ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҲУҚУҚИ ИНСОН. АЗ ҚАБУЛИ СТРАТЕГИЯИ МИЛЛӢ ТО ИҶРОИ УҲДАДОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

ҲУҚУҚИ ИНСОН. АЗ ҚАБУЛИ СТРАТЕГИЯИ МИЛЛӢ ТО ИҶРОИ УҲДАДОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

28 август 2023, Душанбе
180
0
 
Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038, ки бо қарори Ҳукумати мамлакат аз 5 августи соли 2023 тасдиқ гардид, дар татбиқи самарабахши сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ташаккули муносибатҳои эҳтиромона, таҳкими минбаъдаи нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ нақши мунир хоҳад гузошт. Коршиносон қабули ин санадро таконбахши минбаъдаи рушди механизмҳои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳамкориҳои самарабахши Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ арзёбӣ мекунанд. Стратегия бар пояи кадом арзишҳо амал хоҳад кард? Вижагиҳои хос ва дигар мушаххасоти онро мо дар суҳбат бо Умед Бобозода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, матраҳ кардем, ки номбурда дар оғоз зарурати қабули ин ҳуҷҷати миллиро чунин шарҳ дод:
– Имрӯз эътироф, эҳтиром, ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи инсон яке аз мақсадҳои асосии дигаргуниҳо дар ҷомеа ба ҳисоб рафта, ба тағйир додани нақшу ҷойгоҳи инсон, таъмини шароити арзандаи зиндагӣ, кафолати озодӣ, дахлнопазирӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва иштироки фаъол дар идоракунии давлатӣ равона гардидааст, ки тули солҳои соҳибистиқлолӣ марҳила ба марҳила амалӣ шуда истодааст. 
Ҳанӯз соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон устувории ҳуқуқу озодиҳои асосии инсонро эътироф намуда, муқаррар карда буд, ки инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ буда, давлат онҳоро эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Ҳамчунин, Конститутсия бартарии санадҳои байналмилалиро ба қонунгузории миллӣ муқаррар кард.
Дар ин раванд Тоҷикистон солҳои 2010-2023 се маротиба расмиёти Шарҳи универсалии давриро гузашта, гузоришҳои миллии худро ба мақомоти шартномавии СММ оид ба ҳуқуқи инсон пешниҳод ва ҷиҳати ташрифи 11 мандати мавзуии расмиёти махсус мусоидат кардааст. Дар натиҷа, ба Тоҷикистон, дар маҷмуъ, зиёда аз 1000 тавсия дода шуданд, ки масъалаҳои дастгирӣ ва ҳимояи ҳуқуқи инсонро дар бар мегиранд. Ҷиҳати амалисозии тавсияҳои сохторҳои оинномавӣ ва шартномавии СММ аз соли 2013 то ҳол 20 нақшаи миллии амалҳо қабул гаштанд, ки маҷмуи чорабиниҳоро барои иҷрои тавсияҳои ниҳодҳои СММ оид ба ҳуқуқи инсон, инчунин, муҳлати иҷрои онҳо ва мақомоти масъули давлатиро пешбинӣ мекунанд.
Айни замон, кишвари мо дар самти пешниҳоди гузоришҳои миллӣ қарздорӣ надошта, лозим ба ёдоварист, ки аз моҳи майи соли 2022 гузориши даврии муттаҳидаи шашум ва ҳафтум оид ба амалисозии Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои кӯдак ва гузориши миллӣ оид ба амалисозии Конвенсияи зидди шиканҷа пеш аз муҳлат ба кумитаҳои дахлдори СММ пешниҳод гардида, дар баррасӣ қарор доранд. 
– Стратегия барои ҳалли кадом мушкилоти ҳуқуқҳои инсон нигаронда шудааст?
– Стратегияи мазкур, пеш аз ҳама, барои ҳалли мушкилоти зерин нигаронда шудааст: то ҳол мутобиқат накардани баъзе меъёрҳои қонунгузории кишвар ба стандартҳои байналмилалӣ ва такмилталаб будани онҳо; дар сатҳи дахлдор таъмин набудани мустақилияти мақомоти судӣ ва мурофиаи судии кушода, интихобӣ набудани судяҳо; таъмин намудани судяҳо бо музди меҳнати арзанда, кам кардани ваколатҳои аз ҳад зиёди прокуратура ва ба пуррагӣ мустақил набудани комиссияҳои тахассусии судяҳо; мавҷудияти ҳолатҳои алоҳидаи шиканҷа ва дастрасии маҳдуди ниҳодҳои байналмилалӣ барои гузарондани мониторинги ин ҷойҳо; набудани барномаҳои тавонбахшии қурбониёни шиканҷа; набудани стратегияи фарогири ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон; ба пуррагӣ ба Принсипҳои Париж мутобиқ набудани Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон; мавҷудияти табъизи гендерӣ дар ҷомеа, оила ва бозори меҳнат; мавҷудияти зӯроварӣ дар оила; нобаробарии гендерӣ; ба стандартҳои байналмилалӣ ба пуррагӣ ҷавобгӯ набудани шароити нигоҳдории шахсоне, ки дар маҳбас нигоҳ дошта мешаванд; маҳдуд будани ғунҷоиши маҳбасҳо, дар сатҳи кофӣ таъмин набудани тавонбахшӣ ва ҳамгироии шахсони аз ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ озодшаванда; мавҷудияти ҳолатҳои алоҳидаи савдои одамон; дар сатҳи дахлдор таъмин набудани озодии адвокатҳо барои иҷро намудани уҳдадориҳои касбӣ ва мавҷудияти дахолати сохторҳои иҷроия ба фаъолияти касбии онҳо.
– Дар асоси ин ҳуҷҷати миллӣ кадом механизмҳо дар соҳаи пешбурд ва ҳимояи ҳуқуқи инсон мустаҳкам мегарданд?
– Татбиқи Стратегияи миллӣ ва нақшаҳои он, имкон медиҳад, ки уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон самаранок амалӣ шаванд, механизмҳои назорат ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон таҳким ёбанд. Инчунин, низоми ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва дигар чораҳо оид ба таъмини устувори ҳуқуқу озодиҳои инсон таъсис дода мешавад.
Дар баробари ин, самаранокии механизм ва расмиёти ворид намудани стандартҳои байналмилалии соҳаи ҳуқуқи инсон ба қонунгузории миллӣ ва амалияи ҳуқуқтатбиқкунӣ дар фаъолияти мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баланд бардошта мешавад. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар самти ҳуқуқи инсон дар назар дошта шуда, ҳамкорӣ бо сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавии ҳифзи ҳуқуқ ва ниҳодҳои миллии ҳимояи ҳуқуқи инсон тақвият меёбанд. 
Бо қабули Стратегияи мазкур, ҳамчунин, механизмҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон, ба мисли судҳо, адвокатура, ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон, ҷомеаи шаҳрвандӣ мустаҳкам мегарданд.
– Дар чанд банди барнома вобаста ба таҳсилоти томактабӣ, таҳсилоти фарогир барои кӯдакони имконияташон маҳдуд ва коҳишёбии сатҳи камбизоатӣ миёни кӯдакон таъкид шудааст, дар ин самт кадом корҳо амалӣ мегарданд?
– Дар иртибот ба ин, метавон гуфт, ки тибқи Нақшаи амали солҳои 2023-2025 ба Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038, аз банди 113 то 124 ба ин самт нигаронда шудааст. Аз ҷумла, бар асоси банди 118, ҷиҳати ҷалби кӯдакони ятиму бепарастор ва имконияташон маҳдуд ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ шароити боз ҳам арзанда фароҳам оварда мешавад. 
– Соли 2024 ҳамроҳ шудани Тоҷикистон ба Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон дар назар аст, тасдиқи ин санад дар самаранок амалӣ шудани Стратегия чӣ таъсир мерасонад? 
– Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон 22 марти соли 2018 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи СММ ба имзо расид. Вобаста ба ин, дар назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ таъсис ёфт. Аз ҷониби гурӯҳи корӣ Харитаи роҳ ва Нақшаи миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ва амалинамоии Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон таҳия ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (27 феврали соли 2020) тасдиқ гардид. Тибқи нақша, Тоҷикистон ҷиҳати ба тасвиб расондани Конвенсия омодагии худро дида истодааст ва дар асоси талаботи ин санад шароити муносиб барои шахсони имконияташон маҳдудро фароҳам менамояд. 
Қабули Конвенсия дар амалишавии Стратегияи миллӣ комилан мусоидат хоҳад кард. Чунончи, дар як қатор бандҳои Нақшаи амали солҳои 2023-2025 ба Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабиниҳо ҷиҳати амалигардонии ҳуқуқҳои маъюбон ворид шудааст, ки нишондиҳандаи вобастагии ин ду санади муҳими самти ҳуқуқи инсон мебошад.
– Шумо дар бораи Нақшаи амали Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 барои солҳои 2023-2025 ёдовар шудед. Нақшаи амал аз кадом ҳадафу чорабиниҳо иборатанд?
– Ҳадафи асосии Стратегия таъмини афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳамчун омили асосии сиёсати давлатӣ, ки самти рушди қонунгузорӣ, сиёсат ва амалияи қонунтатбиқкуниро ҳангоми қабули қарор аз ҷониби мақомоти давлатӣ муайян мекунад, ба ҳисоб меравад ва он бевосита аз Конститутсия сарчашма мегирад.
Дар Нақшаи амали солҳои 2023-2025-ум 142 номгӯи чорабиниҳо, муҳлати иҷро, масъулони иҷро ва натиҷаҳои чашмдошт пешбинӣ шудаанд. 
– Нақши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамчун ниҳоди калидӣ дар ин самт дар амалӣ намудани Стратегия аз чиҳо иборат мебошанд?
– Маврид ба зикр аст, ки ҳанӯз аз даврае, ки масъалаи қабули Стратегияи мазкур ба миён омад, мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар коркард, таҳия ва то қабули он нақши бориз дорад. Гузашта аз ин, зимни мувофиқасозии ин ҳуҷҷати стратегӣ мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо истифода аз моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» хулосаи мукаммали худро ҷиҳати такмил додани лоиҳаи ин санад ба Ҳукумати кишвар равон кард.
Тибқи нақшаи амали солҳои 2023-2025, мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар 15 банди он ҳамчун масъули аввали иҷро ва дар 20 банди он ҳамиҷрочӣ муайян гардидааст. Ҷиҳати иҷрои ин бандҳо гузарондани чорабиниҳои гуногун ба нақша гирифта шудаанд.
Ҷиҳати ташвиқу таблиғи ин дастоварди муҳими Ҳукумати кишвар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон гузарондани чорабинии сатҳи ҷумҳуриявиро бо иштироки мақомоти давлатӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои байналмилалии муқими кишвар, доираҳои илмӣ дар аввали моҳи сентябри соли ҷорӣ дар назар дорад. Ҳамзамон, чопи Стратегия дар шакли китобча ҷиҳати дастрас намудани он ба табақаҳои гуногуни диёр ба роҳ монда хоҳад шуд. 
 
Мусоҳиб Маҳмуд МИРЗОЁН, 
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 28.08.2023 №: 173
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив