ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РОШТҚАЛЪА. ОҒОЗИ МАРҲИЛАИ НАВИ СОЗАНДАГӢ

РОШТҚАЛЪА. ОҒОЗИ МАРҲИЛАИ НАВИ СОЗАНДАГӢ

14 феврал 2023, Сешанбе
38
0
Дар доираи омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Роштқалъа сохтмони 205 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз  47 иншоот мавриди истифода қарор гирифтааст.
 
Ҷиҳати ошноӣ  аз раванди корҳои ободониву созандагӣ дар ин ноҳияи дурдасти кишвар  раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ ва котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Насрулло Раҳматҷон аз иншоотҳои ҷашнии ноҳияи Роштқалъа боздид ба амал оварданд. Тавре ба онҳо иттилоъ доданд, айни ҳол аз 205 иншооти ҷашнии ноҳия дар 39-тои он корҳои сохтмонӣ бо маром ҷараён доранд. Раиси вилоят ва ҳайати ҳамроҳ нахуст аз  сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар маркази ноҳия  дидан намуданд. Маълум гардид, ки ба боду ҳавои сарди фасли зимистони ин гӯшаи дурдаст ва баландкӯҳи  мамлакат нигоҳ накарда, сохтмончиён корҳои бетонхобонию хиштчиниро дар ошёнаи дуюми бино идома дода истодаанд. Муассисаи таълимӣ барои 640 хонанда дар як баст пешбинӣ гардида, тибқи лоиҳа аз чор ошёна иборат мебошад. Корҳои сохтмониро дар иншоот раёсати сохтмонии рақами 2-и ноҳияи Роштқалъа ба зимма дорад. 
Зикр гардид, ки корҳои сохтмонӣ моҳи марти соли гузашта оғоз гардида, аллакай корҳо дар қабати якуми бино ба итмом расида, хиштчиниву арматурабофӣ дар ошёнаи дуюм бо суръату сифати баланд пеш мераванд. Дар баробари бинои асосӣ, инчунин, дар толорҳои маҷлис ва варзишӣ бетонрезиву хиштчинӣ идома дорад. 
Бунёди муассисаи таълимии замонавӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шуруъ шуда, аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мегардад. 
Ҳамзамон, ҳоло дар маркази ноҳия бунёди беморхона барои 270 кати хоб мутобиқи нақша идома дорад. Фармоишгари беморхона Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ба ҳолати ҳозира дар сохтмон бештар аз  9 миллион сомонӣ аз худ гардидааст. Беморхона аз панҷ бино иборат мебошад, ки баъди ба истифода додани он сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба сокинон бамаротиб беҳтар хоҳад шуд. 
Инчунин, дар маркази ноҳия сохтмони бинои истиқоматии панҷошёна барои кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба итмом расида, корҳои рангуборкунӣ дар дохили бино идома доранд. Маблағгузори иншоот Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, он  дар рӯзҳои Ҷашни  35-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди истифода қарор мегирад. 
Яке аз калонтарин иншооти ноҳияи Роштқалъа ин Неругоҳи барқи обии “Себзор” мебошад. Баландии сарбанди Неругоҳи барқи обии “Себзор” 8,5 ва паҳноии он 8 метрро ташкил медиҳад. Гуфта шуд, ки бо интихоб шудани паймонкор - Ширкати ватании "Тоҷикгидроэлектромонтаж" корҳо дар неругоҳ вусъати тоза касб намуданд.
Роҳбарияти вилоят ва котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулон дастур доданд, ки корҳоро дар иншоотҳои мазкур сифатнок ва сари вақт ба анҷом расонанд. Дар ин сафар роҳбарияти вилоят ва котиби Шурои амнияти ҷумҳуриро раиси ноҳияи Роштқалъа Шоҳмирзозода Аъзам, директори генералии Ширкати “Помир энержи” ва дигар шахсони масъул ҳамроҳӣ намуданд.  
 
Раҳмони ГУЛЗОР, 
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 14.02.2023 №: 35
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив