Аз субҳ то шаб гарчи ҳар чӣ буд ҷуз мурдан набуд.
Баъд аз ту, модар, тифли ту пироҳани чилтикка шуд,
Исои ман ҳатто барои васлаи сӯзан набуд.
Вақти ҷаҳон аз синаам оташфишони шуълаҳост,
Модар, намедонӣ, ки  ҷуз оташфишонам тан набуд.
Бо қоби аксат то саҳар дарди диле мехостам,
Буғзи гулуи мо шикасту фурсати гуфтан набуд. 
 
 
АГАР БУДӢ
Агар будӣ дилам ранги дигар дошт, 
Дарахти сарнавиштам баргу бар дошт. 
Агар будӣ даруни синаи ман, 
Кабутарҳои ошиқ болу пар дошт.   
 
 
ИЗОФА
Зода шудам, як калима изофа шуд бар ҷаҳон.
На танҳо як калима, ҳамон нахустин ашкҳоям дойрат-ул-маорифе буд, лабрез аз маонию суол.
Ҳоло орифон дунболи нахустин ишқ мегарданд...
Бостоншиносон дунболи нахустин устухон…
Шоирон дунболи нахустин вожа…
Ва ман дунболи нахустин зане мегардам, ки 
нахустин гиряҳоямро тақдими доманаш кардам...
 
 
МОДАР
Баъд аз ту ба ҳеч дунёе ворид нашудам,
Баъд аз ту дастҳоям фалаҷ шуд.
Сарамро ба синаи вожагон гузоштам,
китобе шудам, ки охир надошт.
Маро ҳар шоире замзама мекард.
Барои хазон, 
Дарахте шуда будам,
ки наққошон ба суратам ранг мепошиданд...
 
Рустами АҶАМӢ,
узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
Санаи нашр: 23.08.2023 №: 170
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив