ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » “ДАСТОВАРДҲОИ ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛ”

“ДАСТОВАРДҲОИ ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛ”

05 сентябр 2023, Сешанбе
16
0
Зери чунин унвон китоби доктори илмҳои филология, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ бахшида  ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 75-солагии факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, таҳти назари академики Академияи илмҳои миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, ба табъ расид. 
Китоб аз мундариҷа ва се бахш: "Истиқлол омили рушди фарҳанги миллӣ", "Қадршиносии устодону кормандон дар даврони истиқлол", "Дастовардҳои факултети филология дар замони истиқлол" иборат аст.
Муаллиф дар қисмати муқаддимавӣ се акс аз толору бинои таълимӣ, суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  дар бораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон овардааст: “Ин боргоҳи илму маърифат ҳамчун яке аз марказҳои бузургу таълиму тарбияи кадрҳои миллӣ дар рушди  илму маориф ва фарҳанги кишвари соҳибистиқлоли мо нақши хоса ва бузург дорад, зеро ҳоло дар кишварамон соҳае нест, ки дар он хатмкардагони Донишгоҳ фаъолияти пурмаҳсул надошта бошанд”. Роҳбари давлат боварӣ ва итминон ба он дорад, ки ин хатмкунандагон, ки шумораашон зиёда аз 90 ҳазор мебошад,  тамоми донишу малака,  неруву тавоноии худро ба хотири дар сатҳи ҷаҳонӣ омода намудани кадрҳои миллӣ ва инкишофи илм равона менамояд.
Китоб ҷанбаи оморӣ  низ дорад. Тавре зикр мегардад, дар 5 соли охир (2018-2022) фаъолияти илмӣ ва дастовардҳои устодони факултет дар соҳаи илми филология беназир аст. Масалан, дар солҳои  зикргардида 2421 номгӯй асарҳои илмӣ,таълимиву методӣ ва илмию оммавӣ ба табъ расонда шудаанд.
Ҳамин тавр, китоб дастовардҳои илмию омӯзгорӣ, таълимию ҷамъиятии устодону кормандон ва хатмкунандагони факултетро дар замони Истиқлоли давлатӣ  фарогир мебошад. 
 
СОРБОН ШАРИФОВ
Санаи нашр: 05.09.2023 №: 178
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив