ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ОЗОДҚУЛ МАМАТҚУЛОВ: “МЕХОҲАМ ДАР РУШДИ ЭНЕРГЕТИКА САҲМ ГИРАМ”

ОЗОДҚУЛ МАМАТҚУЛОВ: “МЕХОҲАМ ДАР РУШДИ ЭНЕРГЕТИКА САҲМ ГИРАМ”

15 феврал 2023, Чоршанбе
49
0
Сокини 83-солаи деҳаи Чорбоғи шаҳри Истаравшан Озодқул Маматқулов то баромадан ба нафақа зиёда аз 40 сол дар бахши омори шаҳри Истаравшан фаъолият кардааст, ки аз ин 32 сол ба ҳайси сардори ин ниҳод мебошад. Дар ҷумҳурӣ миёни кулли кормандони соҳаи омор чун “Пири кор” шинохтаву эътироф шудааст. Ҳангоми фаъолияти корӣ дар даврони шуравӣ ҳам, мавсуф бо пешниҳодҳои мушаххас ҷиҳати самаранокии кори омор, ихтироъҳои худ хеле фаъол ва миёни ҳамкасбон дар миқёси Иттиҳоди Шуравӣ низ, соҳибэҳтиром буд. 
Дар даврони соҳибистиқлолӣ низ, ин пири кор аз тасмиму иқдомҳои ҷадид дар канор нест. Сарфи назар аз ин синну сол, нисбат ба дигаргуниҳои соҳаҳои гуногуни ҷумҳурии тозаистиқлол бетараф нест, мавқеи худро дар ҳама ҳолат муайян нигоҳ медорад. Аз ташаббусҳои созандагӣ ва бунёдкоронаи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ваҷд меояду мехоҳад шарик бошаду саҳми худро гузорад.
– Пешвои  миллат  шабу  рӯз  дар  талошанд,  ки  Тоҷикистон бояд  дар  ҳама  самт равнақ ёбаду мардумаш зиндагии осуда  дошта  бошад ва дар ин кор мо – пирон низ, дар канор наистем ва то ҳаддалимкон бо маслиҳату пешниҳод ёрӣ расонем, – самимона иброз медорад Озодқул Маматқулов. – Ман, ки дар давоми фаъолияти кориам бо рақам сару кор доштам, ҳоло ҳам бисёр мутолиа мекунам. Дар ин радиф, бо назардошти вазъи ногуворои неруи барқ ва таъмини он, соли 2014 маҷаллаеро бо номи “Энерго”, ки дар шаҳри Москва чоп мешавад, дастрас кардам ва мақолаеро оид ба паҳлуҳои технологияи истеҳсоли барқ дар генераторҳои неругоҳҳои барқи обӣ хондам. Ин мақола бароям хеле аҷиб намуд ва онро гаштаву баргашта мутолиа кардам ва ба хулосае омадам, ки иқтидори кунунии он генераторҳо дар неругоҳҳои барқи обӣ на ба он сатҳест, ки бояд бошанд, яъне фаъолияти онҳо ҳамагӣ 10 дарсадро ташкил медиҳаду халос. Ва пас аз ин, ғояи нав, яъне роҳи афзунбахшии иқтидори генератор шабу рӯз маро ором нагузошт. 
Баъди мушоҳида ва таҳлилҳои чандсолаи худ дар иртибот ба ҷараёни кори ҳамасолаи генераторҳои неругоҳҳои барқи обии мамлакат, омӯзиши чуқури назариявии истеҳсоли як киловатт қувваи барқ дар ин ҷо ба хулоса омадааст, ки муҳаррик (генератор)-ҳои имрӯзаи фаъолиятдошта бо он формулае: N=Qx9, 81xHxt сохта шудаанд, ки онҳо ҳамарӯза ҳамагӣ бо иқтидори кории 10 фоиз неруи барқ тавлид мекунанду халос. Яъне чи: Q – оби воридшаванда бо суръати 9,8 афтиш-поинрезии озод аз баландии Н-и фароиши об ва t – коэффитсенти кори фоиданок. Инро метавон бо мисоли мушаххас нишон дод. Масалан, ба як агрегати имрӯзаи амалкунандаи НБО оби воридшаванда 100м3,/с, баландии оби ҷоришаванда 54 метр ва ККФ (кори коэффитсенти фоиданокӣ) 094 бошад, пас чунин ҳосил мешавад: N = 100x9, 81x54x094=49795кВт(49,8ммВ).
Аз ин хотир, мавсуф ҷиҳати афзунбахшии нерумандии генераторҳои амалкунандаи неругоҳҳои барқи обии ҷумҳурӣ ва коркарди сифатан нави онҳо аз номи худ чунин пешниҳоди мушаххас намудааст. Бар ин асос, муаллиф муътақид аст, ки татбиқи он формулаи нав ва ё ихтирои ӯ гӯиё ба кулли неругоҳҳои барқи обии кишвар шароит фароҳам меоваранду таконе мебахшанд, ки он миқдору сатҳи қувваи барқи бар ин пешниҳод ҳосилшаванда ба аҳолии ҷумҳурӣ басанда бошаду зиёдатии он ба хориҷ содирот шавад.
– Ин пешниҳод аз ҳаво гирифта нашудааст, – таъкид мекунад Озодқул Маматқулов, – банда солҳои охир бо мушоҳидаи вазъи ногувори таъмини мардум бо қувваи барқ, хоссатан дар фасли зимистон, наздики 8 – 9 сол мешавад, ки ин масъаларо бо истифодаи ҳар гуна сарчашмаҳои илмӣ, ихтироъкорӣ пайгирӣ дорам. Албатта, бо такя ба он назарияҳои илмӣ ва формулаҳои мавҷудаи физикӣ. Бояд иброз дорам, ки ҷараёни кори генераторҳои феълии дар неругоҳҳо насбшуда бо он формулае амалӣ мешаванду барқ ҳосил мекунанд, ки ҳамагӣ 10 дарсади иқтидори тавлидӣ доранду бас ва ин генераторҳо дар ҳамин замина сохта шудаанд. Инро ман аз рӯи як агрегати НБО “Қайроққум” (шаҳри Гулистон) бо муҳандисаш мушоҳида кардаву боварӣ ҳосил намудам. Мутаассифона, шояд, даҳсолаҳо ин неругоҳҳо бо ҳамин 10 дарсад фаъолият доранд. Аз ин рӯ, агар кори феълии генераторҳои имрӯзаро аз рӯйи формулаи навтаъсиси ман, яъне N = (Q x(зарби) 9,81x(зарби) H ва x(зарби) t) x (зарби ) 9,8 кВт таҳия карда, дар корхонаи “Уралмаш”-и шаҳри Екатеренбург генераторҳои нав созему онро оварда, дар яке аз ин неругоҳҳо насб созем, аллакай, неругоҳ дар қиёс ба иқтидори қаблӣ боз иловатан 90 дарсад зиёд неруи барқ истеҳсол мекунад. Яъне, Q – акнун оби ба генератор воридшаванда бо резиши поёнии озоди суръаташ 9,81 кВт бо иқтидори 1м3м2 сония фишори об зиёдтар майдони электрикӣ ҳосил мекунад. Ин маънои онро дорад, ки агар аз рӯи ин формула генератор сохта шаваду онро дар яке аз неругоҳҳои ҷумҳурӣ насб намоем, чунин натиҷа бояд ба даст ояд: N = (100x9,81x54x0,94) x 9,8кВт = 488 мВт. Ана дар он вақт, барқи иловагӣ ва арзон тавлид хоҳад шуду ҳам аҳолӣ ва ҳам кишвар бо барқи арзон таъмину ба фурӯши берунии он муваффақ мешавем. Албатта, дар он вақт бо татбиқи формулаи мазкур ба ҷойи истеҳсоли қаблии 1кВт барқ 9,8 кВт барқ тавлид хоҳад шуд, ки Ватан фаровон аз барқ мешаваду на ҳоҷат ба ТЭС ва на ба неругоҳҳои атомӣ мемонад, ҳатто шароити комил муҳайё мешавад, ки ҳамаи нуқтаҳои гармидиҳӣ низ, ба ҷойи ҳар гуна сӯзишвории гаронбаҳо танҳо аз барқ истифода баранд.
Мутаассифона, ин пешниҳоди маро сарфи назар аз чандин муроҷиатҳо, феълан ягон ниҳод, аз ҷумла на мутахассисони ширкати “Барқи тоҷик” ва на олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, на бо ҷиддият меомӯзанду на ба эътимод мегиранд. Дар сурати қабул шудани формулаи пешниҳодкардаи ман ва дар ин замина истеҳсол кардани генераторҳо, дар ҳамаи неругоҳҳои барқи обии ҷумҳурӣ истеҳсоли барқ 9,8 маротиба зиёд шуда, ҳам пурра ба талаботи ҷумҳурӣ мерасаду ҳам барои фурӯш ба кишварҳои хориҷӣ!
 
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 15.02.2023 №: 36
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив