ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ФИЗИКА. МАРҲИЛАИ НАВИ РУШДИ ИЛМҲОИ ДАҚИҚ

ФИЗИКА. МАРҲИЛАИ НАВИ РУШДИ ИЛМҲОИ ДАҚИҚ

30 август 2023, Чоршанбе
22
0
Дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Мақсад аз баргузории ҳамоиш инъикоси дастовардҳо дар соҳаи илмҳои дақиқ, аз ҷумла физикаи муосир, давоми чанд соли охир арзёбӣ шуд.
Дар замони соҳибистиқлолии мамлакат таваҷҷуҳи Ҳукумату давлати Тоҷикистон, бахусус Роҳбари давлат ба рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ бештар гардида, кормандони илми мамлакат барои ноил шудан ба дастовардҳои назаррас саҳми арзанда мегузоранд. Вобаста ба ин, дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умаров дар мавзуи «Рушд ва дастовардҳои илми физика дар солҳои истиқлол» ҳамоиш доир гардид, ки дар рафти он олимону пажӯҳишгарони соҳа дар доираи илмҳои бунёдӣ маърузаҳо пешниҳод намуданд.
- Дар давоми омодагӣ ба ин чорабинӣ, 80 мақолаи илмӣ ворид гардид, ки аз ҷониби кумитаи илмии тадорукот  60-тои он ба барномаи кории Конференсия ворид шуд, – гуфт Фарҳод Шокир, директори Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умаров.
Масъалаи тағйирёбии иқлим ва роҳҳои ҳалли ин мушкил яке аз мавзуъҳои муҳими баррасишаванда зимни баргузории ҳамоиш ба ҳисоб рафта, доир ба “Дастовардҳои соҳаи физикаи атмосфера дар солҳои истиқлоли давлатӣ: дурнамои ҳамкорӣ бо марказҳои илмии байналмилалӣ” маъруза шуд. 
– Ду даҳсолаи охир коркардҳои илмӣ, аз ҷумла дар соҳаи рақамикунонӣ, зеҳни сунъӣ, тағйирёбии иқлим, физикаи атмосфера, коркардҳои маводи инноватсионӣ ва нанотехнологӣ, мубрам гаштаанд, – гуфт Фарҳод Шокир.
Саҳми олимони ҷавон низ, дар рушди илмҳои дақиқ зиёд буда, имрӯз чанде аз онҳо дар донишгоҳҳои пешрафтаи кишварҳои ҷаҳон бо мақсади баланд бардоштани таҷрибаи илмии худ таҳсил менамоянд. Ин, пеш аз ҳама, аз ташаббусҳои маърифатпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад. Инчунин, устодону донишмандон дар рушди илмҳои дақиқ пайи корҳои назаррас ҳастанд. 
 
Лола РИЗОӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 29.08.2023 №: 174
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив