ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҲАМДАРДИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҲАМДАРДИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

28 август 2023, Душанбе
9
0


28-уми август бар асари боридани борони зиёд дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ офати табиӣ рух дод, ки дар натиҷаи он 13 нафар, аз ҷумла 11 нафар дар шаҳри Ваҳдат ва 2 нафар дар ноҳияи Рӯдакӣ, ба ҳалокат расиданд.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли хонавода ва бозмондагони шахсони ҳалокшуда изҳори ҳамдардӣ намуданд.
Роҳбари давлат, ҳамчунин, ба Сарвазири мамлакат, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва дигар сохтору мақомоти дахлдор супориш доданд, ки ба оилаҳои шахсони дар натиҷаи офати табиӣ баҳалокатрасида кумак расонда, доир ба бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ чораҳои фаврӣ андешанд.

Санаи нашр: 28.08.2023 №: 173
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив