ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «ОГОҲИИ БАРМАҲАЛ БАРОИ ҲАМА».  ҲАМОИШИ МУҲИМ ДАР ҲОШИЯИ ТАШАББУСИ СММ

«ОГОҲИИ БАРМАҲАЛ БАРОИ ҲАМА».  ҲАМОИШИ МУҲИМ ДАР ҲОШИЯИ ТАШАББУСИ СММ

30 август 2023, Чоршанбе
49
0
 
29-уми август дар ҳошияи ташаббуси Созмони Милали Муттаҳид «Огоҳии бармаҳал барои ҳама» (EW4All) дар Китобхонаи миллӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода  ҳамоиш оғоз гардид. Дар он ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид Парвати Рамасвами, роҳбарону  намояндагони як қатор вазорату идораҳои мамлакат, ташкилоту  созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ  иштирок намуданд.
Сулаймон Зиёзода  аҳамияти ин ташаббусро таъкид намуда, изҳор дошт, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва коҳиши хатари офатҳои табиӣ аҳамияти хоса дода, даъвати Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерришро оид ба масъалаҳои марбут ба рушди иқлим дастгирӣ менамояд.
Ҳамоҳангсози доимии СММ Парвати Рамасвами иброз дошт, ки ифтитоҳи ташаббуси «Огоҳии бармаҳал барои ҳама» қадами муҳим барои ҳифзи ҳаёти шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳифзи воситаҳои зиндагии онҳо дар баробари тағйири иқлим ва хатарҳо мебошад.
– Барои тақвияти хадамоти огоҳсозии бармаҳал дар мамлакат равиши ҳамгирошудаи иҷтимоӣ бо ҷалби тамоми ҷонибҳои манфиатдор, аз ҷумла ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ, муҳим хоҳад буд, – илова кард ӯ.
Ёдовар мешавем, ки ташаббуси «Огоҳии бармаҳал барои ҳама» соли 2022 аз ҷониби Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш оғоз шудааст. Вале тавре таъкид мегардад, то ҳол тақрибан сеяки аҳолии ҷаҳон бо низоми мазкур фаро гирифта нашудааст. Боиси тазаккур аст, ки ташаббуси СММ «Огоҳсозии бармаҳал барои ҳама» дар маҳал амалӣ мешавад.  Тоҷикистон ба гурӯҳи аввали кишварҳое шомил гардид, ки дар доираи ин ташаббус дастгирии ҳамоҳангшуда ва мақсаднокро дарёфт хоҳад кард
 Мақсади ин ташаббус паст кардани сатҳи хавфу талафот, тақвияти чораҳои пешгирӣ аз офатҳои табиӣ ва наҷот додани аҳолӣ  тавассути системаҳои огоҳкунии бармаҳал  мебошад. Огоҳсозии барвақтӣ шакли муассир ва камхарҷи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ба ҳисоб рафта, баҳри татбиқи он дар марҳалаи аввал, яъне солҳои 2023 – 2027, ҷудо шудани 3,1 миллиард доллари ИМА дар назар аст.  
 
Дилноз ҲУКМАТУЛЛОЕВА, "Ҷумҳурият"
Санаи нашр: 30.08.2023 №: 175
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив