ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Ба Озмуни «Дуои модар»

Ба Озмуни «Дуои модар»

14 феврал 2023, Сешанбе
56
0
ЁД
 
Ҳар гаҳе, ки ёди рӯят мекунам,
Ёди гуфтори накӯят мекунам,
Мерасам дарҳол наздат аз сафар,
Чун гули садбарг бӯят мекунам.
 
Сер аз дидори рӯят дил нашуд,
Бар касе чун ту дилам моил нашуд.
Аз дуоят, модари ширинкалом,
Садди роҳам ҳеч як мушкил нашуд.
 
Лаҳни ту монандаи кабки дарӣ,
Бар қадат шоли сафедат парпарӣ.
Аз Худо хоҳам, набинӣ дарду ғам,
Чун малак доим, ки бо болу парӣ. 
 
МАРО БАХШИДАӢ
 
Ба ёдат, модар, эй модар, бимирам,
Бишав зинда зи нав, дастат бигирам.
Аз ин хона, аз ин ҳавлӣ, аз ин деҳ
Сафар кардӣ, ба кӯи ғам асирам.
 
Биё, модар, биё, дастат ба ман деҳ,
Зи рафтан дида бо ман монданат беҳ.
 
Сафар кардӣ, маро нофор кардӣ,
Ки доро будаам, нодор кардӣ.
Ало модар, ало бечора модар,
Ба дӯшам бори ҳаҷрат бор кардӣ.
 
Биё, модар, биё, дастат ба ман деҳ,
Зи рафтан дида бо ман монданат беҳ.
 
Замони тифлиям ояд ба ёдам,
Туро беҳуда гоҳе ранҷ додам.
Маро бахшидаӣ аз рӯи меҳрат,
Чу сарро пеши пойи ту ниҳодам.
 
Биё, модар, биё, дастат ба ман деҳ,
Зи рафтан дида бо ман монданат беҳ.
                                                              
МОДАРАМ НЕСТ
 
Беморам аз он, ки модарам нест,
Мушкил сари роҳ, ёварам нест.
 
Дар дуди алови ғам нафасгир,
Чун мурғи самандарам, парам нест.
 
Эй санг, туӣ ба зери сар, з-он-к
Болиштаки нарму бистарам нест.
 
То шеъри ба ҷону дил сароям,
Фикреву хаёл дар сарам нест.
 
Ё Раб, сари вақт дасти ман гир,
Беморам аз он, ки модарам нест.
 
Нуруллоҳи ОРИФ
Санаи нашр: 14.02.2023 №: 35
Муҳокима кунед

Ҳамчунин хонед:

13 феврал 2023, Душанбе
ОФАРИНИШИ НАМОЗИ МОДАР
ДУОЯШ ҲАМСАФАРИ ЗИНДАГИСТ
01 феврал 2023, Чоршанбе
ДУОЯШ ҲАМСАФАРИ ЗИНДАГИСТ
ШОМИ ШАНБЕ
03 феврал 2023, Ҷумъа
ШОМИ ШАНБЕ
ШОМИ ШАНБЕ
13 феврал 2023, Душанбе
ШОМИ ШАНБЕ
ХУРОФОТ ДАР  АЗО  ТО  АЗОДОРӢ
13 феврал 2023, Душанбе
ХУРОФОТ ДАР  АЗО  ТО  АЗОДОРӢ
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив