ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АГАР МОДАРАМ НАМЕБУД...

АГАР МОДАРАМ НАМЕБУД...

23 август 2023, Чоршанбе
82
0
 
Лонае, ки пари модар надорад, бар гунҷишкон лонаи қабр ва хонае, ки меҳри модар надорад, бар фарзандон зиндони заҷр аст. Дар ин дунё зиндагӣ кардан, зери ҳар сақф бо ҳар ҷалол ва ҷамоле бистари оромиш надорад, магар ин ки ҳамон кулбаи вайрона бо ҳамон тасвири меҳри модар ва ҳамон нони модар лаззати дигаре дорад. Дар сахттарин шароити зиндагӣ фақат як калима аз як шахси хоси зиндагии мо таскинкунанда аст, он ҳамон лафзест, ки модар мегӯяд:  писарам, духтарам, фарзандам, ташвиш накашед, ҳал мешавад. 
 
Башар, яъне Худованди бузург дар пайи ҳалли мушкили ту нигаристааст ва нақшаи роҳи ҳалро кашида тавассути модар. Модар дар тасвири ном ва меҳраш ду рози бузург дорад. Ин вожа аз ду ҷузъи бузурги маъноофарин шакл мегирад, ки дар кулл ҳастӣ ва умеди моро таъриф мебахшад, яке  "мо" дигаре "дар". Яъне, ки мо дар ӯ ҳастем. Ин вожа дар се забони классикии дунё бо як талаффуз баён мешавад. Дар порсӣ ё дарии тоҷикӣ, дар лотинӣ, дар забони Аврупои марказӣ. 
Дар таърифвожаҳои ҳунармандон ва файласуфони бузург танҳо шахсе, ки номвар ва номдодашон муаррифӣ шудааст, бештар модар нақши бориз дорад. Масалан, Томас Эдисон, файласуф ва кошифи бузурги таърихи башарият мегӯяд: "Агар модарам намебуд, имрӯз дунё торик буд".
Ӯ ин сухани худро  ба таъбири ду асл баён кард: яке ин ки барқ кашф намешуд, дигар ин ки асли танбалӣ ва кӯрзеҳн будан реша дар зоти башарият мемонд.
Гӯянд, ки Мавлоно замоне дар васфи модар шеър месуруд, то ҳафтаҳо ба ҳол намеомад. Ҳамеша дар пайи он буд, то дар хоб модарашро бинад ва дар яке аз шеърҳояш чунин баён мекунад:
Нангарам дар ту, дар он дар бингарам,
Туҳфаи ӯ ор, эй ҷон бар дарам.
Бо ту ӯ чун аст, ҳастам ман чунон,
Зери пойи модарон бошад чинон.
 
Девид Толмиг мегӯяд: "Модар соҳиле ҳаст, ки мо ҳама осебҳо ва нигарониҳоямонро дар он баҷо мегузорем. Аксари бачаҳо, ҳатто навҷавонон метавонанд бепарда ва рост ҳама тарсҳояшонро барои модарашон бозгӯ кунанд. Модар диле барои шунидан ва фаҳмидан ва ишқе бидуни шарт дорад". 
Анатолий Франс менависад: “Модар ҷилваи ҳақиқат аст, хушнудии ӯ монанди хушнудии Худованд аст, Худовандро бояд ҳамеша хушнуд нигоҳ дошт”. 
Шубер: «Ҳеч инсоне ба ҷуз модар дар зиндагӣ пайдо намешавад, ки ишқ, ҷавонӣ ва орзуву омоли худро муфту мусаллам дар ихтиёри касе бигзорад”.
Жерж Ҳарберт: “Модар оҳанрабои қалб ва ситораи қутбии чашми кӯдак аст. Дар адабиёти илоҳии мо чаҳор китоби осмонӣ ва 124 000 паёмбар ҳаст, аммо шояд зеботарин шеъри илоҳӣ модар бошад, ки вазни зебоии башариятро ба бор мекашад.
Модар такягоҳе, ки агар отифааш сипари инсоният намебуд, имрӯз инсонҳо дар рӯйи Замин бо оромиши хотир ҳамдигарро намепазируфтанд.
Бадбахтона, тифлии ман ва зиёдтари умри тифлҳои Афғонистан пур аз садоҳои ғами модар ва ҳасрату орзуҳои оромии модарон гузашта.
Охирҳои соли 1999 буд, ки "Толибон" пешравиҳои зиёд ва ваҳшатноке дар шимоли Кобул карданд. Мардум ба хотири оворагӣ озурдахотир ва ваҳшатзада буданд. Ҳар лаҳза назди модарам мерафтам ва мепурсидам:
Модар чӣ тавр мекунем? Оё ҳам ба Кобул гуреза мешавем ё ба Панҷшер? 
Модар бо дили ларзон бароям мегуфт: «Паноҳ ба Аллоҳ!» Ин оҳанги "Паноҳ ба Аллоҳ " гуфтанаш то ҳол зеҳнамро таскин ва умед медиҳад.
Оҳиста-оҳиста шаб фаро расид ва ҳама бо фикрҳои парешон ғарқ буданд. Ба сахтӣ чашмҳоямон ба нимахоб фурӯ рафт. Соатҳои ду аз хоб бедор шудаму садои модар ба гӯш расид. Ӯ ба падарам мегуфт : “Чӣ тавр кунем, кӯдакон хурд, 130 километр роҳ ва кӯҳҳои баланд, чӣ тавр биравем?”.
Оҳиста ба болои бом назди падару модар рафтам. Пинҳонӣ аз онҳо ба ҳарфҳояшон гӯш додам. Падарам ба такрор мегуфт, ки бояд ҳаракат кунем, вале модар мегуфт, ки фарзандонро бо роҳи пурхатар намебарам. 
Оҳиста-оҳиста ба онҳо наздик шуда, аз бари домони модар доштам ва аз ӯ пурсидам: «Модар, он равшание, ки байни ду кӯҳ дар ҳаракат аст, чист?».
Модар барои оромиши хотирам ба ман гуфт: «Он камони Рустам (рангинкамон) аст». Вале, ман бо он тасаввури кӯдаконаи худ дарк мекардам, ки он рӯшаниҳои тирборони "Толибон" ва муҷоҳидон аст, ки алайҳи якдигар ҷанг доштанд. 
Бо худ гуфтам, ки дар ин шаб, ки Офтобу борон набошад, пас ин рангинкамоне, кӣ модарам мегӯяд аз куҷост?!
Дар ниҳоят бору бистарҳо саросемавору ночор баста шуд ва болои маркабҳо бор кардаву бастанд.  Ҳама ба роҳ сӯи Кобул баромадем. Ду хоҳари хурдам ва ман аз бари домони модар маҳкам гирифта будем, ҳама саросема ва ҳайрони худ буданд. Пайроҳаҳои ҷониби Кобул аз мардум пур буд. Яке аз пойини Кописо ба Панҷшер ва дигар гурӯҳе аз шимоли Кописо бо молу амволашон то Кобул дар ҳаракат буданд. Ҳама ғарқи андуҳи хеш мерафтанд, ангор рӯзи маҳшар бошад.
Модар бо садои баланд ба бародарон ва хоҳарони бузургам мегуфт: "Зиё, Таманно, Тӯфон, мутаваҷеҳи Мурид ва хоҳарони хурдатон бошед, ки гум нашаванд, зери пойи ҳайвонот нашаванд".
Дидам, ки дастони модарам меларзид, садояш тарс дошт ва аз хотири фарзандон ҷисмаш дар ларза буд, то мабодо иттифоқи баде рух диҳад. 
Модарам подшоҳи хона ва хазинаи меҳри мо буду ҳаст. Барои падарам дилдор ва барои мо мударриси сабр буд. 
Хуб, баъди ду шабу ду рӯз то наздикиҳои Кобул расидем. Мехостем аз як исти бозрасии "Толибон" убур кунем, ки наздиктарин роҳи вуруди Кописо ба Кобул буд.
Падар назди қумандони "Толибон" рафт, то иҷозаи вуруд бигирад. Онҳ бо зулм чанд шаллоқ ба пушти падарам зад. Ҳама фарзандони падар ашк рехтему нола кардем, садои модар ларзиши бештар пайдо кард: «Мо ҳам Худое дорем, уштукҳо (фарзандонам) нигарон набошед, падаратон қавист, ҳеҷ гапе нест. Падар баргашт ва бо чашмони ғуборолуд ва гулуи пур аз буғз барои мо гуфт: "Он қумандон мегӯяд: роҳ дур аст, барои шумо иҷоза нест. Модар сухани падарро ранг дод ва гуфт: “Бале рост мегӯӣ, қаблан, ки аз ин роҳ рафта будем, кӯҳ ва роҳҳои сахтубуре дошт, биёед аз роҳи дигаре биравем”. 
Ду шабу ду рӯз боз дар роҳи сафар будем, гуруснагӣ хастаамон карда буд. Ёдам намеравад, ҳамеша модар мегузошт, то мо фарзандон нон бихӯрем. Ӯ охирин касе буд, ки нонрезаҳо ва боқии хӯрданиҳоро мечашид. 
Сахттарин ҳолатҳои пешомада дар симои модар, ҳамон ҳолатҳое буд, ки ман дар вуҷуди ӯ дидам. Вақте фарзандашро аз майдони ҷанг бо бадани дупарча оварданд, ашкҳояш хушк ва пӯсташ зард ва беранг шуд. Хоки заминро бо дастонаш ба осмон бод мекард ва фарзанди номуродашро ба бистари замин мехобонд. Ҳама гунг шуда будем, ҳавои Осмон заҳр ба коми мо мерасид ва инсонҳои Замин ноошно ба диди мо.
Ин ғам ду сол пайиҳам хонаи моро мотам медоду такрораш модарро –  андуҳи зиёд.
Мо – фарзандон масирҳои бузурги илмию фарҳангиро дар интизор доштем, аммо модар ба такрор иҷозаи маъруф шуданро ба хотири он ки мо низ қурбони ҷанг ва рӯзгори сиёҳи сиёсии Афғонистон нашавем, намедод. Ду сухани маъруф дошт: “Барои бақои фарзандон умед бояд дошт, ояндаи сарбаланд талош ва тарбияи модар аст!”
Ба яқин, ки модарон фарзандонро ба ҳамон мафкура ба дунё меоваранд, ки қаблан доштанд ва камбудиҳои ҷомеаро дар фикр доштанд.  Агар волидон қабл аз ба дунё омадани фарзанд мафкура ва таманно дошта бошанд, ки мо дар оянда чунин ё чунон фарзанде дошта бошем, яқин ки дар оянда фарзанд бо ҳамон халлоқ ва орзуҳои падару модар ба дунё хоҳад омад. Ба диди модарам ояндаи як ҷомеа оинаи тарбияи модаронаш аст. 
Ду чиз бароям ҳайратовар аст. Нахуст, дар сахттарин ҳолат фикр мекунам, ки дигар ин мушкил ҳал намешавад ва ё роҳи ҳал пайдо карданаш сахт аст, вале як даст аз ғайб ба додам мерасад ва аз он ҳолат раҳо меёбам. Оре, дуои Модар ҳамон фариштаи наҷоти илоҳист, ки дар тафсири оёти илоҳӣ баён шудааст. 
Бидуни Модар ва зан мард нима инсон аст, чун замоне Одам (а) ба рӯйи замин оварда шуд, малоикаҳо бо ҳар маслиҳате натавонистанд ӯро ороми хотир ва фикри осуда диҳанд, то ин ки Парвардигор ба фармони худ зан ё модарро ба заминиён туҳфа бахшид ва тоҷи инсониятсозиро ба Модар ифтихор дод ва то имрӯз ранги зебои зиндагӣ дар ҳастии Модар аст. 
Ҳар мавҷуде дар фикри оромиши худ аст, вале  танҳо ва танҳо мавҷуде, ки аввал дар фикри фарзанд ва баъд барои хеш меъёри зиндагиро арзиш медихад, Модар аст!
 
Аҳмадзоҳир ҶАҲИШ, фаъоли фарҳангӣ, узви Шурои ҷавонони шимоли Афғонистон
Санаи нашр: 23.08.2023 №: 170
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив