ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. МАРҲИЛАИ НАВИ ИСЛОҲОТИ СУДӢ-ҲУҚУҚӢ

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. МАРҲИЛАИ НАВИ ИСЛОҲОТИ СУДӢ-ҲУҚУҚӢ

30 август 2023, Чоршанбе
51
0
Баъд аз соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар низоми судӣ ислоҳоти фарогир анҷом шуда, ҳокимияти судӣ ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф гардид. Фаъолияти мақомоти судӣ бар асоси талаботи замон ва меъёрҳои асноди байналмилалӣ, танзим гардида, мустақилияти судяҳо бо меъёрҳои конститутсионӣ таҳким ёфтанд. 
 
Ҳоло бар пояи қонунгузорӣ ҳокимияти судӣ дар Тоҷикистон мустақил буда, адолати судӣ аз тарафи Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, суди ҳарбӣ, суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, судҳои иқтисодии вилоятҳо ва шаҳри Душанбе амалӣ карда мешавад.
Мақомоти судии Тоҷикистон дар ҷараёни рушду такомул борҳо тағйири сохторӣ ёфта бошад ҳам, моҳияти фаъолияти асосии он – таъмини   адолати судӣ, волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии инсон, шаҳрванд ва давлат, тағйирнопазир монд. Дар ҳамин ҳол, барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки асоси ҷомеаи демократӣ ба шумор меравад, нақши ҳокимияти судӣ басо назаррас аст. Аз ин дидгоҳ, баробари қабули Конститутсия бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ҳокимияти судӣ дар мамлакат ҳамчун рукни мустақил эътироф гардида, бар мабнои талаботи замон ва низомҳои нав ислоҳоти мақомоти судӣ оғоз гардид. Бесабаб нест, ки боби 8 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ба суд ва ҳокимияти судӣ бахшида шуда, дар дигар моддаҳои он ҳолатҳое, ки марбут ба амалишавии ҳуқуқу уҳдадориҳои инсон, шаҳрванд ва ташкилоту муассиса, корхонаҳои давлатию ҷамъиятӣ ва хусусӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон ва тарзу воситаи фаъолияташон, бавосита ё бевосита зикр шудаанд, ки татбиқи онҳо низ дар ниҳояти кор ба дӯши мақомоти судӣ аст. Зеро ҳаллу фасли қонунии ҳама гуна баҳсу ихтилофот ва матраҳ кардани дигар масоили ҳуқуқӣ, пеш аз ҳама, дар салоҳияти судҳост.
Дар ин робита, мурофиаи судӣ ягона шакли муқаррар намудани ҳақиқати воқеӣ ва беҳтарин роҳи ҳалли ҳар гуна муноқишаҳост. Мо дар зиндагӣ борҳо шоҳиди он мешавем, ки дар натиҷаи поймол кардани қонунҳо ва содир намудани қонуншиканӣ ашхоси гуногун ба ҷазоҳои ба кирдорашон сазовор кашида мешаванд. Нуқтаи охиринро дар муайян кардани асли кирдор ва ҷазо барои он танҳо суд мегузорад. Аз ин бармеояд, ки суд на танҳо манфиати шахси алоҳида ё ташкилоту муассиса, балки давлатро низ ҳимоя мекунад, ки дар маҷмуъ, онро адолати судӣ меноманд. Зимнан, таъмини адолат ҳамон вақт имконпазир мегардад, ки агар худи мақомоти суд аз ҳар гуна фишору дахолати сохторҳои давлатӣ озод буда, судяҳо ҳақиқатро дар асоси далелҳои мавҷуда, холисона, аз рӯи виҷдон ва донишу малакаи касбиашон ҷустуҷӯ ва дарёфт кунанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон оид ба нақши ҳокимияти судӣ дар татбиқи амалии адолат ибрози назар намуда, таъкид карданд: «Мустақилияти ҳокимияти судӣ чун рамзи адолат аз обрӯву нуфузи он дар ҷомеа, сатҳи омодагии касбии судяҳо дар мавриди доварии софдилонаи онҳо ба нафъи инсон, ҷомеа ва давлат вобаста аст. Вазифаи асосии ҳокимияти судӣ татбиқ ва таъмини адолати судӣ мебошад. Аз ин рӯ, адолат дар фаъолияти мақомоти судӣ фақат дар сурате амалӣ мегардад, ки онҳо парвандаҳоро воқеъбинонаю беғаразона ва бо риояи қатъии талаботи Конститутсия ва қонунҳо ҳаллу фасл намоянд».
Дар партави ин таъкиди Пешвои муаззами миллат, мо – кормандони  мақомоти судӣ худро вазифадор меҳисобем, ки зимни иҷрои уҳдадориҳои хеш ба иштибоҳ роҳ надода, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонуну адолатро бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ҳифз намоем. 
 
Шосафар САФАРЗОДА, судяи суди ноҳияи Рӯшон
Санаи нашр: 30.08.2023 №: 175
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив