ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВАНҶ. ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ МОНДАГОР ХОҲАД БУД

ВАНҶ. ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ МОНДАГОР ХОҲАД БУД

30 август 2023, Чоршанбе
12
0
Натиҷаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳияи Ванҷ дар шашмоҳаи  аввали соли 2023  аз он далолат медиҳанд, ки ноҳияи Ванҷ дар татбиқи барномаҳои стратегии  аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар, ба истиқлолияти энергетикӣ расидан, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии мамлакат ба яқ қатор муваффақиятҳо ноил шудааст. Нақшаи  буҷети ноҳия 104, 2 фоиз иҷро гардида, ба он 4 миллиону 758 ҳазору 981 сомонӣ ворид шудааст.  
 
Дар асоси барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия то соли 2025-ум, 116 лоиҳа ба маблағи 174,2 миллион сомонӣ амалӣ мегардад. Чандин лоиҳа, аллакай, татбиқ шудааст. Баҳри беҳтаргардонии инфрасохтори деҳот дар музофотҳо низ, бо маблағгузории Ҳукумати кишвар ва шарикони рушд амалҳои ободкорӣ ва созандагиҳо хуб ҷараён доранд, – иброз дошт раиси ноҳия Одинашо Мардзода.
 
КИШОВАРЗӢ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОК  МЕБОШАД
Чи тавре ки аз натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии шашмоҳаи аввали соли 2023 маълум гардид, дастовардҳо дар бахши кишоварзӣ торафт  зиёд мегарданд. Ҳаҷми истеҳсоли  маҳсулоти кишоварзӣ дар ин давра дар ҳамаи сохторҳои хоҷагидорӣ 46 миллиону 78 ҳазор сомониро ташкил додааст. Соли ҷорӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва хусусӣ дар майдони умумии  1458 гектар кишти зироатҳо гузаронда шуд. 
Соҳаи чорводорӣ низ, дар ноҳия пешрафти намоён дорад. Имрӯзҳо  дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 17 ҳазору 135 сар чорвои   калон,  қариб 41 ҳазор  сар моли майда, 41 ҳазору 350 сар паранда ва 1082 оилаи занбӯри асал мавҷуд мебошад. 
 
МУСТАҚИЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ  РУШДИ САНОАТРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД
Дар яке аз сафарҳои кориашон ба шаҳру ноҳияҳои вилоят Пешвои муаззами миллат ба Ҳукумати кишвар, Вазорати  энергетика ва захираҳои об, инчунин, ширкати “Помир энерҷӣ” дастуру супориши қатъӣ доданд, ки хатти баландшиддати барқии Шидз – Деҳ – Язгулом –  Даштакро бунёд намоянд. Масъулини соҳа ин вазифаро соли гузашта  бо сарбаландӣ ба ҷо оварданд.  Баробари  ба истифода супурдани ин  хатти баландшиддати барқии 110-киловолта  саросари Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла ноҳияи Ванҷ, ба занҷири ягонаи энергетикии мамлакат пайваст шуд. Ба дурдасттарин минтақаи аҳолинишини водии Язгулом, деҳаи Зайч дар масофаи қариб 10 километр хатти барқ бунёд гардид. Алҳол бунёди чунин  хатти баландшиддати барқии шаҳраки Ваҳдат – маркази ноҳия аз ҷониби ширкати “Помир энерҷӣ” бомаром идома дорад. Ба ҳолати имрӯза иқтидори умумии маҷмааи  минтақавии энергетикии ноҳия 2,6 мегаваттро ташкил менамояд.
Дар шашмоҳаи  аввали  соли 2023 дар ноҳия  ба миқдори зиёда аз 3 миллиону 730 ҳазору 900  сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст,   ки  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта   зиёд  мебошад.  Корхонаҳо ва коргоҳҳои хурди истеҳсолии соҳибкорон низ  мувофиқи шароит ва имкониятҳояшон  фаъолият менамоянд. 
Дар доираи сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, ки баҳри рушди соҳа захира ва имкониятҳои фаровоне дорад, бунёди чанд корхонаи саноатӣ ба нақша гирифта шудааст ва  корҳо дар  самти бунёди корхонаҳои саноатӣ   идома доранд.
 
ВУСЪАТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ  ВА ОБОДОНӢ
Аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо кумаки Ҳукумати мамлакат солҳои охир дар маркази ноҳия ва деҳот зиёда аз 120 иншоот ва биноҳои бисёрошёна  қомат афрохтанд. Биноҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, ҷамоатҳои деҳоти ба номи Муҳаммадулло Абдуллоев, Язгулом, андоз, прокуратура, суд, амнияти миллӣ,  шуъбаи маориф, қасри фарҳанг, маҷмааи маркази  хизматрасонии бисёрсоҳа ва маркази тиҷоратии  “Ванҷ сити”, кӯдакистони  сеошёна барои фарогирии 200 нафар хурдтаракон, биноҳои шуъбаи маориф, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Бунай ва ибтидоии макони нави аҳолинишини  Дашти Язгулом  аз қабили ин бунёдгарӣ ва созандагиҳо маҳсуб мегарданд.
Имрӯзҳо дар бунёди   биноҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ноҳияи Ванҷ, раёсати молия, ҳамчунин, чандин марказҳои хизматрасонӣ ва корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ корҳои бинокорӣ  хуб ҷараён доранд. Дар маҷмуъ, дар ноҳия бахшида ба истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бештар аз 110 иншооти самти иҷтимоӣ ва  саноатӣ  сохта мешавад. Муҳимтар аз ҳама он аст, ки сокинони деҳнишин дар деҳоти водиҳои Вотхуд, Ванҷи Боло ва Язгулом   дар партави дастур ва ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат биноҳои бисёрошёна ва ҷавобгӯи меъёрҳои ҳозиразамони  меъморӣ ва шаҳрсозӣ бунёд мекунанд. 
 
БУНЁДИ ҚИТЪАИ ШОҲРОҲИ ҚАЛЪАИХУМБ – ВАНҶ – ДАРОМАДГОҲИ НОҲИЯИ РӮШОН 
Мутобиқ ба ҷамъбасти натиҷаҳои шашмоҳаи соли ҷорӣ Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия барои таъмиру тармими роҳҳои байни деҳот ба суратҳисоби муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои ноҳия қариб 41 ҳазор сомонӣ маблағ гузарондааст. Тибқи дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соли гузашта бунёди қитъаи шоҳроҳи байналхалқии автомобилгарди Қалъаихумб – Ванҷ – сарҳади ноҳияи Рӯшон оғоз гардид, ки ҳадияи шоиста барои кулли сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  ба шумор меравад. Дар шашмоҳаи  аввали соли 2023 дар ин масири шоҳроҳ бисёр корҳои навсозӣ ба анҷом расиданд. Бо дастуру супоришҳои Роҳбари давлат  80 дарсади бунёдкунандагони ин қисмати шоҳроҳи аз ҳама мушкилтарини 93-километраро  коргарони маҳаллӣ, аз ҷумла аз ноҳияи Ванҷ, ташкил менамоянд. Даҳҳо нафар ҷавонони соҳибкасби ноҳия ва, инчунин, дигар минтақаҳои вилоят дар бунёди ин қисмати шоҳроҳ ҳамроҳи роҳсозони ширкати чинии «China Road and bridge corporation» софдилона  заҳмат мекашанд.
Воқеаи хурсандибахши дигар он аст, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3 автобуси замонавӣ, 1 мошини ёрии таъҷилӣ барои хизматрасонии аҳолии ноҳия дастрас шудааст. Акнун сокинони деҳоти водиҳои Вотхуд, Язгулом ва Ванҷи  Боло имконият пайдо карданд, ки  аз чунин нақлиёти мусофиркашонӣ бо нархи арзонтар истифода намоянд. Ҳамчунин, дар хизмати аҳолии ноҳия 65 нақлиёти мусофиркашонӣ дар терминали Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Илҳом”  сабт гардидааст.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, 
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 30.08.2023 №: 175
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив