ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ ВА ТАҲКИМИ НИЗОМИ ДЕМОКРАТӢ

ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ ВА ТАҲКИМИ НИЗОМИ ДЕМОКРАТӢ

05 сентябр 2023, Сешанбе
56
0
 
Соҳибистиқлолии кишвар, ки 32-юмин солгарди онро таҷлил мекунем, воқеан, ифодагари эҳсоси баланди миллӣ, худшиносию худогоҳӣ, ватансозию ватандорист. Ин дастоварди бемисл буда, ба шарофати он сарҷамъию ягонагӣ ва ҳастии халқи тоҷик ҳамчун миллати соҳибтамаддуну давлатдор ва соҳибтоҷ таъмин мешавад. Бешак, санаи эълон гардидани истиқлоли давлатӣ ҳамчун рӯзи барқарории адолати таърихӣ ва эҳёи давлатдории навини тоҷикон маҳсуб меёбад. 
Раванди пойдор нигоҳ доштани соҳибистиқлолии Тоҷикистон якранг набуд. Мардуми кишвар ҳодисаю воқеаҳои зиёдеро дар ин марҳала паси сар карданд, ки дар таърихи Тоҷикистони навин ҳамчун саҳифаи пуртазод сабт гардидааст. Ҳақиқати эътирофгардида аст, ки эъмори давлатдории навини мо аз аввалин суханони Раиси тозаинтихоби Шурои Олӣ (Сарвари давлат) муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Қасри Арбоб “Ман ҷонибидори давлати демократии ҳуқуқбунёди дунявӣ ҳастам” оғоз шуд.
Дар асоси воқеияти таърихиву сиёсии гузаштаву муосир ва бо назардошти манфиатҳои имрӯзу ояндаи милливу давлатӣ, халқи сарбаланди тоҷик бо майлу иродаи худ ва бо изҳори раъйи озодона сохти давлатдории демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро интихоб намуд, ки акнун он ҳамчун иродаи қатъии мардуми кишвар дар моддаи аввали Конститутсия сабт гаштааст. Таҳлилҳо собит месозанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми ин солҳо дар роҳи бунёди чунин низоми давлатдорӣ гомҳои устувор ниҳод. Вазъи мураккабу зудтағйирёбандаи ҷаҳон ва таҳлили ҳаводиси сиёсӣ бори дигар собит сохт, ки баргузидани давлатдории дунявӣ интихоби дурусту дурнигаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Ҳамин аст, ки ҳоло ин ғоя ба яке аз заминаҳои асосии ҳаёти осоиштаи ҷомеа табдил ёфтааст.
Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ санадҳои асосии марбут ба ҳуқуқи инсонро эътироф намуда, инсон, ҳуқуқу озодиҳои ӯро арзиши олӣ эълон намудааст. Ҳокимияти судӣ ба ҳайси яке аз кафолатҳои асосии таъмини арзиши олӣ будани ҳуқуқу озодиҳои инсон баромад менамояд. 
Дар ҳамин замина, чанде қабл бо мақсади ташаккули муносибати эҳтиромона ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таҳкими минбаъдаи нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 (5 августи соли 2023) қабул гардид. Ин санад идомаи мантиқии ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба ҳисоб меравад. Таҳлили Стратегия нишон медиҳад, ки ҳадафи асосӣ таъмини афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳамчун омили асосии сиёсати давлатӣ, ки самти рушди қонунгузорӣ, сиёсат ва амалияи қонунтатбиқкуниро ҳангоми қабули қарор аз ҷониби мақомоти давлатӣ муайян мекунад, мебошад.
Аз ин дидгоҳ, шароити кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳар кадоми мо талаб менамояд, ки бо дарки масъулияти баланд вазифаҳои хизматиро содиқона дар назди Ватан иҷро намуда, фаъолияти худро баҳри ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, корхонаю муассисаҳо бо мақсади ҳифзу таҳкими дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ равона намоем. 
Дар охир мехоҳам, бо нутқи пурмуҳтаво ва таъсирбахши Сарвари давлат, ки зимни мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ иброз доштанд, матлаби худро хулоса намоям: “Мо барномаи яроқи ҳастаӣ ва яроқи ҳастаӣ ҳам надорем. Яроқи ҳастаии мову шумо дар ваҳдати миллӣ аст, дар сарҷамъии миллат аст!”. 
 
Ҷамолиддин АБДУЛЛОЗОДА, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ
Санаи нашр: 05.09.2023 №: 178
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив