ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САНОАТ. СОҲАЕ, КИ РӮ БА РУШДИ УСТУВОР ДОРАД

САНОАТ. СОҲАЕ, КИ РӮ БА РУШДИ УСТУВОР ДОРАД

04 сентябр 2023, Душанбе
165
0
 
Саноати мамлакат омили муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ буда, ҳиссаи он дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ батадриҷ зиёд мегардад. Ҳамин аст, ки нимсолаи аввали соли равон истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар муқоиса ба ҳамин марҳилаи соли гузашта 1,8 миллиард сомонӣ зиёд гардид, ки суръати афзоиш 10,3 дарсадро ташкил карда, ба 20,7 миллиард сомонӣ расид. 


БАРОИ ТАВСЕАИ ФАЪОЛИЯТ БЕШ АЗ 3,1 МИЛЛИАРД СОМОНӢ ХАРҶ ГАРДИД
Қобили таваҷҷуҳ аст, ки дар ин муддат барои таъсиси истеҳсолоти нав, воридоти таҷҳизоти технологӣ ва васеъгардонии фондҳои истеҳсолӣ 3 миллиарду 190,7 миллион сомонӣ маблағи корхонаҳо ва сармояи хориҷӣ сарф гардид, ки назар ба ҳамин давраи соли сипаришуда 833,4 миллион сомонӣ бештар мебошад. Дар натиҷаи дастгириҳои фароҳамгардида, корхонаҳои саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои гаронбаҳо ба маблағи 6,4 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки сиву як дарсади ҳаҷми маҳсулоти умумии корхонаҳои саноатии ҷумҳуриро ташкил медиҳад.   
 
СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ САНОАТИ САБУК ВА АНГИШТ КОҲИШ ЁФТ
Корхонаҳои соҳаи саноати сабук ва пилла, бо назардошти корхонаҳои пахтатозакунӣ, моҳҳои январ-июни соли равон тавлидотро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта шаш дарсад зиёд карда, ба маблағи беш аз 1,5 миллиард сомонӣ маҳсулот бароварданд. Ҳиссаи соҳа дар ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ 7,3 дарсад мебошад. Корхонаҳои коркарди нахи пахта 11,3 ҳазор тонна ресмон ва коргоҳҳои бофандагӣ дувоздаҳ миллион метри мураббаъ матоъ истеҳсол карданд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ зиёд гашта, маҳсулоти истеҳсолшуда 77 дарсад ба хориҷи кишвар содирот шуд. Тибқи ҳисоботи расмӣ, коркарди пӯсти чорво ба 250,8 ҳазорто расид. Маълумоти дигари ҷолиб истеҳсоли беш аз 4,2 миллион ҷуфт ҷӯроби пахтагӣ, 2,7 миллион метри мураббаъ қолин ва мебел ба маблағи 38,4 миллион сомонӣ мебошад. 
Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нав, моҳи августи соли равон зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти нимсолаи аввали ин ниҳод иброз дошт, ки дар давраи мавриди назар содироти маҳсулоти истеҳсолкардаи корхонаҳои саноати сабук ба хориҷи кишвар кам гашта, ба 121,4 миллион доллари амрикоӣ баробар гардид. Вазир сабаби коҳиш ёфтани содироти онро, асосан, ба нишондиҳандаҳои содироти нахи пахта рабт дод.  
Дар ин муддат истихроҷи ангишт аз тарафи дувоздаҳ корхонаи соҳа дар нуҳ кон ба 751,2 ҳазор тонна баробар шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда кам гардид. Яке аз сабабҳои таъмин нагардидани суръати афзоиш, қатъ гардидани фаъолияти ҶДММ «Талко-Ресурс» (183,3 ҳазор тонна кам) ва ҶДММ «Ганҷ» оид ба анҷом расидани муҳлати амали иҷозатнома, инчунин, кам нақшабандӣ кардани истихроҷи ангишт дар давраи ҳисоботӣ бо назардошти мавҷуд будани захираи ангишт, афзоиши бақияи он дар анбори корхонаҳои соҳа (31,6 ҳазор тонна) ва кам гардидани содироти ангишт мебошад. Содироти ангишт низ, дар муқоиса ба соли сипаришуда 174,5 ҳазор тонна коҳиш ёфта, ба Афғонистон ва Покистон ба маблағи 2,8 миллион доллар фурӯхта шуд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сабаби коҳиш ёфтани содирот ба Покистон болоравии арзиши транзитӣ аз 7$ то 40-55$ тавассути Афғонистон ба Покистон мебошад, ки боиси баланд шудани арзиши ангишт ва коҳиш ёфтани қобилияти рақобатпазирии ангишти содиротшаванда дар бозори ин кишвар гардидааст. 
 
ГӮШАИ ТОҶИКИСТОН ДАР НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САНОАТӢ
Соли равон аввалин маротиба гӯшаи намоишии маҳсулоти саноатии истеҳсоли ватанӣ таҳти унвони “Тоҷикистон кишвари 12 металлу минералҳои гузаришӣ” дар тарҳи муосир дар “ИННОПРОМ-2023”, ки дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия баргузор гардид, ташкил карда шуд. Дар он як қатор маҳсулоти ватании ба содирот нигарондашуда ба намоиш гузошташуда, иштирокдорони чорабинӣ бо имкониятҳои саноатии ҷумҳурӣ шинос гаштанд. Дар Намоишгоҳи «ИННОПРОМ-2023» намояндагони 700 ширкат аз кишварҳои узви СҲШ иштирок карданд.
 
489 КОРХОНАВУ КОРГОҲИ САНОАТӢ ДАР НИМ СОЛ
Тибқи маълумоти оморӣ, тайи шаш моҳ дар доираи татбиқи яке аз чор ҳадафи стратегии Ҳукумати мамлакат – саноатикунонии босуръати кишвар 489 корхонаю коргоҳи нави саноатӣ, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе 141, вилояти Хатлон 83, Суғд 162, ВМКБ 6 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 97 адад мавриди истифода қарор гирифта, дар онҳо 2400 кас соҳиби ҷойи кор шуд. Аз ҳисоби корхонаҳои нав ба маблағи 115,5 миллион сомонӣ маҳсулот тавлид гардид.  
 
АЗ АФЗОИШИ ИСТЕҲСОЛИ МАСОЛЕҲИ СОХТМОНӢ ТО БУНЁДИ КОРХОНАИ АЗИМИ ГАҶСАНГ
Соҳаи саноати масолеҳи сохтмонӣ рӯ ба рушди устувор ниҳодааст. Аз ҷумла, дар натиҷаи шароитҳои фароҳамгардида, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ назар ба нишондоди ҳамин давраи соли гузашта афзоиш ёфта, 1,4 миллиард сомониро ташкил кард. Ҳиссаи корхонаҳои сементбарорӣ дар маҷмуи истеҳсоли маҳсулоти соҳа ба 65 дарсад баробар шуда, истеҳсоли семент ба ду миллион тонна расид. Корхонаҳои сементбарорӣ давоми шаш соли охир талаботи бозори дохилиро пурра таъмин карда, ба ҷумҳуриҳои ҳамсоя низ маҳсулот содирот менамоянд. Аз ҷумла, дар нимсола ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Афғонистон 538,8 ҳазор тонна семент ба маблағи 19,9 миллион доллари амрикоӣ фурӯхта шуд. Оид ба иҷрои ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо ҷалби соҳибкорон бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ, аз ҷумла гаҷсанг, моҳи сентябри соли равон аз тарафи ҶДММ «Моҳир семент» дар ноҳияи Ёвон бо шарикони чинӣ корхонаи бузурги истеҳсолӣ бо иқтидори коркарди 200 ҳазор тонна гаҷ ва истеҳсоли 30 миллион метри мураббаъ варақаҳои гаҷӣ дар як сол ба маблағи 23 миллион доллари амрикоӣ бо таъсиси 150 ҷои кории нав сохта, ба истифода дода мешавад. Корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизоти истеҳсолии корхона тибқи нақша идома дошта, дар он 130 коргари маҳаллӣ ва мутахассиси чинӣ фаъолият дорад. 
 
САНОАТИ ХӮРОКВОРӢ. БА МАБЛАҒИ 4,5 МИЛЛИАРД СОМОНӢ МАҲСУЛОТ ТАВЛИД ГАРДИД
Саноати хӯрокворӣ рушди устувор ва мунтазами худро тавассути бунёди корхонаҳои муосир идома дода, дар шаш моҳ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа беш аз 4,5 миллиард сомониро ташкил дод. Нишондод дар муқоиса ба соли гузашта зиёд буда, 18,1 дарсади ҳаҷми умумии маҳсулоти саноати ҷумҳурӣ мебошад. Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати хӯрокворӣ, асосан, аз ҳисоби зиёдшавии ҳаҷми истеҳсоли хӯроки омехтаи парандаю чорво, нӯшокиҳои беспирт, намаки ошӣ, гӯшт, орди гандум ва консервҳои меваю сабзавот аст.  Бо зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсол сатҳи таъминоти бозори истеъмолии кишвар бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, ки ҳадафи асоси саноати хӯрокворӣ мебошад, мунтазам зиёд шуд. 
–  Ҳоло дар соҳа 760 корхона фаъолият дорад. Танҳо дар нимсолаи аввали соли равон дар саноати хӯрокворӣ ҷиҳати афзоиши иқтидорҳои истеҳсолӣ ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ғизоии саноатӣ 112 корхона ба истифода дода шуд, ки маблағи 45,1 миллион сомонии маҷмуи маҳсулоти саноати хӯрокворӣ ба корхонаҳои навтаъсис рост меояд.– таъкид кард Шералӣ Кабир.
Гуфта шуд, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда, мавқеи маҳсулоти ватанӣ дар бозори дохилӣ устувор гардида, содироти он ба хориҷи кишвар, аз ҷумла ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, инчунин, Амрико ва Аврупо, мунтазам меафзояд. Агар ба хориҷи кишвар нимсолаи аввали соли гузашта ба маблағи 18,5 миллион доллари амрикоӣ маҳсулоти саноати хӯрокворӣ фурӯхта шуда бошад, ин нишондод шашмоҳаи соли равон 20,4 миллион долларро ташкил кард. 
 
Кароматулло АТО, 
"Ҷумҳурият"
 

Санаи нашр: 02.09.2023 №: 177
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив