ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НИГАРОНӢ. ШУМОРАИ ҶАНГҶӮЁНИ ДИИШ-Х ДАР АФҒОНИСТОН МЕАФЗОЯД

НИГАРОНӢ. ШУМОРАИ ҶАНГҶӮЁНИ ДИИШ-Х ДАР АФҒОНИСТОН МЕАФЗОЯД

30 август 2023, Чоршанбе
36
0
Бар пояи маълумоти Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид, ҳоло дар Афғонистон шумораи ҷангҷӯёни ҳаракати террористии "Давлати исломии Ироқ ва Шом-Хуросон" (ДИИШ-Х) ва аъзои хонаводаи онҳо аз 4 то 6 ҳазор нафар мерасад. Ин дар ҳолест, ки қаблан теъдоди онҳо сею ним ҳазор гуфта мешуд. 
Тибқи Эъломияи Шурои амнияти СММ, ки 25-уми августи соли ҷорӣ дар расонаҳо нашр гашт, ДИИШ на танҳо барои Афғонистон, балки кишварҳои минтақа ва фаротар аз он таҳдиди амниятӣ эҷод мекунад. 
Ин нукта бори дигар собит сохт, ки пас аз ғасби ҳокимият дар Афғонистон аз ҷониби ҳаракати “Толибон” ин кишвар ба лонаи амни гурӯҳҳои террористӣ табдил ёфтааст. 
Тавре маълум аст, ДИИШ кӯшиш кард, дар Ховари Миёна, ки аз он ҷо пайдо шуд, давлати худро таъсис диҳад. Ин гурӯҳи террористӣ дар Ироқу Сурия ба “комёбиҳо” ноил гардид ва “давлат” ҳам бунёд кард. Аммо дар натиҷаи тақвияти мубориза бо ДИИШ соли 2019 минтақаҳои тасарруфкардаашро аз даст дод ва ҷангҷӯёни ин созмон аз Ироқу Сурия фирор карда, ба Осиёи Ҷанубӣ, яъне Афғонистон омада, шохаи нави ин созмони террористиро бо номи ДИИШ-Хуросон таъсис доданд. 
Террористони ба ин минтақа омада, пеш аз ҳама, ҳамлаҳои террористӣ анҷом медиҳанд, то қудратро дар Афғонистон заиф намоянд. ДИИШ-Х бо истифода аз муноқишаҳои дохилӣ дар Афғонистон талош дорад, ки нуфузи худро дар минтақа афзоиш диҳад. Далели ин ҳамлаи террористии рӯзи 30 июли соли ҷорӣ дар гирдиҳамоии интихоботии Ҳизби ҷамъияти уламои исломӣ дар Покистон буд, ки дар натиҷа, 63 нафар ҷон дода, беш аз 100 каси дигар захмӣ гардид. Гузашта аз ин, чанде қабл дар Кобул таркиш анҷом доданд. 
Пайгирии ин мавзуъ нишон медиҳад, ки амиқтар шудани мушкилоти иқтисодӣ дар Афғонистон, эҳтимоли ба созмонҳои террористӣ муроҷиат кардани мардум бо истифода аз далелҳои мазҳабӣ ҳамчун абзор меафзояд. Ташкилоти террористии ДИИШ-Х низ аз ин вазъ манфиат хоҳад гирифт.  
Аз ин дидгоҳ, бори дигар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон, махсусан давлатҳои ҳаммарз бо Афғонистонро, зарур аст, ба манзури пешгирӣ ва коҳиш додани пайомадҳои хатару таҳдидҳо перомуни қабули Консепсияи “камарбанди амниятӣ” дар атрофи Афғонистон иқдом намояд. Ин пешниҳоди Тоҷикистон сол ба сол аҳамияти бештар касб мекунад, зеро ба ҷуз аз «Ал-Қоида» ва ДИИШ-Х, ҳоло дар Афғонистон гурӯҳҳои дигари террористии минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз қабили Таҳрики толибони Покистон, ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ, Гурӯҳи ҷиҳоди исломӣ, Хатиба Имом ал-Бухорӣ, ҳаракати исломии Ӯзбекистон, “Ҳизб-ут-таҳрир”, “Ансоруллоҳ” рӯйи саҳна омадаанд.
Ҳамин тариқ, метавон хулоса кард, ки Афғонистон дар ҳоли ҳозир ҷои мусоид барои ҳузур ва фаъолияти дилхоҳ гурӯҳи ифротгаро мебошад. Чуноне зикр рафт, пас аз суқути ДИИШ дар Сурия ва Ироқ, Афғонистон ба макони нави истиқрори ҷангиёни ин гурӯҳ табдил шуд. Ҳукумати феълӣ тавони комилан таҳти назорат гирифтани қаламрави Афғонистонро надорад ва ин ҳолат ба созмонҳои ифротӣ имкон медиҳад, ки ин кишварро ҳамчун пойгоҳ барои ташаккул ва муттаҳидсозии неруҳои худ истифода баранд.
 
Маҳмуд МИРЗОЁН, 
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 30.08.2023 №: 175
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив