ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА САОДАТИ МИЛЛӢ

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА САОДАТИ МИЛЛӢ

01 сентябр 2023, Ҷумъа
61
0
Тоҷикистон марзу буми Оли Сомони ман аст,
Хоки покаш дар шабистони ман аст.
Тоҷикам ман Тоҷикистон кишварам,
Дар фазояш чун кабӯтар мепарам.
 
Истиқлоли давлатӣ волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик буда, нишони ҳувият, ифтихор, номус, рамзи саодат ва шарти бақои миллат мебошад. Ин неъмати бебаҳо барои эҷоди аркони давлатдории муосир шароит фароҳам карда, нуру зиё, меҳру вафо, ободиву озодӣ, ҳамфикриву ҳамзистӣ ва осоиштагиро ба мардуми тоҷик армуғон овард. 
 
Дар зарфи 32 соли соҳибистиқлолӣ Тоҷикистони азиз ба дастовардҳои бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ даст ёфта, ба соири кишварҳои ҷаҳон ҳамчун мамлакати рӯ ба тараққӣ муаррифӣ гардид. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: “Истиқлоли давлатӣ барои мардуми мо имконияти нодири таърихӣ фароҳам овард, ки зери парчами миллии худ муттаҳид шуда, бо заҳмати аҳлонаву бунёдкорона бисёр мушкилоту монеаҳои сахту сангинро паси сар намоянд ва кишвари маҳбубамонро ба марҳалаи рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ расонанд».
Воқеан, истиқлоли давлатӣ барои рушди иқтисодиёти ватанӣ шароити хуб фароҳам овард. Бунёди роҳҳои оҳан ва автомобилгард қадами бузург баҳри расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва омили муҳими ҳамгироии ҷомеа мебошанд. Таҷрибаи сиёсӣ нишон медиҳад, ки маҳз истиқлолу ваҳдати миллӣ роҳи инкишофи имрӯзу ояндаи дурахшонро муайян карда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва зиндагии шоистаи мардумро таъмин намуд. 
Аз файзи истиқлол ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат рӯзгори миллати сарбаланди тоҷик сол ба сол рангинтар гардида, кишвари азизамон мавриди таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ мегардад. Ин дар ҳолест, ки дар ҷаҳони пурҳаводиси муосир ҳар як сайёҳи хориҷӣ ҳангоми гардишгарӣ барои худ, кишвареро интихоб менамояд, ки дар он амнияташ таъмин бошад. Хушбахтона, чунин шароит дар мо мавҷуд буда, ҳатто аз ҷониби созмонҳои гуногун Тоҷикистон ҳамчун кишвари амну босубот барои ҷаҳонгардӣ эътироф шудааст.
Маҳз истиқлоли давлатӣ заминаи ҳуқуқӣ фароҳам овард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ гардида, бо аксар кишварҳои олам ва созмонҳои ҷаҳонӣ муносибатҳои дипломатӣ барқарор намояд. Ҳоло кишвари азизи мо узви фаъолу ташаббускори Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва чандин ташкилотҳои байналмилаливу минтақавии дигар мебошад. Падидаи муҳим дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидани пешниҳодҳои Пешвои миллат дар сатҳи байналмилалӣ мебошад. 
Ҳоло новобаста аз он, ки мо дар ҳамаи самтҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ  ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаем, вале дар дар марҳилаи мураккабу ҳассоси ҷаҳони муосир ба иттиҳоду ҳамраъйӣ, ваҳдати миллӣ, маърифату зиракии сиёсӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстиву ватандорӣ ниёзи бештар дорем. Чунки таҳдидҳои терроризму экстремизм то рафт авҷ гирифта, метавонанд ба амнияту осоиши ҷомеа халал ворид созанд. Ин дар ҳолест, ки мутаассифона, то ҳол гурӯҳу созмонҳое ҳастанд, ки дар пайи ноором кардани вазъ дар кишвари азизи мо мебошанд ва бо ҳар роҳ кӯшиш мекунанд, ки монеи пешрафту тараққиёти мамлакат гарданд. Пас, дар чунин вазъ мо бояд дар партави ҳидоятҳои Сарвари давлат амал карда, дар ҳеҷ маврид зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва ба қадри тавонмандии хеш дар пешрафти минбаъдаи Ватани азизи худ саҳмгузор бошем. 
 
Ҷаҳонгир АБДУЛЛОВ,
муовини директори МД «Маркази илмию тадқиқотии 
ҳифзи захираҳои об»-и Кумитаи ҳифзи муҳити зисти 
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Хайринисо БОБОКАЛОНОВА, 
корманди Кумитаи ҳифзи муҳити зист
Санаи нашр: 31.08.2023 №: 176
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив