ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЗАФАРОБОД.  МАРҲИЛАИ НАВИ РУШД САМАР МЕОРАД

ЗАФАРОБОД.  МАРҲИЛАИ НАВИ РУШД САМАР МЕОРАД

30 август 2023, Чоршанбе
12
0
 
Комёбӣ ва пешравиҳои ноҳияи Зафарободро дида, кас мехоҳад ба гузаштаи на чандон дури он назар афканад. Асосан, бунёд ва гузоштани санги асоси ноҳияи Зафаробод аз соли 1960 оғоз ёфтааст. Бо супориши Ҳукумати Иттиҳоди Шуравӣ ва бо фармони Раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 23 апрели соли 1959, як қисми биёбони Мирзочӯл – Зафарободи имрӯза бо майдони 55 ҳазор гектар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд. 
Тайи солҳои фатҳи Мирзочӯли тоҷик дар ин дашти сӯзон ва макони тӯфону бодҳо пойгоҳҳои азими обкашӣ, ки дар як сония 48 метри мукааб обро ба баландии 170 метр мекашанд, гузошта шуданд. Сохтмони канали 150-километра, азхудкунии заминҳои нопайдоканор, бунёди роҳҳо, хатҳои барқ, алоқа, сохтани инфрасохтори шаҳраку деҳаҳо, манзилгоҳҳои замонавӣ, ташкил намудани хоҷагиҳои калони пахтакорӣ, фермаҳои чорводорӣ, муассисаҳои тандурустӣ, фарҳангӣ, маориф, маишӣ, савдо ва ғайраҳо ба анҷом расиданд. Дар давраи аввал зиёда аз 36 ҳазор гектар замин аз худ карда шуд ва то ба имрӯз азхудкунӣ ва обёрии заминҳои боқимонда идома дорад... 
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ ноҳияи Зафаробод рушду нумӯи нав ёфт ва барои пешрафти он сафарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои нави мусоид фароҳам овард. Солҳои 2002, 2009, 2016, 2020, 2023 бо ташрифи Пешвои миллат пирӯзиҳо ва шодкомиҳои нав ба нав насиби аҳолии зиёда аз 80 ҳазорнафараи ноҳияи Зафаробод гардид. Ҳамин тавр, фабрикаи нассоҷии «Нику Хуҷанд», муассисаҳои таълимии нави замонавӣ дар шаҳраки Бахт, иншоотҳои зиёди тандурустӣ, фарҳангӣ, марказҳои савдо, майдончаҳои варзишӣ дар ҷамоатҳои деҳот ва дигар инфрасохторҳои ҳаётан муҳим ба истифода дода шуданд. 
Соҳибистиқлолии кишвар ба поягузорӣ ва рушди саноат замина гузошт. Тайи панҷ соли охир бо дастур ва супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти вилояти Суғд ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бештар аз 660 иншооти хоҷагии халқ, зиёда аз 2500 манзилгоҳ, 8 муассисаи таълимӣ, ду бозори ҳозиразамон, 600 нуқтаи тиҷоратию хӯроки умумӣ, мағозаҳо, инфрасохторҳои хизматрасонӣ ва ғайраҳо мавриди истифода қарор гирифтанд.
Аз ҷумла, ба шарафи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар 8 ҷамоати деҳоту шаҳрак роҳҳои дохилӣ аз тарафи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорон ба сифати баланд афсалтпӯшу шағалпӯш карда шуд. Инчунин, 7 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт. Боиси хушнудист, ки аксари иншоотҳо бо маблағҳои соҳибкорони маҳаллӣ ба истифода дода мешаванд. 
Бояд гуфт, ки ноҳияи Зафаробод дар вилояти Суғд яке аз ноҳияҳои калидӣ, дорои 23 корхонаи саноатӣ, аз ҷумла 13 корхонаи коркарди пахта, 7 корхонаи истеҳсоли шир, 1 корхонаи истеҳсоли гӯшти паранда, 1 корхонаи истеҳсоли панир мебошад. 
Кишоварзӣ дар ноҳия соҳаи асосӣ ва пешбаранда буда, дар пешрафти иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ноҳия нақши муҳим дорад.
Дар яке аз баромадҳои хеш ҳангоми ба ноҳияи Зафаробод ташриф овардан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз доштанд: «Шумо – сокинони меҳмоннавозу заҳматдӯстӣ ноҳияи Зафаробод, ки дар кишоварзӣ шуҳрати дерина доред, бояд, пеш аз ҳама, бо истифода аз таҷрибаи деҳқонии худ ва бо роҳи баланд бардоштани ҳосилнокии замин, барои зиёд гардондани ҳаҷми истеҳсоли тамоми намудҳои махсулоти кишоварзӣ кӯшиш ба харҷ диҳед». Ин дастури Пешвои миллат ба кишоварзон ва кулли сокинони ноҳияи Зафаробод замина фароҳам овард, ки ба муваффақиятҳои назаррас ноил гарданд. Деҳқонони заҳматпешаи ноҳия барои ҳосили оянда аз имрӯз омодагӣ мегиранд. Имсол ба ноҳия аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ зиёда аз 10 миллион сомонӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 5 миллион сомонӣ, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия 5 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Ин маблағҳо пурра ба бандубаст, таъмиру танзими пойгоҳҳои обрасонӣ, тоза намудани каналҳо, васлу насби ду трансформатори азими обкашӣ ва кормандони техникии он нигаронда шудаанд. То ба имрӯз пойгоҳҳои обрасонӣ аз таъмири хушсифат баромаданд. 
Агар барномаҳои тараққиёти рушди ноҳия, пойгоҳҳои обрасонӣ, беҳдошти замин, масъалаҳои демографӣ ба таври куллӣ чун имрӯза роҳандозӣ шаванд, ноҳияи Зафаробод метавонад истеҳсоли пахтаро то ба 40-50 ҳазор тонна расонда, ба 150-200 ҳазор нафар аҳолӣ шароити хуби зиндагиро фароҳам оварад. Ба пешрафти ноҳия шубҳае нест ва умедворем, ки ноҳияи Зафаробод бо зафарҳои беҳтарин зафарёб шуда, намунаи ибрат будани хешро нишон медиҳад. Имрӯз сокинони ноҳия корҳои созандагию бунёдкориро ривоҷу равнақ дода, баҳри фатҳи марраҳои нав ба нав боли парвоз кушодаанд ва ҳақ ба ҷониби шоире, ки «Қасидаи Зафаробод»-ро навишта, аз ҷумла чунин гуфтааст:
Ба зарби раҳнамоиҳои Пешво,
Хушо ҳалнома дорад ҳар муаммо.
Биёбон сар ба сар гардид гулистон,
Зиҳӣ, эй тоҷики ман бо таманно.
  
Бобоҷони НУРЗОД, Аълочии фарҳанг ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи нашр: 30.08.2023 №: 175
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив