ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БОЗДИД АЗ ОСОРХОНАИ БОЗИҲОИ ОСИЁ

БОЗДИД АЗ ОСОРХОНАИ БОЗИҲОИ ОСИЁ

25 август 2023, Ҷумъа
11
0
 
23-юми август дар идомаи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шаҳри Ханҷоу Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз Осорхонаи Бозиҳои Осиё боздид кард.
Осорхона дар маркази варзишии Олимпии шаҳри Ханҷоу, дар масоҳати 5700 метри мураббаъ, ҷойгир буда, роҳи тайкардаи Ханҷоуро дар ҷараёни корҳои омодагӣ ба Бозиҳои 19-уми тобистонаи Осиё дар сиғаи интерактивӣ намоиш медиҳад.
Бояд гуфт, ки Бозиҳои 19-уми тобистонаи Осиё аз 23-юми сентябр то 8-уми октябри соли равон дар ин шаҳр доир мегардад.
Дар ин Бозиҳо барои дарёфти 474 маҷмуи медалҳо аз рӯи 61 намуди варзиш, ки 45-тои онҳо намудҳои варзиши олимпӣ мебошад, мусобиқот гузаронда мешавад.
Санаи нашр: 25.08.2023 №: 172
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив