ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДАСТГИРИИ ТАШАББУСИ НАВБАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҶОНИБИ МАҶМАИ УМУМИИ СММ

ДАСТГИРИИ ТАШАББУСИ НАВБАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҶОНИБИ МАҶМАИ УМУМИИ СММ

06 сентябр 2023, Чоршанбе
11
0
Маҷмаи умумии СММ қатъномаи «Пайгирии натиҷаҳои Конфронси СММ оид ба фарогирии миёнамуҳлати Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»-ро, ки аз ҷониби Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, қабул намуд. Дар ин хусус Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ хабар медиҳад.
Ҳамин тавр, ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати соли 2028 дар Тоҷикистон баргузор намудани Конфронси СММ оид ба арзёбии фарогири ниҳоии татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028»-ро пазируфт. Қатъномаи таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар ҳама сатҳҳоро ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ҳадафу мақсадҳои марбут ба обу санитарияи Рӯзномаи 2030, хусусан барои давлатҳои рӯ ба тараққӣ, зарур мешуморад. 
 
 
ВОХӮРИИ РАИСИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО ФАЪОЛОНУ СОКИНОНИ НОҲИЯИ РАШТ
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Маҳмадтоир Зокирзода дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои водии Рашт дар толори Қасри фарҳанги шаҳраки Ғарм бо фаъолону сокинони ноҳияи Рашт вохӯрд. 
Аз МИМҲД-и ноҳияи Рашт ба мо иттилоъ доданд, ки зимни суҳбат Маҳмадтоир Зокирзода дар мавзуъҳои ваҳдату ягонагӣ, дастовардҳои мардуми мамлакат дар замони соҳибистиқлолӣ ва сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ сухан гуфт.
 
 
САФАРИ ДАБИРИ КУЛЛИ СААД БА ТОҶИКИСТОН
Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Имангали Тасмагамбетовро, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои мубрами рӯзномаи СААД-ро мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба қисмати муҳтавои ҷаласаи муштараки Шурои вазирони корҳои хориҷӣ, Шурои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шуроҳои амният, инчунин, иҷлосияи Шурои амнияти дастаҷамъии СААД, ки нимаи дуюми моҳи ноябри соли ҷорӣ дар Беларус ба нақша гирифта шудааст, табодули афкор намуданд.
 
 
ФОРУМИ САРМОЯГУЗОРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ОЛМОН
«Гардиши мол байни Тоҷикистон ва Олмон дар шаш моҳи соли равон 93 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод», – зикр гашт дар Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Олмон, ки бо иштироки доираҳои васеи соҳибкорию сармоягузории ду кишвар баргузор гардид.
Таъкид шуд, ки Тоҷикистон бо Олмон соли 1992 робита ба роҳ монда, то имрӯз байни ду давлат 42 санади ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун ба имзо расидааст. Дар Форум ба доираҳои соҳибкорию сармоягузории Олмон фазо ва имконияти сармоягузорӣ дар соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла саноат, энергетика, хизматрасонӣ, кишоварзӣ, сайёҳӣ, логистика ва нақлиёт тавассути рӯнамо муаррифӣ гардид.
 
 
«ҶАВОНОН – ТАҲКИМБАХШИ ДАСТОВАРДҲОИ  ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА ПАЙРАВОНИ  ПЕШВОИ МИЛЛАТ»
Таҳти ҳамин унвон дар Китобхонаи миллӣ конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор гашт.   
Аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба мо хабар доданд, ки  дар конфронс роҳбарону намояндагони вазорату идораҳо, дорандагони Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ, гирандагони Стипендияи президентӣ ва олимону муҳаққиқони ҷавон иштирок намуданд. Ҳадаф аз баргузории ҳамоиши мазкур, дар замири ҷавонон парвариши эҳсоси гарми ватандӯстӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳким бахшидан ба дастовардҳои даврони истиқлол ва қадр намудани хизматҳои шоёни Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
 
 
БУНЁДИ БЕШ АЗ 12 ҲАЗОР ИНШООТ ДАР СУҒД 
Ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар вилояти Суғд бунёду баистифодадиҳии беш аз 12 ҳазор иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст. 
Дар ин раванд, ба бунёди корхонаҳои саноатӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуда, иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ба кор андохта мешаванд. Дар ин хусус ба «Ҷумҳурият» аз хадамоти матбуоти МИМҲД-и вилоят хабар доданд.
Санаи нашр: 06.09.2023 №: 179
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив