ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТОҶИКОНУ ӮЗБЕКОН. ИСТИҚБОЛИ ГАРМИ МАРДУМ АЗ ТАҚВИЯТИ МУНОСИБАТҲОИ ҲАМСОЯДОРӢ 

ТОҶИКОНУ ӮЗБЕКОН. ИСТИҚБОЛИ ГАРМИ МАРДУМ АЗ ТАҚВИЯТИ МУНОСИБАТҲОИ ҲАМСОЯДОРӢ 

30 август 2023, Чоршанбе
47
0
Барқарор шудани равобити ҳасана миёни ду кишвари дӯсту бародар – ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боиси ҳарчи бештар равуо кардани шаҳрвандон ба кишвари ҳамдигар гардидааст. Сокинони ду самти марз бар ин назаранд, ки маҳз бо иродаи сиёсии сарварони ду давлат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ин анъанаҳои қадимаи тоҷикону ӯзбекон дубора аз сар гирифта шуда, бидуни монеа ба аёдати ҳамдигар меоянду мераванд.
- Мо аз чунин шароити мусоид истифода карда, як гурӯҳ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар намудем. Ин сафари мо дар арафаи 32-юмин солгарди истиқлоли ду мамлакат ба вуқуъ пайваст. Эҳсос мегардад, ки кишвари ҳамҷавори Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ хеле рушд намуда, ин раванд идома дорад. Ба ҳар гӯша бингарӣ, сохтмони биноҳои баландошёнаи истиқомативу маъмурӣ идома дорад. Роҳҳои васеъ ва ҳамвори байни шаҳрҳои Ӯзбекистон ҳар меҳмонро руҳбаланд менамояд, - мегӯяд бошандаи ноҳияи Файзобод Исматулло Сиддиқов. Ба таъкиди Исматулло Сиддиқов, онҳо худро дар Ватан ҳис намуданд, чунки ҳама ҷо нисбат ба онҳо мардум хеле меҳрубон буда, бо назокати хос истиқбол менамуданд.
- Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро мардуми ҷумҳурии мо хеле эҳтиром мекунанд. Ҳар дидору мулоқоти вай бо Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дӯстиву рафоқати миёни мардуми ду кишварро беш аз пеш таҳким мебахшад, - ба сухан ҳамроҳ шуд сокини деҳаи Алмосии шаҳри Ҳисор Лутфуллоҳ Қодиров. - Таассуроте, ки аз сафар ба деҳаи тоҷикнишини Гелони ноҳияи Шаҳрисабзи вилояти Қашқадарё бардоштем, басе гуворову хотирмон буд. Мардуми деҳаи Гелон, асосан, аз ҳисоби чорводорӣ ва деҳқонӣ зиндагӣ мекунанд. Ҳунари хонасозии ин мардумро дида, ба ҳайрат афтодем. Тоҷикони Гелон дар парвариши дарахтони мевадор низ, ҳунари воло доштаанд.
Аксари меҳмононе, ки ба ин гӯшаи Ӯзбекистон сафар мекунанд, ба ҷанбаҳои меъмории хонаҳои истиқоматии он бештар таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд, зеро тамоми хонаҳои он аз гил ва синҷ сохта шуда, ба ҳар гуна заминларза тобоваранд. Мегӯянд, ки ин деҳа таърихи беш аз дуҳазорсола дорад. 
Ҳафт нафар меҳмони тоҷикистонӣ зимни сафар бо Нормурод Қурбонови гелонӣ дидору мулоқот карданд. Онҳо панҷ сол дар як даргоҳи илм таҳсил кардаанд, ба ҳамин далел хостаанд, ки бо баҳонаи дидорбинии шарикдарсашон аз ин гӯшаи дурдасти Ӯзбекистон боздид намоянд. 
- Солҳое, ки мо аз кӯҳистони Гелон ба мактабҳои олии Тоҷикистон рафта, таҳсил мекардем, теъдодамон беш аз сад нафарро ташкил менамуд. Ҳоло он анъанаҳое, ки қаблан вуҷуд доштанд, аз байн рафтаву ҷавонони гелонӣ бештар таҳсилро дар донишгоҳҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон давом медиҳанд. Ин анъанаи некро бояд идома диҳем, зеро шароит мусоидат менамояд, ки ҷавонони гелонӣ баъди хатми мактаб ба донишгоҳҳои Тоҷикистон рафта дохил шаванд ва соҳиби диплом шуда, ба деҳа баргарданд, - мегӯяд Нормурод Қурбонов.
 
Мирасрор АҲРОРОВ,  “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 30.08.2023 №: 175
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив