ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЁД КАРДАМ, ОЧАҶОН, РӮЙИ ТУРО…

ЁД КАРДАМ, ОЧАҶОН, РӮЙИ ТУРО…

30 август 2023, Чоршанбе
191
0
 
Офтоб аз кӯҳи Уқобхона теғ кашида, соате пас аз фарози қуллаҳои осмонбӯс ба тамоми гӯшаву канори деҳа расид. Ашки гулу гиёҳи навруста оҳиста-оҳиста тоза шуда, табиат муаттар мешуд, аммо оби дидаи ман ҳамоно ҷорӣ буду шодии дунёи кӯдакӣ дар кунҷи дилам зиндон. Охир, панҷ рӯз мешавад, ки дар субҳгоҳон садои гиряву нола зангӯлаи бедориям шуда. Аз хоб бедор мешаваму дунёро дар чашмони худ тира мебинам. Ин субҳ ба худ омада натавонистам, дилам ба модарам, ки ҳама хурду калони деҳа дар азояш месӯхтанд, сахт гум зад. Дар дилам шӯре бархост, ки ҳамин ҳоло рафта, сари гӯраш нишинам ва агар мумкин бошад, ду дасти муборакашро аз гӯр берун кашида, ба гарданам ҳалқа кунам… 
Барои ин амал пайти муносиб меҷустам, то касе пеши роҳамро нагирад. Дарёфтам, ки «дидор бо модар» дар манзили охираташ нимаи рӯз қулайтар аст, зеро баробари афзудани гармии ҳаво, муҳитро оромӣ фаро гирифта, касе дар роҳравҳо ба чашм намехӯрад. Ҳамин тавр, лаҳзае, ки фазои ҳавлии мо ҳам даме сокит шуд, худро номаълум аз даричаи пушти хона ба кӯча андохта, сӯи оромгоҳ давидам. Хам-хам то наздикии мазори деҳа расидам. Офтоби тамуз метафсиду вуҷуди ман аланга мегирифт. Наздиктар шудам, ки қабристон дар назарам ҳавлнок аст, давру бари онро бо симтӯр иҳота карда, ба дараш қуфл задаанд. Имкони ба осонӣ даромадан ба оромгоҳ вуҷуд надошт, вале мани хурдҷусса аз панҷараи дарвозаи оҳанӣ худро ба дарун гирифтам. Аввал пушти майсаҳо паноҳ шуда, як дам нафас рост кардам. Ба атроф дуздида назар медӯхтам, то касе аз ҳаракати ғайриинтизори як ноошно дар манзили хомӯшон хабар наёбад. Оҳи вазнине аз сина сар додаму хазида-хазида ба сари гӯри модари ҷавонмаргам расидам. Гӯри тоза дуд аз димоғам баровард. Чанд мушт аз хоки ҳанӯз таре, ки ҳоло  орзуҳои нофарҷоми очаҷонам рӯи он сабзидаанд, ба рӯям кашидам. Мумкин буд, ин роз ба касе ошкор нашавад, то лаҳзае, ки канори қабри модари дар хокхуфтаам ғел зада, талх гиристам ва дасте сарамро аз замин бардошт…
Ҳоло дуруд ба руҳи покат, модари ман! Кош ин дам зинда будиву шодии маро дар дили шабе аз шабҳо бо ҳам қисмат мекардем. Паёмам ин аст, ки ҳамон кӯдаки нозпарварат, ки марги бармаҳал нагзошт, дасташро то ба остонаи мактаб бубарӣ, донишҷӯй шуд. Паёмаки ба донишгоҳ қабул шуданам, лаҳзае чанд маро ба ёди ширинат бурд ва ин хотираи талх дар зеҳнам бедор шуд. 
Ёдам омад, ки як рӯз қабл аз савори аспи чӯбӣ рафтанат, чаҳраат бозу ханда бар лаб шудӣ. Ту мегуфтиву мардум механдиданд. Гӯё дарди қотил дигар устухонатро намесӯхт ва мани хушбовар гумон кардам, ки сиҳат ёфтаву акнун ба по рост мешавӣ. Вале аз куҷо медонистам, ки бо чунин чеҳранамоӣ ту ба истиқболи марг мешитобӣ ва ба амри Ҳақ тан додаӣ. Оқилона сухан мегуфтӣ, нуктасанҷона васият мекардӣ. Ману додарамро сахт оғӯш гирифтаву чашм ба сақфи хона медӯхтӣ. Гумонам, бо Худои худ суҳбат мекардӣ, барои бозмондагонат умри бегазанду рӯзгори бемашаққат мехостӣ. Дасти дуоят сӯи Парвардгор дар он лаҳзаҳои ғофилгиру поёни умри ҷавонат зеҳнамро то ҳол тарк накардааст. Ман дар оғӯши ту меболидам, бехабар аз он ки ҷигарбандонатро барои охирин дидор ба наздат хондаӣ ва бори охир барояшон дасти дуо мебардорӣ.
Магар Худо туро ҳидоят мекард, ки ҳар кору амалатро дар вақти муайян иҷро ва ҳарфи дилатро бамаврид баён мекардӣ. Мисли он ки гули мақсуд аз ин ҷаҳон барчидаву бо хотири ҷамъ меравӣ, на монанди як ҷавонзане, ки ҳанӯз орзуҳояш дар нимароҳу боровар нашудаанд. Ҳатто, худоҳофизиат бо яко-яки азизону пайвандон, ҳанӯз тире дар ҷигари ман аст. Агар то ҳол тамос бо ҳамсояи аз ҳама хубамон дар Хуҷанд ва бо лабханд «дидор дар қиёмат» гуфтанат ёдам ояд, тамоми вуҷудам меларзад. Холаи Иқлимой, ки аз он сӯи гӯшии телефон ҳарфи туро ҷиддӣ нагирифт, рӯзи дигар ангушти ҳайрат ба даҳон ва ашки шашқатор ба ҷанозаат расида омад. Тобутатро мебурданду ман дар худ меларзидам, то чанде ки аз назарам ғоиб шудӣ, нолидаму нолидам. Он рӯзи сиёҳ, ки ҷисми покат бо ҳазор ормон зери хок рафт, ман дар ҳукми гул будам, ба масал «даҳонам бӯи ширу пуштам бӯи гаҳвора» мекард, ки маро тарк кардӣ ва бори гароне рӯи шонаҳоям нишаст, ки асораташ то ҳол дар мағзу устухонам боқист…
Ҳоло ман дуоятро дар рӯзу рӯзгорам мустаҷоб мебинам. Дар оғӯши бонуи отифае ба камол расидам, ки забон ба модарандар гуфтанаш намепечад. Чун нусхаи ба асл баробар аст. Ҳамон назокату меҳрубоние, ки доштӣ, ӯ бароям арзонӣ медорад. Вале симои пурнури ту – очаҷонам, ҳамеша пеши назар аст ва ёди рӯят ҷисму ҷонамро мудом месӯзаду ин байт сари забон аст:
 
Аз дил наравад ёди ту, гар хун равад аз дил,
Ёди ту чу хун нест, ки берун равад аз дил.
 
Модарҷони ман! Муҳити имрӯзи ҷомеаи мо намегузорад, ки ман лаҳзае аз ёди ширинат ғофил бимонам, зеро дар он мақоми зан-модар баланд асту ба ҷойгоҳаш арҷ гузошта мешавад. Муҳаббату дӯстдорӣ ва расидан ба қадри заҳматҳои ҷомеасозаш тарғибу тавсиф мешаванд, ки чунин равзанаи некро Роҳбари олии давлат боз кардаанд. Дареғу дард, ки модари ман нест, то дар ин ҷойгоҳи баланд қарор гираду ман барояш ишқу муҳаббат варзам…
 
Файёз ФИРӮЗ, донишҷӯйи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
 
Санаи нашр: 30.08.2023 №: 175
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив