ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ТАҲКИМИ НИЗОМИ ҲУҚУҚӢ

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ТАҲКИМИ НИЗОМИ ҲУҚУҚӢ

30 август 2023, Чоршанбе
52
0
Бо амри таърих 32 сол муқаддам миллати куҳанбунёди тоҷик истиқлоли давлатӣ ба даст оварда, маҳз ба шарофати ин неъмати бебаҳо, ба бунёди давлатдории миллии худ оғоз кардааст. Воқеан, истиқлолияти давлатӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон даҳҳо падидаҳои нави ҳуқуқӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро ба вуҷуд овард. Махсусан, зарурати ташаккули заминаҳои боэътимоди ҳуқуқие ба миён омад, ки бо такя ба арзишҳои миллӣ метавонад ба бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ташаккули мақомоти ҳокимияти давлатии мутобиқ ба талаботи замони нав мусоидат намояд.
Дар оғози истиқлол, ки фазои сиёсии кишвар хеле ноором буд, расидан ба ин ҳадафҳо кори басо мушкил ба ҳисоб мерафт. Ҳадафи муҳиме, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ пайгирӣ карда шуд ва он барои ташаккули низоми ҳуқуқии миллӣ асос мегузошт, ҳарчи зудтар таҳия ва қабули Конститутсия буд. 
Масъалаи аввалиндараҷа будани қабули Конститутсияи кишварро Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (16 ноябр-2 декабр, соли 1992, Қасри Арбоб) ба миён гузошта буданд. Сарвари давлат ҳанӯз 12 декабри соли 1992, ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муроҷиатномаи худ ба мардум чунин изҳор намуданд: «Асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро нав карда, онро бо дарназардошти меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ такмил дода, барои бунёди давлати нав – давлати демократию ҳуқуқбунёд замина гузоштан лозим аст». 
Ниҳоят, 6 ноябри соли 1994 дар айёме, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин қадамҳои худро дар роҳи соҳибистиқлолӣ мегузошт, тавассути изҳори иродаи халқ, яъне раъйпурсии умумихалқӣ аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул гардид.
Ин санади тақдирсози миллӣ барои бунёди давлатдории навини Тоҷикистон аҳамияти таърихию ҳуқуқӣ ва сиёсӣ гузошта, кишвари моро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократию ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаю иҷтимоӣ эълон дошта, барои таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, пойдории сулҳу ваҳдат, суботи сиёсӣ, амалишавии ҳадафҳои стратегии давлат, рушди низоми ҳуқуқӣ, таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон замина гузошт.   
Таҳлил ва омори санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба он далолат менамоянд, ки то ба имрӯз аз ҷониби мақоми олии қонунгузории кишвар зиёда аз 400 санади қонунгузорӣ ҷиҳати танзим, муайяннамоӣ ва пешбинӣ намудани қоидаҳои рафтори ҳуқуқӣ таҳия ва қабул шудаанд. Ҳамчунин, дар заминаи истиқлоли давлатӣ ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 15000 санади меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ қабул гардидааст, ки моҳияти асосии онҳоро асосҳо ва иҷрои нишондодҳои санадҳои қонунгузорӣ ташкил медиҳанд. Дар ин раванд, Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи 57 созмони минтақавию байналмилалӣ гардида, беш аз 350 санади байналмилалиро эътироф (ратификатсия) намудааст. Дар баробари ин, дастоварди бузург дар роҳи эъмори давлатдории миллӣ ва рушди он ин таҳия ва қабули қонунҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз бо ташаббуси хирадмандона ва дурбинонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду қонуни миллӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” (8 июни соли 2007) ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” (2 августи соли 2011) қабул гардиданд. Бояд зикр намуд, ки қонунҳои мазкур мансубияти миллӣ дошта, мутобиқ ба анъана ва одатҳои миллати тоҷик таҳия ва қабул гаштаанд. 
Аз файзи истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 марти соли 1992 узви комилҳуқуқи СММ гардида, то кунун чандин пешниҳоду таклифҳои ҷониби кишвари мо аз тарафи ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ эътироф ва дар арсаи байналмилалӣ амалӣ мегарданд. Дар баробари ин, кишвари мо узви созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ – Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҷаҳонии савдо, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо буда, то кунун конфронсу симпозиум ва форумҳои зиёди ҷаҳониро дар сатҳи баланд мизбонӣ кардааст. 
Дар маҷмуъ, истиқлоли давлатӣ барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати бебаҳои таърих ба шумор рафта, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.
 
Ҷамила АБДУЛХАЙРЗОДА, корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе
Санаи нашр: 29.08.2023 №: 174
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив